Бо мақсади суҳбат вориди дафтари кории ин бону - Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 100 шаҳри Душанбе Назима Камолова мешавам. Муаллима бо қироати як пора шеъри хуш маро пазироӣ мекунад:
Хуш омадеду кулбаи эҳзонам аз Шумост,
На ҷону тан, ҳама сару сомонам аз Шумост.
Хуш омадеду хуш шаведу хуш равед,
Сад фарши роҳу дидаи хандонам аз Шумост.
- Ташаккур, муаллимаи азиз, бори нахуст аст, ки маро бо шеър истиқбол менамоянд. Фикр мекунам, ки ихтисоси Шумо филологист, ки шеърро арҷ мегузоред…
- На, тахассусам математика аст. Аз наврасӣ фанҳои дақиқро дӯст медоштам ва факултаи математикаи механикиро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хатм кардаам. Баъдан ба зодгоҳам шаҳри Панҷакент баргашта, дар мактаб ба ҳайси муаллими математика фаъолиятамро оғоз бахшидам. Ва аз рӯзи аввали омӯзгориям дарк намудам, ки кор дар мактаб бо кӯдакон саҳлу сабук нест, аз омӯзгор сабру тоқат, зӯру тавон, муҳаббату иродаи мустаҳкамро тақозо мекунад. Эҳсос намудам, ки дар тамоми ҳаракоти муаллим бояд самимияту меҳрубонӣ ва ростиву покизагиву маърифат эҳсос шаванд, то битавонад дар ниҳояти фурӯтаниву шикастанафсӣ ва худнисорӣ ба пиндору гуфтору кирдори худ мафҳуми Ватан, Модар, Истиқлолу Наврӯзро ба шогирдон фаҳмонда тавонад. Аммо, ман ба шеър пайванди азалӣ дорам, зеро модарам шеър мегуфтанд ва шояд ишқи каломи мавзун аз гаҳвора, ки модар аллаам мехонд, дар дилам ҷой гирифта буд. Баъдан, бо дастури устоди мактаб ғазалҳои малакутии Ҳофизу Соиб ва достонҳои офтобии Низомии Ганҷавию Абдураҳмони Ҷомиро хондаму ҳифз намудам, ки то ҳол бароям болу пар мебахшанду чашмамро ба нур пайванд мезананд ва мисли чароғе роҳамро рӯшан менамоянд
- Чӣ сабаб шуд, ки аз Панҷакент ба пойтахт омадед?
-Ман шаҳри Панҷакенти бостониро хеле дӯст дорам, ба хотири волидайни меҳрубонам, ки дар ҳузурашон худро ҳамеша хушбахт эҳсос мекунам, ба хотири устоди шоирони Аҷам, Рӯдакии Панҷрӯдӣ, ки шеъраш иршодбахши зиндагии ман аст ва баъзан аз назди мақбарааш мегузарам, ки бароям гӯё қуввату тавоноӣ эҳдо месозад.
Хуб, маъзарат, ки хеле пурҳарфӣ кардам, аммо то ҳол гавҳари суханам пайдо нест. Вале, бояд бигӯям, ки чӣ сабаб шуду аз Панҷакенти азиз рафтам? Шавҳарам чун корманди давлатианд, аввал он касро барои кор ба Файзобод равон намуданд ва мо чандин сол дар Файзобод ба сар бурдем. Ман дар мактаб ба ҳайси муаллима кор кардам. Баъдтар шавҳарамро барои кор ба Душанбе хонданд ва ҳамин тавр пойтахтнишин шудем. Ман омӯзгориро дар мактаби рақами 94 оғоз намудам. Шабу рӯз заҳмат мекашидам, то шогирдонам фанни математикаро хуб биомӯзанд. Кӯшишу ғайратам барабас нарафт, шогирдонам дар озмунҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ пайваста ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро мегирифтанд. Баъзеи онҳо стипендияи президентӣ ва раиси шаҳрро соҳиб гашта буданд. Натиҷаи заҳматҳоям буд, ки соли 2008 маро ҳамчун «Муаллими сол» эълон намуданд ва бароям хонаи 3 - ҳуҷрагӣ туҳфа доданд, ки оилаи мо ниёз ба хона дошт, чунки бо фарзандонам дар манзили иҷора иқомат доштем.
- Шояд ҳамин заҳмату кӯшишу самимияти Шуморо дар касби пуршарафи омӯзгорӣ раёсати маорифи шаҳр дида, ба вазифаи директори мактаб сазовор донистааст?
- Ман аслан ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки ин вазифаи масъулиятнокро аз рӯи эътимод, ба дӯшам бигузоранд. Рисолати худро омӯзгорӣ медонам, аз саломи самимии шогирдон болидарӯҳ мешавам. Аммо, чун маро ба сарварии мактаб лоиқ донистанд, ташаккур мегӯям ва пайваста заҳмат мекашам, ки ба бовариашон сазовор гардам. Инак, соли сеюм аст, ки дар мактаби рақам 100 вазифаамро иҷро мекунам.
Ман, воқеан, хеле шахси накутолеам, ки чун дар мактаби нав директор таъйин намуданд ва дар рӯзи кушоданаш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд, ин боиси сарбаландии тамоми устодону шогирдони мактаб шуд. Имрӯз дар мактаб 1424 талаба дар 2 баст таҳсил мекунад. Муассисаест, ки тамоми шароитҳоро дорад, бо технологияи нави замонавӣ муҷаҳҳаз аст, ҳамчунин, 2 синфхона барои омӯхтани дӯзандагӣ баҳри духтарон ихтисос дода шудааст. Ин ҳама шароитҳост, ки 2 хонандаи синфи 11 Моҳира ва Дилшод аз стипендияи президентӣ бархӯрдоранд. Ситораи Садриддин стипендияи раиси ноҳияи Шоҳмансурро мегирад.
- Пешрафти корҳо дар ҳама ҷабҳаҳо бештар ба аъзои аҳлу тифоқу сарҷамъ рабт мегирад. Вазъи мактаб аз ин ҷиҳат чӣ гуна аст?
- Дар мактаби мо як зумра омӯзгорони соҳибтаҷриба кор мекунанд, ки солҳои тӯлонӣ ба шогирдон дарс мегӯянд. Аз ҷумла, омӯзгор Ҷилванамо Нафасбекова дорандаи медали «Хизмати шоиста» ва нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда,ба шогирдон забони русиро меомӯзад. Устоди касби хеш аст, ҳамвора мақолаҳояш дар хусуси методикаи дарси забони русӣ нашр мешаванд. Ҳамчунин, омӯзгороне мисли Абдусамеъ Рабиев, Шаҳло Ғафурова, Шаҳноз Каримова, Гулнигор Некушоева ва Гулбаҳор Раҳмонова аз эътибору эҳтироми шогирдону волидайни онҳо бархӯрдоранд. Онҳо барвақт ба таълимгоҳ омада, муҳаббату самимияти худро ба шогирдонашон мебахшанд, аз ҳаёти ашхоси барҷаста барои онҳо чун намуна мисол меоранд, то шогирдон низ хислати неку хуб дошта бошанд. Ман низ байтҳои Фарзонаи Хуҷандиро, ки робита ба ин мавзӯъ гуфта шудаанд, ба ҳамкорону шогирдонам эҳдо менамоям, ки ҳамеша дар зеҳнашон нигаҳ доранд:
Гуфтам ба худ, ки ғайри каломи наку нагӯ,
Ҷуз ҳарфи хуш чӣ ҳаст, ки арзад ба гуфтанаш.
Бигзор гӯшҳои навозишнаёфта,
Пур гардад аз ҳаловату шавқи шунуфтанаш.
-Ман аз ин суҳбат пай бурдам, Шумо рӯзи истироҳат надоред, яъне аз 24 соат 15 соаташ дар мактаб мегузарад. Пас кори хонавода ба дӯши кист?
- Оре, ман аслан калимаи истироҳатро фаромӯш кардаам, бароям якшанбе ҳам рӯзи корист. Хушбахтона, 2 писар дорам, ки ҳоло донишҷӯянд, Суҳайл дар Ҷумҳурии Беларус таҳсил мекунад, Фаррух дар Донишгоҳи славянӣ мехонад, яъне он қадар ба пухтупази ман ниёз надоранд. фарзандонам бачаҳои хубанд, худашон аз уҳдаи ҳама кор мебароянд. Ман ҳамеша фикр мекунам, ки муаллимӣ шабоҳате ба модар ва ба кадбонуи хона будан аст, яъне тақдири садҳо кӯдакон ба дӯши муаллим мебошад ва аз ин рӯ, агар дар хонаводаам 2 фарзанд дошта бошам, дар ин мактаб беш аз ҳазор фарзанд дорам, ки масъулияташро ҳар лаҳза бояд эҳсос созам.
Бале, баъд аз суҳбат бо Назимабону дар дилам гуфтам: «Хуш бод ба ҳоли чунин бонувоне, ки истеъдоди ҷон костану заҳмат кашидан ва ба мақсади накуи хеш расиданро доранд». Зеро, дар чашмони Назимабону садоқат ба Ватан, садоқат ба шогирдону мактабу ҳамкоронашро дидам. Ҳис кардам, ки истеъдоди омӯзгорияш туфайлӣ нест, вагарна ин қадар бо сарсупурдагӣ ва ҷоннисорӣ ба касбаш муносибат намекард. Оре, дуруст гуфтаанд:
Коре набувад хубтар аз кори муаллим,
З- ин рӯ ҳама шоданд ба дидори муаллим.
Ш. Аҳтам