-Бартарияти бонувони фархорӣ дар эҳёи саноати дастии аз ниёгонамон мондагор ин ҳатмӣ донистани ҳунармандиҳои гуногун барои духтарон мебошад, ки касби онҳоро то қадам гузоштан ба ҳаёти оилавӣ аз модару бибиҳо меомӯзанд, - сифат менамояд Дилбар Талбова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Фархор.
Ба гуфти ӯ паёми эҳёи ҳунар дар ин соли фархунда ба вусъате маҷрои зиндагии мардумро дигар намуд, ки ҳамакнун бонувони хонашин имрӯз ба қишри аз ҳама серкору фаъолтарини ҷомеа табдил ёфтаанд. Мардум дарк намудаанд, ки тавассути истифодаи ҳунар ва рушди истеҳсолоти хонагӣ муҳимтарин мушкилоти ҷомеа, яъне, бекории бонувон ҳалли худро пайдо хоҳад намуд. Дар ин ҷода бонувони чирадасти ноҳия, аз қабили устоди ҳунар Тозагул Тағоева нақши пешоҳангӣ доранд.
- Дар он солу замонҳо малакаи дӯзандагию пухтупаз ва дигар шуғлҳои занона ҳамчун ҳунарҳои ҳатмии рӯзгор ба ҷавондухтарон - модарони оянда омӯзонда мешуд. Ин буд, ки мо - наврасони ҳанӯз аз лӯхтакбозӣ сернашударо ба гулдӯзию шерозбофӣ ҷалб менамуданд,- хандида қисса оғоз намуд Тозагул. – Саҳеҳтараш то ба риштаву сӯзан сару кор гирифтан, аллакай дар бозичасозию лӯхтакбофӣ панҷа нарм карда будам. Дар оғоз аз асари хастагии чашму дарду асабоният аз сӯзанзахмҳои нӯги ангуштон ҷонсарак мешудам, вале бо мурури аз худ намудани ҳунарҳои дилнишин хушбахтии бузургу беҳамтое маро фаро мегирифт, ки ҳолиё дар баёни он ҳарфи муносиб намеёбам.
Вай аз ҷавонони ангуштшумори зодгоҳаш маҳсуб меёфт, ки то хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо маҳсули дастранҷҳои ҳунарӣ ва салиқаи нотакрори зебоофариаш дар миқёси ноҳия, балки фаротар аз он маълуму машҳур шуд. Ҳунару истеъдодашро барои як духтари рустоӣ кифоя шумурда, зодмандонаш баъди хатми мактаб ӯро ба шавҳар доданд. Бо мурури тарбияву ба воя расондани 10 фарзанд, ҳамзамон дар хоҷагӣ ва корхонаҳои гуногуни дӯзандагӣ фаъолият бинмуда, пасон, аз соли 2008 инҷониб дар омӯзишгоҳи касбии техникии ноҳияи Фархор ба шогирдон ҳунар меомӯзад.
Синфхонаи ҳунаромӯзии устоди қуроқдӯзони ноҳия ба мисол зебохонаи миллиро мемонд, ки дару девораш бо намунаи беҳтарин дастранҷҳои навомӯзон орову торо ёфтаанд. -Баъди ба фурӯш рафтани ин ё он маҳсули ҳунармандҳо ҷойи онро бо ороишоти ба тозагӣ офаридаи шогирдон пур месозем,- мегӯяд Тозагул Тағоева.
Дар ҳунаргоҳи мазкур 19 тан духтараки рустоҳои дурдасти ноҳия тарроҳию дӯхти сарулибос, гулпартоию қуроқу чакандӯзӣ, ҷуроббофӣ ва дигар санъатҳои миллиро аз бар менамояд. Ба қавли устоди ҳунаромӯзон талаботи бозори меҳнат ба дастпарварони ин ҳунаристон сол аз сол рӯ ба афзоиш меорад. Аз ҳоли ҳозир барои роҳхат додани хатмкунандагон ба корхонаҳои гуногуни ноҳия дархостҳо пешниҳод гардидаанд.
Яке аз чунин коргоҳҳои саноатии дар ҳоли рушди ноҳия корхонаи дӯзандагии «Само» мебошад, ки 50 дарсади муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияро бо либоси мактабӣ таъмин менамояд. Дар ин ҷо барои 30 нафар чевар шароити мусоиди корӣ фароҳам овардаанд ва ҳамин миқдор духтарон назди мутахассисони соҳибтаҷриба ҳунари хайётии либоси замонавӣ ва кор дар мошинҳои дӯзандагиро меомӯзанд.
-Дӯзандагони мо дар як рӯз тавони дӯхту омода кардани 100 ҷуфт либоси мактабиро доранд,- бо итминон иброз медорад тарроҳи корхона Гулдаста Азимова. – То ба коргоҳ табдил додани як дукони одии хонагӣ ва расидан ба чунин нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ мушкилиҳои зиёду марҳилаҳои тӯлониро паси сар намудем. Корро аз як дукони пашмресӣ оғоз намуда, баъдан ба дӯхту фурӯши халтаҳои бозорӣ гузаштем. Бо мурури касби таҷриба ва омӯзиши талаботи рӯзмарраи ҷомеа, сехи тайёр намудани сарулибоси махсус барои соҳаҳои гуногунро ба роҳ мондем. Дар ҳоли ҳозир ба дӯхти сарулибоси мактабӣ таваҷҷуҳ дорем,- мегӯяд Гулдаста.
Аз мушоҳидаҳо бармеоянд, ки теъдоди зиёди коргарони ҶДММ «Само»-ро ҷавондухтарон ташкил медиҳанд, ки баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ягон ташкилоти ҳунаромӯзӣ фаро гирифта нашудаанд.
- Барои мо, духтарони маҳаллӣ, ки имкони идомаи таҳсил дар мактабҳои олиро надорем, ин коргоҳ на т??анҳо як манбаи пешбурди рӯзгор, балки макони ҳунаромӯзӣ низ ба шумор меравад,- иброз дошт дӯзандаи ҷавон Дилрабо Шехова. – Умедворам, ки минбаъд дар баробари ривоҷ ёфтани ҳунарҳои мардумӣ соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ ба бунёди корхонаҳои хурди саноатӣ иқдом мегиранд ва бо ин васила дар деҳот низ барои ҷавонон ҷойҳои бештари корӣ фароҳам мегарданд.
Дилбар Талбова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Фархор, ки дар вохӯриҳо бо ҳунармандони ноҳия моро ҳамроҳӣ мекард, фаъолияти корхонаи «Само»-ро намунаи ибрат мешуморад, ки дар заминаи ҳунармандиҳои мардумӣ таъсис ёфта, муассисону мутахассисонаш аз ҳисоби дастпарварони косибони забардасти маҳаллаи мазкуранд.
-Дастоварди фаъолони ҳунаргоҳҳои зикргардида дар озмунҳои вилояту ҷумҳурӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки бонувони фархорӣ дар раванди рушду эҳёи ҳунарҳои халқӣ гомҳои устувор мегузоранд. Моро мебояд, ки истеҳсоли молу маҳсулоти воридотие, амсоли кӯрпаву рӯйпӯш, дастрӯймолу дастархон, пардаву гилем, сарулибос ва даҳҳо номгӯи лавозими муҳими рӯзгорро дар сатҳи маҳал ба роҳ монем, ки барои амалӣ сохтани ин нақшаҳо ҳама имконияту шароитҳо бароямон фароҳам мебошанд,- таъкид медорад сарвари бонувони ноҳияи Фархор.
Ҷ. САЙФИДДИН,
ноҳияи Фархор