Истодаой Турсунова зодаи шаҳри Панҷакент ва фориғултаҳсили Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин мебошад. Соли 1983 баъд аз хатми Донишгоҳ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷову макон ихтиёр карда, дар мактаби миёнаи рақами 6 ба кори омӯзгорӣ мепардозад. Аммо оғози ҷанги шаҳрвандӣ ӯ ва аъзоёни оилаашро мисли ҳазорҳо тан аз хонаву кошона маҳрум месозад. Муддате аӽли ин хонавода ба зодгоҳи Истодаой шаҳри Панҷакент омада иқомат мекунанд. Соли 1996 шавҳараш дар шаҳри Бешкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷои кор меёбаду онҳо ба Қирғизистон кӯч мебанданд.
Дар муӽити нав ӯ корро дар дафтари Созмони точикони Қирғизистон оғоз мекунад. Маҳз бо талошҳои ӯ дар ҳамбастагӣ бо фаъолони Созмони тоҷикон ва дастгирии бевоситаи Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон, Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони дунё - «Пайванд» беш аз 350 нафар хатмкунандагони синфҳои тоҷикии Қирғизистон барои идомаи таҳсил ба донишгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд равона гардиданд.
- Онҳо бо стипендияи Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, бидуни пардохти маблағ, омӯзиш дида, дар оянда ҷиҳати таҳкими пояҳои забону фарҳанги тоҷик дар Қирғизистон хидмат хоҳанд кард. Ҳоло дар Қирғизистон 3 мактаби тоҷикӣ фаъолият доранд. Дар 5 мактаби дигар синфҳои тоҷикӣ амал мекунанд, - мегӯяд Истодаой.
Муаллима дар мавриди чӣ тавр сазовор шуданаш ба унвони Аълочии соӽаи маорифи Тоҷикистонро чунин қиса мекунад:
- Соли 2010 бо пешниҳоди раёсати созмони тоҷикон, ҳимояти Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон ва масъулини Анҷумани «Пайванд», Вазорати маорифи Тоҷикистон бандаро бо унвони «Аълочии маориф» ифтихорманд намуд. Албатта, ин қадршиносӣ одамро дилгарм сохта, рӯҳбаланд менамояд.
Дар Қирғизистон бошад пас аз як сол унвони «Аълочии фарҳанг» - ро медиҳанд, ки онро чун рамзи қадршиносии мардуми қирғиз меҳисобад.
- Телевизиони давлатии Қирғизистон ва як ширкати телевизиони Туркия оид ба рӯзгори тоҷикон дар ин сарзамин чор филми мустанад таҳия кард. Банда дар доираи имконоте, ки доштам, дар таҳияи ин филмҳо саҳм гузоштам. Хушбахтона, намоиши филмҳо дар Қирғизистон ва Туркия мавриди қабули гарми тамошобинон қарор гирифт. Ғайр аз ин телевизиони давлатии Қирғизистон низ «Аллаи модари тоҷик» ном филми кӯтоҳеро ба навор гирифт, ки дар офариниши он низ саҳм доштам. Шояд ин амалам сабаб шуда бошад, ки бароям унвони аълочии фарҳангро лоиқ диданд, ҷои шукру сипос аст, ки заҳматҳои ночизи маро қадрдонӣ мекунанд, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Дар намоиши сару либос ва таомҳои миллии тоҷикӣ, ки зуд-зуд дар шаӽрҳои гуногуни ин давлат доир мегардад, фаъол аст.
Дар мавриди оилаву фарзандон И.Турсунова мегӯяд:
- Шавҳарам Қодиршоҳи Мурувват аз ҷумлаи фаъолони созмони тоҷикон маҳсуб меёбад. Ӯ муовини раиси Созмон ва ҳамзамон сардабири нашрияи тоҷикии «Паёми Ала Тоо» мебошад. Дар ин нашрия, ки ягона рӯзномаи тоҷикӣ дар Қирғизистон аст чун мусаҳҳеҳ ба шавҳарам кӯмак мерасонам ва саӽифаи «Одобнома»-и ин нашрияро таӽия мекунам. Фарзандонам Сомон, Наргис ва Сарвиноз таҳсилдидаанду соҳибтахассус. Соҳиби хонаву дари ободанд. Соли 1993 манзили дуҳуҷрагиамонро, ки комилан ғорат шуда буд, дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа, ба ивази як миқдор пули русӣ фурӯхтам. Бо он пул аз бозори ноҳияи Ургути Ӯзбекистон танӽо як пойафзол ва болопӯш барои кӯдаконам харида тавонистаму халос. Аммо боре барои ин амал афсӯс нахӯрдаам. Муҳим тани сиҳати кӯдаконам аст.
Ӯ ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва ду инқилоби Қирғизистонро ба чашмони хеш дида, сахтиҳоро аз сар гузаронидааст. Амнияту осоиштагиро барои инсон, хусусан занону модарон неъмати муқаддас медонад. Аз наздикону ҳамдиёронаш дар шаӽри бостонии Панҷакент изҳори сипос мекунад, ки барои ӯву оилааш дар солҳои сахтӣ сарпаноҳ доданду нагузоштанд эӽсоси хориву бечорагӣ бикашад.
Истодаой Турсунова ҳамчун як бонуи тоҷик ифтихорманд талош мекунад, то фарҳангу тамаддуни қадимаи миллатро берун аз хоки Тоҷикистон арзанда муаррифӣ намояд.
Д.Сафар