Иқдоми Сарвари давлат бобати эълон намудани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» идомаи тарроҳии барномаҳои ҷадиди давлатӣ арзёбӣ меёбад, ки ҳам дар самти фарогирии занону духтарон ба фаъолиятҳои музднок ва ҳам таъмини бозорҳои дохилу хориҷ ба маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ нақши ниҳоят калон мебозад.
Масдари эҷод
Заҳматкашони гуногунтабори ноҳияи Ҷайҳун дар баробари рушду ривоҷи соҳаи кишоварзӣ ба эҳёи ҳунарҳои қадимаи аҷдодии хеш низ саъю кӯшиши беандоза доранд, зеро сӯзанию абзори дастбоф, ороишоти занонаву дигар дастранҷҳои ҳунарии онҳо дар ҳама давру замон харидори худро дорад. Намоди мӯдҳои сару либоси бадахшонӣ ва маҳфилу гӯшаҳои фарҳангии ноҳияи Ҷайҳун ба номи ҳунарпарвари 70 солаи ноҳия Бегим Зиннатшоева тавъам аст, ки маҳсули дастони пурэъҷозаш дар тамоми гӯшаву канорҳои ноҳияву фаротар аз он ба назар мерасад.
Пешаи аҷдодӣ барои ин бонуи соҳибҳунар натанҳо василаи таъмини рӯзғор, балки рисолатест, ки расонидани фарҳангу ҳунарҳои қадимии миллиро ба наслҳои оянда амалӣ менамояд. Ӯ, ки дар лаҳзаҳои мушкили зиндагӣ ба туфайли дастони пурэъҷозаш ризқу рӯзӣ ёфтааст, омӯзиши ҳунарҳои қадимиро ба наслҳои оянда шарти муҳим мешуморад. Соли 1954 вақте аз ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба ин минтақаи гармо муҳоҷир шуданд, таваҷҷуҳи зодмандони Бегим ба ривоҷу равнақи ҳунарҳои хонагӣ бештар гардид. Чунки дар макони нав талабот ба дастранҷҳои ҳунарӣ ба ҳадде зиёд буд, ки мардум барои хариди сӯзанию дигар сару либоси миллӣ паси дарвозаи бофандаву дигар ҳунармандон навбат мепоистанд. Аз ҳамон давраҳо Бегими наврас ҳамчун ҳунарвари моҳир миёни мардум ва доираи косибони ноҳия маъруфият пайдо кард ва то имрӯз бо заҳмати шаборӯзию саъю талоши ҳамешагӣ боварию эътимоди мардумро сазовор аст.
Ҳикмати «Ҳунар чашмаи зояндаву давлати поянда»-ро дар марҳилаҳои гуногуни ҳаётӣ таҷриба намудаам,- ба қисса оғоз намуд бонуи соҳибҳунар. - Ҳатто дар солҳои нооромиҳои кишвар, ки мардум аз норасоии маошу озуқаворӣ азият мекашиданд, мо туфайли ҳунармандиҳои хонагӣ ризқу рӯзӣ пайдо мекардем. Инсон мавҷуди пурмуаммоест ва саропои вуҷудаш чашмаи истеъдод асту тору пудаш масдари эҷод. Ва барои зиндагии шоиста дар ин диёри биҳиштосо барои инсон касби ҳунаре кифоят асту андешаи солим то аз маҳсули эҷоду офаридаҳои худ хушбахту масъуд бигардад.
Ошёнаи қуддус
Ҳудуди беш аз ним асраи фаъолияти косибӣ ба садҳо бонувони ноҳия маҳорати бофандагию ҳунарҳои зебои мардумиро омӯхта, онҳоро ба дарёфти шуғлҳои музднок роҳнамоӣ мекунад. Алъон ӯ дар кулбаи хоксоронаи хеш якҷоя бо сунҳораш Гулрӯ Зиннатшоева даҳҳо навъ сару либоси миллӣ омода намудааст. Ҳарчанд шумори тоқию сарбанд, абзори бофандагӣ ва ороишоти гуногуну дастранҷҳои ҳунарии онҳо дар як дукону мағоза нағунҷанд ҳам, лекин рӯзе нест, ки аз шуғли дӯстдоштаи хеш мураххас шуда бошад.
-Аз ин ҳам бештар сару либосу ороишоти занона тайёр карда метавонем, агар имкони дар бозори марказӣ ба фурӯш гузоштани онҳоро дошта бошем,- бо итминон изҳор медорад Гулрубону. - Дар рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ он гаҳ муваффақ метавон шуд, ки дастгириҳои молию дигар грантҳои молӣ бевосита ба аҳли ҳунар равона гардад, вагарна маблағгузории лоиҳаҳое, ки муаллифонашон аз ин кору касабаҳо фарсахҳо дуранд самарае нахоҳад дошт.
Дар ҳамин ҳол Суман Тоҷиддинзода, сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Ҷайҳун, иброз медорад, ки дар соли гузашта 2 нафар соҳибкорзан ғолибони грантҳои президентӣ ва 1 бонуи корсоз соҳиби гранти раиси вилоят гардидаанд. Як сол аз ин қабл, чаҳор нафар ҳунармандони ноҳия бо истифода аз грантҳои мазкур фаъолиятҳои гуногуни истеҳсолиро ба роҳ монда буданд. - Хонаводае нест, ки бонуи он аз малакаи гулдӯзию бофкориҳо пухтупазу дигар ҳунарҳои миллӣ бархӯрдор набошад, вале барои ташкили коргоҳҳои ҳунарварӣ ва ба бозор баровардани дасткориҳои пешаварон занони деҳро ҳисси ташаббускорӣ мебояду маҳорату заковати корсозӣ.
Ганҷи ниҳони Ҷайҳун
Тибқи маълумотҳои оморӣ аз 65 ҳазору 835 нафар занони ноҳияи Ҷайҳун 39 ҳазору 370 тани онҳо қобили меҳнатанд. Дар ҳоле ки бори заҳмати соҳаи кишоварзиро аслан занону духтарон бар дӯш доранд, мебояд диққати асосиро ба бозомӯзию такомули донишу таҷрибаи эшон дар ин ҷода равона намуд, то деҳқони заҳматкаш натанҳо истеҳсолкунандаи маҳсулоти хом, балки имкони коркарди меваю сабзавоту дигар маҳсулоти кишоварзиро низ дарёбад.
- Кадбонуҳои дилхоҳ хонаводаи рустоҳои Ҷайҳун аз санъати коркард ва бандубасти меваю сабзавот ба хубӣ огаҳӣ доранд, вале роҳу равиши ба бозор баровардани маҳсулоти худро намедонанд,- иқрор меояд Гулрӯ Зиннатшоева. Аз ин лиҳоз, пеш аз бунёди коргоҳҳои истеҳсолии маҳсулоти хонагӣ бояд курсҳои касбомӯзиро ба роҳ монду донишу салиқаи занонро дар самти тиҷорату соҳибкорӣ баланд бардошт.
Айни ҳол бо роҳбарии Гулрӯ Зиннатшоева дар маркази ноҳияи Ҷайҳун Маҳфили дастони моҳир амал менамояд, ки дар он то 30 тан ҳунарҷӯёни ҷавон маҳорату истеъдоди худро сайқал медиҳанд. Ҳунармандони ноҳия элон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро чун муждаи эҳёи ҳунарҳои қадимаи миллӣ пазируфтаанд, ки ба рушду ривоҷи ҳунармандиҳо дар кишвар имкони шароит фароҳам меорад.
Ҷ. УСМОН,
ноҳияи Ҷайҳун