Натали ба Тоҷикистон дилбастагии зиёде дорад ва аз ин пеш ҳам ба ин диёр омада буд. Ин навбат танҳо ба хотири омӯхтани рақси тоҷикӣ ба ин ҷо омад ва тамоми вақти худро барои фаро гирифтани арғушти миллӣ сарф намуд.
- Ман дар бораи рақсҳои ҳиндӣ, арабӣ, туркӣ ва чинӣ маълумот доштам, аммо рақси тоҷикиро намедонистам. Аз ҳама бештар бароям рақсҳои духтарон бо куртаи чакан писанд аст. Аз ин рақсҳо мафтун мешавам. Ман, ки худ ҳунармандам, дер боз мехостам, ки дар рақс табиати зиндаро бубинам. Он чиро, ки меҷустам, пайдо кардам. Вақте ки духтарон бо куртаи чакан ба хиром меоянд, табиат бо ҳама рангҳои зебояш таҷаллӣ мекунад. Ин барои ман бисёр аҷиб аст, - ҳароратангез иқрор меояд Натали.
- Ба ман дар Душанбе гуфтанд, ки рақси чакан бештар хосси мардуми Кӯлоб аст ва ҳунармандони беҳтарин он ҷо зиндагӣ мекунанд. Маҳз ба ҳамин хотир ба Кӯлоб – ба диёре, ки чакандӯзони мумтоз ба сар мебаранд, омадам. Ин, албатта, аз муҳаббати зиёд ва аз дӯстдорӣ ба рақси тоҷикӣ ва куртаҳои чакани тоҷикист,-мегӯяд Натали.
Натали дар театри мазҳакаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб аз Муҳаммадӣ Абдурасулов нозукиҳои рақси тоҷикиро ёд гирифт. Ӯ ҳамакнун рақсҳои тоҷикиро роҳат адо мекунад.
Ба қавли устоди тоҷикаш, Натали маҳорати баланди касбӣ ва истеъдоди беназири рақсомӯзӣ дорад. Ҳоло ӯ бо як шавқу шӯри беандоза рақсро бо куртаи чакан иҷро мекунад.
– Натали дар театр бо ҳунармандони мо якҷоя мерақсид, - изҳор медорад Мустафо Ватанов, директори театр, ҳатто дар шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Бохтар сафари ҳунарӣ анҷом дод ва дар назди мухлисон маҳораташро манзур кард.
Дар бораи дилбастагии ҳунарманди амрикоӣ ба рақси тоҷикӣ, чанде қабл шабакаи «Сафина» гузориши вижаеро пахш кард, ки тамошобинонро ба ҳайрат гузошт.
Натали дар баробари тамрини рақс, ба омӯзиши забони тоҷикӣ ва дигар урфу одатҳои мардуми мо низ машғул аст. Ҳоло ӯ ба қадри зарурӣ дар забони тоҷикӣ балад аст ва бо ин лисон манзуру мақсадашро баён карда метавонад…
Аз рӯи гуфтаҳои Натали, ӯ маълумотро дар бораи кишвари мо тавассути шабакаҳои интернетӣ ба даст овардааст.
- Як соли охир, аз расонаҳо маълумоти ҷолиберо нисбат ба Тоҷикистон, таърих, фарҳангу ҳунар,табиати афсункор, обу дарёҳо ва дигар зебоиҳои он ба даст оварда тавонистам. Ман ин сарзамини афсонавиро аз сидқи дил дӯст доштам ва ба он меҳр варзидам. Дар Бадахшон будам. Бадахшон бо мардуми меҳмоннавозаш бисёр писандам омад. Албатта, ба Тоҷикистон боз бармегардам ва ҳунарҳои дигари ин мардуми озодаро меомӯзам, - мегӯяд Натали Рутизер.
Алихон ЗАРИФӢ