Дари хонаи ошно чун ҳамеша кушода буд ва соҳибони манзил моро хуб истиқбол гирифтанд, хеле хурсанд шуданд. Аз ҳама бештар кампири Ниёлбӣ хушнуд буд, ки ҳамкорони Искандар ба дидорбинияш омадаанд...
Оре, фарзанд барои ҳар модар азиз аст, новобаста аз он ки ӯ ҳунарманд аст ё беҳунар, шоир аст ё гумроҳ, олим аст ё нодон. Вале, мушкил аст тасаввур кардан, аҳволи модареро, ки як фарзанди баркамоли худ, як шоири тавонои миллатро хеле бармаҳал аз даст додааст. Шоиреро, ки имрӯз дар пояи эҷод, дарку фаҳмиш, ғурур ва фаросати баланди ӯ каси дигареро пайдо кардан мушкил бувад.
Модар аз Искандар хотираҳои зиёде дорад ва намедонист, ки кадоме аз онҳоро барои мо қисса кунад.
Бештар аз бачагиҳояш мегуфт. Аз даврони мактабхонӣ, аз гаштугузорҳояш дар хона, мактаб ва кӯча. Аз ҷавониҳо, аз овони донишҷӯӣ, аз суҳбату шабнишиниҳо бо дӯстон, устодон ва шоирон.
Мо ӯро аз сидқи дил мешунавем. Воқеан, лаҳзаҳои ширину хотирмон ва фаромӯшнашудании рӯзгори фарзанди барӯмандашро дақиқ ба ёд меорад ва бо сӯзу гудоз қисса мекунад. Албатта, ин ҳамаро шунидану таҳаммул кардан кори мушкил аст. Вале, ӯ ин ҳама дарду ҳасратро таҳаммул менамояд. Зеро, ки модар асту рисолати модарӣ ва офарандагӣ дорад. Дувоздаҳ фарзандро тарбия карда, ба воя расондааст ва ба унвони «Қаҳрамонмодар» шарафёб гардидааст.
Ман эҳсос менамоям, ки дар ин гуфтаҳо, ҳарчанд дард асту фироқ, надомат асту афсӯс, вале боз ифтихор ҳам ҳаст. Ифтихор аз фарзанди бананг, барӯманду баномус ва бонишон. Аз фарзанди шоиру сухандон ва суханофар. Шахсияте, ки дар як фурсати кӯтоҳ тавонист аз худ чун як шоири тавоно, навовару навҷӯ ва бисёр пешқадам дарак бидиҳад. Албатта, ин ҳама барои модар муҷиби ифтихор ва шарафмандист.
Бо мақсади он ки эҳсосоти модарро каме фурӯ биншонаму таваҷҷуҳашро ба сӯи дигар бибарам, аз ӯ мепурсам:
- Аз шеърҳои Искандар донистам, ки Шумо ҳам шеър менавиштаед. Ҳоло куҷоянд ун шеърҳо?
- Шеърҳоро ман бадоҳатан барои ӯ мегуфтам. Бача ҳам, ки буд, ӯро бо шеъру суханҳои қофиядор навозишу дӯстдорӣ мекардам. Ҳангоми дар аскарӣ буданаш ҳам ягон – ягон шеъраш мефиристодам:
Борони баҳору ғузаҳои лошӣ,
Эй бачаи ҷон, ту дар куҷо бошӣ?
Дар ҳар куҷое бошӣ, саломат бошӣ,
Бо гардани каҷи мо бадавлат бошӣ.
Ӯ ҷавоб навишт:
Эй очаи ҷон, ҳамеша бо мо бошӣ,
Моро дили шоду чашми бино бошӣ,
Номи ту Ниёлбӣ асту мо меваи ту,
Гӯё, ки дарахти зиндагиҳо бошӣ.
Ҳангоми дар Маскав таҳсил карданаш, тобистонҳо ба хона меомад. Аз дар даромадан замон, ӯро бо шеър истиқбол мегирифтам:
Хуршеди ховар ояд,
Як даста кафтар ояд,
Нури ду чашми модар
Искандар аз дар ояд…
Гуфтугӯи мо бо шеъру қофия, бо шӯхию ханда ва шоирона буд. Искандар ҳам барои ман шеър мегуфт:
Маҳтоб дар лаби бом
Як коса шири гарм аст.
Овози модари ман
Чун бӯи шир нарм аст.
Дар гӯшаҳои чашмаш
Пайдост чину ожанг,
Гӯё ки дастаи гул
Хушкида дар сари санг…
Искандар дар назар одами камгап менамуд, аммо ҳазлу шӯхӣ, чақ – чақу аскиягӯиро дӯст медошт. Ӯро ҳамин тавр нозбардор калон кардам ва то дами охир ҳамин гуна монд…
Воқеан, Искандар дар шеър бисёр қавӣ буд. Аз модар нахустин устодони ӯро дар шеър донистан хостам.
- Бо ҳама шоирони Кӯлоб хелидаю молида буд, - гуфт модар. - Бо Ашӯр Сафар, Ҳақназар Ғоиб, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Сафар Маҳмуд, Муҳаммад Ғоиб, Сафар Амирхон дӯст буд. Дар солҳои мактабхониаш, аз ҳама зиёдтар бо Раҷабалӣ Назаралӣ (Раҷабалӣ Назар) омаду рафт дошт. Аз Раҷабалӣ ҳуруфоти форсиро омӯхт ва ҳам шеърро. Ин одам як каси одӣ, хоксору заминӣ ва бисёр ширинсухану доно буд. Искандар ӯро дӯст медошт ва шеърҳояшро бештар ба ҳамон кас нишон медод. Устоди аввалинаш ҳамон кас аст…
Модар дар хусуси рӯзгори минбаъдаи Искандар боз гармтару муассир қисса мекард. Аз он ки дар мактаб аъло хонду баъд ба омӯзишгоҳи сохтмон дохил шуд ва онро хуб ба итмом расонд, вале сохмончӣ нашуд. Зеро меҳри шеър ӯро нагузошт, ки ба ин касб бипайвандад ва боз баргашт сари шеър. Бо ҳидояти устодони бузург Ашӯр Сафар, Муъмин Қаноат, Лоиқ, Гулрухсор Искандар ба Маскав рафт ва ба Институти адабии ба номи Горкий дохил шуд, ки он ҷо болаёқаттарин эҷодкорон таҳсил мекарданд. Ҳам таҳсил кард ва ҳам кор. Дар радиои форсии Маскав ба кор пазируфта шуд. Дар як фурсати кӯтоҳ аз худ чун беҳтарин тарҷумон ва донандаи шеъри форсӣ дарак дод. Барои ба русӣ баргардондани шеърҳои шоирони тоҷик талошҳои зиёде ба ҳарҷ дод. Ин айём ӯ яке аз шоирони бисёр тавонои тоҷик буд, ки дар доираҳои адабии Маскав эътироф шуд. Авҷи камолоти эҷодиаш фаро расида буд…
Ӯро ба Душанбе даъват карданд. Дар ин ҷо ҳам мутахассисони маҳаллӣ, ки донандаи хуби забони русӣ буданду шеърро тарҷума ва ё тарҷумаи таҳтуллафз мекарданд, хеле зарур буданд.
Искандар рад накард, пазируфт, вале…
Манзараи ба Душанбе омадани Искандарро бародараш Алишер дар сарсухани китоби ӯ «Косаи шир», ки соли 2009 аз тариқи нашриёти «Адиб» ба табъ расидааст, басо ҷонсӯз қисса мекунад:
«Бародарам дар авҷи бозсозӣ Душанбе омад, барои кор. Дар ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» вазифа гирифт. Дар хиёбони Правда (ҳоло ба номи Саъдии Шерозӣ) хонаи якҳуҷрагие харид ва зист ба танҳоӣ. Ва дид, дигарон барои баҳамоӣ талош меварзанд ва мо сӯи парокандагӣ. Ҳайратзада шуд. Бо шеър ба даъват даромад, даъвати баҳамоӣ. Ва дид, гӯши суханшунав нест. Дубора бор баст ба Маскав. Аз радиои Маскав даромад ба даъвати баҳамоии форсизабонони ҷаҳон. Вале, вале… Ин ҷо – Тоҷикистон ба хун пайваст. Худфаромӯш, ки буд, гӯш ба дигарон дод ва дод доди худро, бо ёрии аҷнабиён. Ва хуни ӯ ҷорӣ шуд, як сӯ ба сӯи Шарқ, як сӯ ба сӯи Ғарб. Ва… Ва хуни Искандари бародари маро ҳам ба зарби табарчае ба ин дарёи хун пайвастанд…»
Ин қисса чун қисмати Искандар ғамангез аст ва ба он ҳарф ва ё ҳиҷо изофа карданро зарур намедонам. Шоир Зиё Абдулло дар ҳамон ҷо, дар ҳамон китоб, барои дӯсташ Искандар, гуфтааст:
Умри шабпаймойи миллат машъали дигар наёфт,
Хуни фарзандон раҳи ӯро чароғон кардааст.
Искандари Хатлонӣ ба ин рӯзҳои фирӯз нарасид, вале умри шеъри ӯ дароз аст. Офаридаҳои зебояш ӯро дар қалбҳои мардуми шеърдӯст, огоҳ ва худшиноси тоҷик зинда медорад. Зиндагияшро фарзанди ҷигарбандаш Анӯша идома медиҳад. Модараш холаи Ниёлбӣ бошад, бо хотираҳои зебои Искандар зинда аст…
А. ЗАРИФӢ,
шаҳри Кӯлоб