Келини азизи самарқандиҳо
Бибиҳанифа, зодаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон бо писараш Файзуллоҷон пас аз пазироӣ бо худрави ӯзбекӣ моро давоми як соат ба Самарқанд расонд. Нахуст дар хусуси ин хоҳар бояд бароятон гӯям, чун аз манфиат холӣ нест. Зеро ӯ тавонистааст, ки дар як гӯшаи дур аз диёри хеш ба дилу дидаи на танхо аҳли ин хонавода, балки ҳаққу ҳамсояҳо низ роҳ ёбад. Зани хонадор, кадбонуи моҳир, завҷаи мушфиқу модари меҳрубон ва дар тарбияи фарзандон ҷиддӣ, бо наздикону пайвандон ва атрофиёнаш хушмуомила баҳо доданд ӯро. Ростӣ, вақте аз забони самарқандиҳо тавсифи ӯро шунидем, хеле хурсанд шудем, ки духтарони тоҷик иффату одоб ва рафтори хуши худро дар ҳама ҷо нигоҳ медоранд. Бибиҳанифа ҳамагӣ то синфи 10 дар мактаб хонда боҳад ҳам, таҷрибаву малакаи хуби корӣ ӯро то сарварии яке аз озмоишгоҳҳои заводи коркарди мева расондааст. Дар корхона ҳам дӯсташ медоранду ҳурматашро ба ҷо меоранд.
–Бо мардуми таҳҷоӣ унс гирифтаву урфу одати моро хуб аз бар карда, муҳимтар аз ҳама нони самарқандию хӯрокҳои лазиз пухта метавонад,- шӯхиомез мегӯяд шавҳараш Нормурод.
Хоҳарони Нормурод Анзурату Истода янгаи худро чун як зани ҳунарманду тозакор ситоиш мекунанд. Воқеан, фазои хушоянди ин оила, ки пойдевори он ба ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, хоксориву фурӯтании як тоҷикдухтар рабт дошт, яке аз беҳтарин таассуроти ин сафар бароямон маҳсуб меёфт. Бибиҳанифа соҳиби келину домод, набераҳои дӯстрӯ асту гоҳ- гоҳе машқи шеър мекунад. «Ростӣ, дилам ба ёди Ватан гум мезанад, модару фарзандони падарро пеши рӯ меораму шеър менависам»,- мегӯяд ин бону.
Бояд дид…
Дар ҳақиқат аз Самарқанду Бухоро бояд ҳар тоҷики асил дидан кунад, ин хулосаи аввалу охири ман баъд аз тамошои ин ду шаҳри азим буд. Нахуст гузори мо ба оромгоҳи Хоҷа Аҳрори Валӣ афтод. Бале, ин ҳамон Хоҷа аст, ки солҳои 1432–33 шомили Ҳисор шуда, аз Мавлоно Яъқуби Чархӣ асосҳои тариқати накшбандияро омӯхт ва онро дар Тошканду Самарқанд ҷорӣ намуд. Оромгоҳи ӯ дар паҳлуи мадрасае, ки эшон ба шогирдонаш дарс мегуфт, қомат афрохта, имрӯз ба зиёратгоҳи ҳазорон ихлосмандону сайёҳони хориҷӣ табдил шуда. Мо баъд аз боздиди боғи фарҳангу фароғат ва Донишгоҳи тиҷорати Самарқанд, ки садҳо ё зиёдтар ҳамватанони мо дар он ҷо таҳсил кардаанд, ба зиёрати турбати донишманди маъруфи садаи 9–10 Абуабдуллоҳ Муҳаммад-ал Бухороӣ меравем. Олиме, ки дар 16-солагӣ аз Маккаву Мадина дидан карда ва чор соли расо он ҷо монда, аз донишмандони маъруфи давр ҳадису Қуръон омӯхт. Воқеан, дар ин тамошогаҳ анбуҳи одамон хеле ва хеле зиёд, то ҷое ки ҳангоми вуруд чанд дақиқа навбат ҳам поидем.
Рӯ ба рӯи Регистон муҷассамаи аввалин президенти Ӯзбекистон қомат афрохтааст. Ҳамсуҳбатони мо аз Самарқанд ва дигар шаҳру навоҳии атроф аз президенти собиқ ба некӣ ёд мекунанд.
Дар Самарқанд навад дарсади худравҳо, ҳатто тамғаҳои боркашу мусофирбари КАМАЗ- у автобусҳо истеҳсоли ватанианд. Соҳаи саноату кишоварзӣ дар шаҳр ва атрофи он рушд кардаву ҳазорҳо сокинони маҳаллиро бо ҷои кор фаро гирифтааст. Мардум ин ҳамаро ба қудрату тавоноии президенти собиқ нисбат медиҳанд, аммо аз нақши шаҳрофарӣ ва ободгароиҳои президенти кунунӣ, хусусан таҳкими робитаҳои ҳамҷаворӣ ва ҳамсоядорӣ хурду бузург беҳад шоду сарфарозанд.
Боздид аз мадрасаҳои Регистон ва атрофи он, маҷмаи Шоҳи Зинда (Қуссам ибни Аббос), ба кас ҳузуру ҳаловат мебахшад. Ин ҷо ҳам сели одамон мушоҳида мешавад, аммо тартибот ҷорист, касе дигареро нороҳат намекунад. Соҳибони даргоҳ ва ҳам тоҷирони дохилу хориҷи биноҳо бо лутфу хушзабонӣ муносибат мекунанд. Дари ошхонаву чойхонаҳо аз сари субҳ то шом кушода, кадбонуву пешхизматҳо дастҳо пеши бар, нуқлу наво арзону таомҳо дар воқеъ болаззату ба таъриф арзанда. Кадбонуву пешхизматҳо ҳама бо либоси миллӣ пайи коранд, ки ин як рукни пос доштани анъанаҳои ниёкони самарқандиҳо маънидод мешуд.
Хотироти Ҳусейн
Субҳ нав медамид, ки ҷониби Бухоро роҳ пеш гирифтем. Ронанда масофаро наздик ба 300 км рақам зад ва ҳақ ҷониби ӯ буд. Моро то наздикии шаҳри Навоӣ расонду пасон ба худрави дигар савор шуда то Бухоро омадем. Раҳораҳ ба меҳнатқарин будани мардуми Самарқанду Навоиву Бухоро бори дигар тан додем, онҳо аз сидқ дилбастаи коранд, ки баракати дастархонашон афзун шуда. Боғдорию токдорӣ, сабзавоту шоликорӣ ба онҳо ҳалол, заминҳо саросар сабзу хуррам. Дар Бухоро боздиди мо аз маҷмаи меъморию кандакорӣ ва оромгоҳи яке аз асосгузорони тариқати нақшбандия Баҳовуддин Муҳаммад (Баҳовуддини Нақшбанд) оғоз шуд. Ин ҷо ҳам чун зиёратгоҳҳои Самарқанд мардум навбат мепоянд. Дохили ин маҷмаа саду як ҷои диданӣ дошту ҳазорҳо сафҳаи таърих дар онҳо нуҳуфта. Баҳовуддин аз донишмандони асри 13–14 буда, зодаи Бухоро ва бештари ҳаёташро дар ин хитта ба сар бурдаву аз олам гузаштааст. Баъд аз тамошои Бухорои куҳан, сари ҳавзу мадрасаҳо, чойхонаву работ ва тахти амир сари қадам аз макотиби олии Бухоро дидан мекунем, онҳо пайи ҳам ҷойгиранд ва дару деворҳо аз нақшу нигор, кандакориҳои самарқандиву бухороӣ истифода шудаанд. Шаҳр, агарчӣ гарм аст, кӯчаву хиёбонҳо тозаву обзада, сари ҳар қадам бӯи хуши райҳон ба машом мерасад. Дар Бухоро ин растаниро дар ҳама кунҷу канор киштаанд, мардум аз бӯи хушаш эҳсоси лаззат мебаранд. Дар Бухоро ҳам тоҷикони муқимӣ хеле зиёданд ва ҳар кадом ба худ шуғле доранд. Ин ҷо ҳам аз боз шудани сарҳадҳо бо мамнуният сухан мекунанд. Аснои ин сафар бо Ҳусейн ном ҷавони бухороӣ во хӯрда, аз суҳбату хотираҳояш маънӣ бурдем. Ҳусейн чун фаҳмид, ки аз Тоҷикистонем, аз Сарвари давлатамон ва аз маҷлиси васеи соли гузашта дар Кохи Борбад ёд оварда мегуфт: «Насиҳатҳои Президенти шумо ба писараш маро хеле хуш омад, ки таъкид дошт: «аз ҳоли мардуми одӣ воқиф шав, ба хонаи онҳо рав, чою нони эшонро беминнат мехӯрӣ». Ман ин сабтҳоро бо худ мегардонам, доим ба дӯстон ва наздиконам мефаҳмонам, ки бояд ҳамин хел шуд.
Чанде пеш ба Душанбе рафтам, дар ҳақиқат шаҳри зебову дилоро. Биноҳои хуштарҳу замонавӣ, фаввораҳои дилписанд, Худо хоҳад боз меравам, пойтахти Тоҷикистон ба ман сахт писанд омад...
Ростӣ, аз Бухоро баъди тамошову шунидани хотираҳои Ҳусейн ва суҳбату мулоқот бо мардуми хубаш дил кандану бозгаштан душвор буд. Банди ёдҳо, болидарӯҳ чӣ тавр аз Когон савори қатора то ба Самарқанд расиданамонро нафаҳмида мондем.
Рустами НАЗИР,
Душанбе-Самарқанд-Бухоро