***
Шаҳду шакаранд духтарони тоҷик,
Лаълу гуҳаранд духтарони тоҷик.
Хушрӯйтарини оламанду аммо
З-ин бехабаранд духтарони тоҷик.
***
Тоҷикписарон, шумо басо зебоед,
Бо ҳусни расо намуна дар дунёед.
Ҳамхона шудан ба халқи бегона чаро?
Чун сарвати миллиед, ҳаққи моед!
***
Сарҳад машикан, ки ман амини Ватанам,
Ҳар ҳад машикан, ки дар замини Ватанам.
Гӯӣ, ки писар наям, ки аскар бошам?
Ман духтари аскарофарини Ватанам!
***
Гуфто, ки нигори Тоҷикистон зебост,
Монанди баҳори Тоҷикистон зебост.
Гуфтам, ки бале, дуруст гуфтӣ, меҳмон,
Зеро ки диёри Тоҷикистон зебост!
***
Ҳар вожаи тоҷикии мо пурмаъност,
Ҳам Модару ҳам Худову Наврӯз аз мост.
Ҳам Оташу Обу Зиндагӣ, ҳам Хуршед,
Пас лафзи ману ту беҳтарин дар дунёст!
***
Роғун, ту макони имтиҳонӣ, Роғун,
Номуси тамоми тоҷиконӣ, Роғун.
Исбот намо тавону зӯри миллат,
Дар маркази диққати ҷаҳонӣ, Роғун!
***
Помириӣ ту ва ё ки раштониӣ,
Кӯлобиӣ ту ва ё ки вахшониӣ.
Аз Суғд туӣ ва ё зарафшониӣ,
Ҷонам ҳастӣ, чу тоҷикистониӣ!
***
Гар хор ба пои ту халад, дард кашам,
Аз сӯзи дил оҳи хастаи сард кашам.
То, баччаи ман, шавӣ ту як марди калон,
Ман заҳмати бештар зи сад мард кашам.
***
То чанд бувад чунину то чанд бувад,
Мо занг занему муштарӣ банд бувад.
Эй ҳамнафаси шуда зи мо бегона
Ҷуз мо рақами ту бо кӣ пайванд бувад?!
***
Бар ҷумлаи бонувон сафо металабам,
Бар ҷумла бародарон вафо металабам.
Бар ҳар ки ба ҳамсараш хиёнат кардаст,
Аз даргаҳи Ҳақ фақат ҷафо металабам.
***
Ҳар гӯшаи ин Ватан аз они ману туст,
Ҳар майсаи ин чаман аз они ману туст.
Ҳам атласи чун хаёли шоир рангин,
Ҳам адрасу ҳам чакан аз они ману туст!
***
Мо, ҷумлаи тоҷикон зи як анҷуманем,
Ҳамрешатарин санавбарони чаманем.
Байни ману ту мабод дурӣ, эй дӯст,
Охир ману ту зи домани як Ватанем!!
***
Эй зан, ту мароми хеш аз даст мадеҳ,
Як лаҳза зимоми хеш аз даст мадеҳ.
Донӣ, ки ҳуқуқи ту баробар бо мард,
Пас ҳеҷ мақоми хеш аз даст мадеҳ!
Раънои МУБОРИЗ