Айни ҳол 220 кӯдак дар ин муассиса омӯзишу парвариш мебинад, аммо бештар аз дусад волидони дигаре номнавис шудаанд, ки мехоҳанд фарзандонашон дар ин кӯдакистон тарбия гиранд. Ин дар ҳолест, ки дар шаҳр 5 кӯдакистон ва 17 маркази рушди барвақтии кӯдак фаъолият мекунанду нахустин кӯдакистонҳои хусусӣ таъсис ёфтанд.
-Асрори таваҷҷуҳи афзояндаи волидонро ба ин кӯдакистонатон дар чӣ мебинед?
-Шаст сол пеш ба ин нахустин боғчаи бачагона дар шаҳр 180 кӯдак қадам гузошт. Айни ҳол ба таълиму тарбияи кӯдакон дар ин ҷо 14 мураббия, 2 омӯзгори мусиқӣ, 1 муаллимаи забони русӣ машғуланд. Дар маҷмӯъ дар кӯдакистон 38 нафар ба атфол хизмат мерасонад. Кӯдакон се вақт бо ғизо таъмин буда, машғулиятҳо дар 9 гурӯҳ вобаста ба синну соли кӯдакон гузаронда мешаванд.
Машқи пагоҳирӯзӣ, субҳона, чошт, таоми нисфирӯзӣ, сайругашт ва бозӣ, фароғату истироҳат, тадбирҳои беҳдоштӣ, машғулиятҳои меҳнатӣ, расмкашӣ ва мусиқӣ асоси таълиму тамринҳоямонро ташкил медиҳанд.
Ҳоло сохтмони бинои нави иловагии дуошёнаи кӯдакистон барои 100 кӯдак идома дошта, мавриди истифода қарор гирифтани он рӯйдоди деринтизори иҷтимоӣ хоҳад буд. Дар ин бино барои кӯдакон тамоми шароитҳои замонавӣ, аз ҷумла ҳавзи шиноварӣ мавҷуд аст.
Раванди таълим дар кӯдакистон мутобиқи барномаи тарбия, таълим ва инкишофи кӯдакони синни томактабии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф «Рангинкамон» ба роҳ монда шудааст.
Афроди зиёди обрӯманди шаҳр, вақте ки аз пеши кӯдакистон мегузаранд, аз даврони тифлиашон дар ин ҷо бо миннатдорӣ ёд меоранд. Мо, кормандони муассиса, ҳифзу таҳкими шуҳрати нахустин кӯдакистони шаҳрӣ ва анъанаҳои беҳтарини онро бароямон шараф медонем.
Аз 52 тарбиятгирандаи мо дар асоси озмун имсол 25 нафар ба литсейи Оғохон ва 16 нафар ба мактаби президентӣ қабул шуданд, ки ин нишондиҳандаи хуб буда, самарабахшии усулҳои таълиму тарбияро дар муассисаамон собит месозад ва волидон инро қадр мекунанд, - мегӯяд мудири кӯдакистон.
- Кӯдакистон бо волидон чӣ гуна ҳамкорӣ дорад?-мепурсам аз Наргис Диловаршоева, яке аз волидоне, ки фарзандонашро дар кӯдакистон гузоштааст.
- Муассиса бо волидон ҳамкории хуб дорад. Дари ҳуҷраи кории мудир ҳамеша ба рӯйи волидон боз аст. Мудир ва мураббияҳо ҳар субҳ бо падар ва ё модаре, ки кӯдакашонро мебиёранд, дар саҳни ҳавлӣ суҳбат менамоянду аз розу ниёзи кӯдакон пурсон мешаванд. Агар лозим ояд, мураббияҳо баъзан як ё ду соати дигар пас аз анҷоми кор бо кӯдакон мемонанд, зеро баъзе волидон бинобар банд будану серкорӣ наметавонанд сари вақт барои гирифтани кӯдакашон биёянд. Муносибати хуб ва таҳаммулпазирӣ боис шудаст, ки волидон дар навбати худ мекӯшанд ҳаматарафа ба муассиса ёрӣ расонанд. Волидон ба таври ихтиёрӣ дар омӯзиши забони англисӣ ба тарбиятгирандагон, таҳияи намоишномаҳо ва барномаҳои консертии бачагона ширкат меварзанд.
Саҳми молиявии волидон сарфакорона барои боз ҳам беҳтар намудани сифати ғизои кӯдакон истифода мешавад. Мо аз сатҳу сифати таълиму тарбия дар кӯдакистон розӣ ҳастем ва то ҷойе аз дастамон ояд, дасти мададро аз муассиса дареғ намедорем.
Дунёи кӯдакистони Қаҳрамонмодар
Овони тифлии Мону дар кӯдакистоне гузашт, ки тарбиятгирандагони он 18 нафар буданд. Нуҳ хоҳар ва нуҳ бародар таҳти сарпарастии волидони меҳрубонашон Қаҳрамонмодар Шакархотун Додалишоева ва шавҳараш Алихон Ҷумъахонов.
Падар дар рӯзномаи «Бадахшон» эҷод мекарду модар дар матбаа барои шумораҳои нави рӯзномаҳо ҳуруф мечид. Хонаводаи серфарзанд ҳақиқатан кӯдакистонро мемонду Мону фарзанди 10-уми хонавода таҳти сарпарастии волидон ва ғамхории хоҳарону бародарони калонсол ҳеҷ душворӣ эҳсос намекард.
-Волидон моро чунин тарбия карданд, ки ҳар кадом вазифаи худро доштем. Яке ҳавлӣ мерӯфт, дигаре таом мепухт, савумию чорумӣ аз пайи обу ҳезуму гову гӯсола мерафту панҷумӣ алаф меовард ва дигаре ба хоҳаракону додаракон нигоҳубин дошт. Ман меҳрубонии хоҳарону бародаронамро ба хубӣ эҳсос кардам ва чун калонтар шудам, нигоҳубини хоҳаракону додарони хурдсол ба зиммаи ман афтод ва ба қавле мураббияашон шудаму вазифаамро бо камоли масъулият иҷро менамудам ва аз ин имтиҳони нахустини зиндагӣ гузаштам, - ёдовар мешавад М. Ҷумъахонова. Қаҳрамонмодар 36 сол яке аз кормандони зарбдори матбааи вилоятӣ буду занон кӯшиш менамуданд, ки дар кору рӯзгор ба ин бонуи матинирода баробар шаванд.
Дар дунёи рангини кӯдакистони ин хонавода муҳити шавқу завқ ба хондан ва меҳнатдӯстиву эҷодкорӣ ҳукм меронд. Бесабаб нест, ки ҳама фарзандони хонавода соҳиби дипломи макотиби олӣ гардиданд ва бо касбу корашон дар ҷомеа мақом ва иззату обрӯ ёфтанду М. Ҷумъахонова яке аз онҳост. Ӯ худ чор фарзанд тарбия кардааст ва сокинони шаҳр мегӯянд, ки агарчӣ дар ин сабқат ба Қаҳрамонмодари соҳиби 18 фарзанд баробар намеояд, дар заҳматписандӣ, инсонгарӣ, кордонӣ ва меҳнати ҳалолу натоиҷи он номбардори модар аст.
Духтари арзандаи Қаҳрамонмодар орзуи мураббия шуданро дошту ба ин хотир таҳсилоти олиро интихоб кард. Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлобро бо ихтисоси педагог-психолог дар соли 1987 хатм намуду дар кӯдакистони шаҳри Хоруғ зуд кор ёфт, зеро дар ин ҷо ба мутахассиси равоншинос ниёз доштанд. Бо гузашти соле издивоҷ кард ва бо шавҳараш ба шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) кӯчид. Дар ҷойи нав низ мутахассиси ҷавон дар кӯдакистон ба ҳайси мураббия ва равоншинос фаъолияти касбиашро идома дод, пас аз бозгашт ба зодгоҳаш ҳамчунин ба олами рангини кӯдакон пайваст.
Кӯдакон бояд озод ва эҷодкор бошанд
- Мураббӣ аз назари Шумо бояд чӣ гуна бошад? - мепурсам аз мудири кӯдакистон.
- Кӯдакон олитарин офаридаи рӯи заминанд. Ин офаридаро азиз доштану суфта кардан ва парваришу тарбия намудан вазифаи падару модар ва мураббияҳову омӯзгорон дар тӯли инкишофи кӯдак аст. Меҳру муҳаббат ва эҳтиром ба кӯдакон бояд дар қалби мураббӣ ҷой дошта бошаду мураббӣ битавонад бо лаҳни ширин ва муомилаи хуб дили онҳоро ба даст биёрад. Кӯдак ҳассос аст ва муносибати рӯякиро намепазирад. Мураббиёнро дар асоси озмун аз рӯи ихтисос ба кор қабул намуда, онҳоро ба ҳампешаҳои соҳибтаҷриба вобаста менамоем, то нозукиҳои касбро омӯзанд ва таҷруба кунанд. Мураббиёни кӯдакистонро барои сайқал додани маҳорати педагогиашон пайваста ба нишастҳои омӯзишӣ ва курсҳои такмили ихтисос мефиристонем. Волидон қиматтарин дороиашон – фарзандашонро ба мо бовар мекунанд ва ба ин эътимод сазовор буданро рисолати худ медонем. Барои кӯдакон фазои мусоидеро фароҳам созем, то худро озод ва эҷодкор эҳсос кунанд. Танҳо дар муҳити озод ва эҷодкорӣ кӯдак рушд мекунад, - иброз дошт Мону.
Зимни суҳбату табодули афкор маълум гашт, ки дар оянда камбуди фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ пурра бартараф шуда, ба ин мақсад танҳо дар шаҳр бо ҷалби сармояи хусусӣ то 10 кӯдакистони замонавӣ бунёд меёбад. Яке аз чунин кӯдакистонҳои замонавӣ дар арафаи ҷашни 27 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Вале, аз ташвишу тараддудҳо ва фаъолияти пурсамари мудирият ва мураббияҳои кӯдакистони рақами як кас чунин рамз мегирад, ки алорағми рақобати афзоянда ин кӯдакистон нахустин ва беҳтарин боқӣ мемонад.
Ш. МИРЗОҶАЛОЛ,
шаҳри Хоруғ