Сабринаи Файзулло-хонандаи синфи 5 гимназияи №1 ба номи Низомии Ганҷавии шаҳри Душанбе бори дуюм аст, ки ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» меояд. Ба ӯ бештар боду ҳавои истироҳатгоҳ, бозиҳои «Офарин» ва озмуни «Маликаи Шарора» писанд афтода. Дар басти аввал дар озмуни «Маликаи Шарора» ғолиб набаромад, мехоҳад ин навбат ба қасди пирӯзӣ дар ин озмун довталабона ширкат варзад.
Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора», ки зерсохтори шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мебошад, дар як макони барҳаво ҷойгир буда, ҳамасола кӯдакону наврасони зиёде ба ин ҷо меоянд. Истироҳатгоҳи мазкур соли 1970 таъсис ёфтааст. Дар як баст 180 нафар хонандаро қабул намуда, як мавсими он 4 бастро дар бар мегирад.
- Солҳои пеш барои як рӯзи истироҳаткунанда 14–20 сомонӣ аз ҷониби ноҳия ҷудо мегардид. Ҳоло бошад, ин миқдор ба 25 сомонӣ расидааст, ки барои истироҳати хуби кӯдакону наврасон мусоидат менамояд. Ин маблағ таъйиноти таъмини ғизои наврасонро дорад, ки дар як рӯз 4 маротиба омода карда мешавад,-гуфт дар суҳбат бо мо Қурбон Гулов, директори истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора».
Ҳангоме ки дар тафреҳгоҳи мазкур қарор доштем, басти дувум рӯи кор буд. Дар ин баст 80 нафарашро наврасони ятиму нимятими муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва 20 истироҳаткунандаи дигар аз хона-интернати №4 ташкил медоданд. Боқимонда 80 нафар кӯдакону наврасон аз оилаҳои камбизоат ва аълохонҳои мактаб ба шумор мерафтанд.
Масъулон, мураббиёни «Шарора» кӯдакону наврасонро бо қоидаҳои будубош, барномаҳои тафреҳӣ, фарҳангию фароғатии пешбинишуда шинос намуда, ҳамарӯза чорабиниҳои гуногунро рӯи даст мегиранд. Мусобиқаи варзишии гуногун таҳти унвони «Офарин» ва ҳамчунин футбол, тенниси рӯйи миз, шеъру таронахонӣ, навиштани мақола ва иншо, шоми тамошои филм, рақсу бозӣ ва шоми мураббиҳо аз он чорабиниҳое маҳсуб меёбанд, ки давоми 12 рӯзи истироҳат гузаронда мешаванд. Дар баробари ин, озмунҳои «Маликаи Шарора» (миёни духтарон), «Ситораи Шарора», «Ҳозирҷавобон», «Беҳтарин даста», «Ало, мо истеъдодҳоро меҷӯем» ва «Китобхони беҳтарин» баргузор мегарданд, ки ба истироҳату фароғати кӯдакону наврасон шодии дигар зам месозанд. Давоми 12 рӯзи истироҳат як рӯзи он ба саёҳати табиат ҷудо гардидааст, ки ҳатман кӯдакону наврасон ба кӯҳу саҳро рафта, тибқи нақша бояд ҳар истироҳаткунандаи бастҳо парчамеро ба баландӣ бурда гузорад. Ҳангоми дидан намудан аз истироҳатгоҳ бо духтароне шинос шудем, ки дар озмуни «Рассоми беҳтарин» ғолибиятро ба даст оварда буданд. Судоба Қурбонова, хонандаи мактаб-интернати №4 шаҳри Душанбе яке аз он ғолибоне дониста мешавад, ки ҳамасола таътилашро дар ин ҷо сипарӣ менамояд.
- Дар баробари боду ҳавои форам, ба ман бештар машғулиятҳояш писанд аст. Реҷаи рӯзи худро дорад ва ҳар дақиқаи вақти мо беҳуда паси сар намегардад. Ҳамин буд, ки дар озмуни «Китобхони беҳтарин» ҷойи аввал ва дар озмуни «Рассоми беҳтарин» зинаи дувумро касб намудам. Бояд бигӯям, ки саёҳат ба кӯҳсор низ мақбули дилҳост. Чунки бо табиат аз наздик ошно мешавем,-таассуроти хешро изҳор дошт Судоба.
Барои дидорбинии фарзандон волидон низ ташриф меоранд. Дар саҳни истироҳатгоҳи «Шарора» падару модари Муҳаммадҷонро дидем, ки бо писар гарму самимӣ суҳбат намуда, аз вазъи сиҳативу саломатӣ ва рафти фароғаташ пурсон мешуданд. Мо низ хостем бо онҳо ҳамсуҳбат шуда, фикрашонро оид ба истироҳатгоҳ бипурсем. Модари Муҳаммадҷон Саодат Саидова бо як хушнудӣ гуфт:
- Ростӣ, дар миқёси ҷумҳурӣ имсол чун солҳои пешин истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии зиёде мавҷуданд, ки кӯдакону наврасонро фаро мегиранд. Аммо, пеш аз он ки ман фарзандамро ба истироҳатгоҳи «Шарора» биорам, аз шарту шароиташ ошноӣ пайдо намудам. Бештар рафтори мураббияҳо ва ҷиҳати беҳдоштии он писандам омад.
Дар истироҳатгоҳи «Шарора» 32 нафар хидматгузор бо шумули сармураббӣ, мураббияҳо, табибон, ошпазу нонпаз ва гурӯҳи ҳунарӣ фаъолият мебаранд. Барои беҳдошти саломатӣ ва эмин будан аз ҳар гуна бемориҳо духтур Нозигул Тағоева пайваста дар хизмат аст. Ӯ ҳамарӯза пеш аз наҳорӣ тамоми хӯрокҳоро аз назар гузаронда, рахти хоб ва макони сайругашти кӯдакону наврасонро таҳти назорати доимиаш қарор медиҳад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, як лаҳза беаҳамиятӣ метавонад ҳаёти кӯдакону наврасонро зери хатар гузорад. Ба гуфтаи Нозигул, тайи ду соле, ки дар истироҳатгоҳ хидмати тиббӣ мерасонад, касе аз наврасону кӯдакон аз бемории вазнин шикоят наовардааст. Сабаби эмин будан аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ва мавсимиро ӯ дар пешгирӣ намудани он мебинад.
- Хушбахтона, тайи чанд соле, ки таҳти назорати мо қарор доранд, мубталои ягон намуди бемории вазнин нагардидаанд. Чунки рахти хоб, ҳаммом ва дохили ошхонаву ҳуҷраи хобашон бо маҳлули хлор тоза карда мешаванд. Дар баробари ин, баъд аз оббозӣ дар ҳавзи шиноварӣ ва вақти хоб рафтан пойҳои онҳоро бо маҳлули 1 фоизаи хлор мешӯем, то олудаи ягон намуди микробҳо нашаванд. Инчунин, ба онҳо аз меваҷоте, ки пурра пухта набошад, намедиҳем. Масалан, дар басти аввал, ки то 1-уми июлро дар бар мегирифт, ба кӯдакону наврасон тарбуз дода намешуд. Зеро, онҳо бо воситаи нуриҳои минералӣ пухта мерасанд ва ҳатман ба кӯдакону наврасон зарари худро мерасонанд, - иброз дошт Нозигул Тағоева.
Бино ба оморҳо, дар соли ҷорӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 54 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ фаъолият менамояд, ки 23 ҳазору 622 нафар кӯдакону наврасонро фаро гирифтааст. Тавре директори муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳри Душанбе Умед Сафарзода, ки назорати истироҳатгоҳҳо бар дӯшаш аст, иброз дошт:
-Дар мавсими соли 2018 дар ҷумҳурӣ 1519 лагери наздимактабӣ бо фарогирии 114 ҳазору 992 нафар, 245 лагери меҳнатӣ-истироҳатӣ бо фарогирии 11 ҳазору 730 нафар, 2 лагери санаторӣ бо фарогирии 55 нафар, 113 лагери варзишӣ-беҳдоштӣ бо фарогирии 5 ҳазору 595 нафар, 112 лагер барои хонандагони синфҳои болоӣ бо фарогирии 17 ҳазору 342 нафар фаъолият менамоянд. Шумораи умумии истироҳатгоҳҳо 2045 адад буда, 173 ҳазору 336 нафарро фаро гирифтаанд. Аз ин теъдод, 1 ҳазору 150 нафари онҳоро кӯдакони ятиму бепарастор ва 2 ҳазору 850 нафарро кӯдакони оилаҳои камбизоат ташкил медиҳанд. Ин ҳама ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба насли ояндасози Ватан имконпазир гардидааст.
Шаҳдрезаи РАҲМОН,
ноҳияи Варзоб