Ӯ омӯзгори синфҳои ибтидоист ва ин касбро рисолати аслии хеш мешуморад. Тавре худаш мегӯяд, бисёр кӯдакдӯстор асту эшон барояш рӯҳу илҳом мебахшанд. Раъно дасти ҳар кадом аз шогирдонро гирифта, тарзи дуруст доштани хома ва хуб навиштанро меомӯзад. Омӯзгор ҳар хонандаро чун фарзанди хеш мешиносад.
- Бо мактаббача ҳамчун бо фарзанди худ муносибат бояд. Дар акси ҳол омӯзгорро аз ин пеша фурӯгузорӣ лозим меояд. Зеро омӯзгорӣ ин рисолат аст, на касб, - мегӯяд қаҳрамони мо.
Аз ороишу оростагии синфи муаллима Раъно метавон пай бурд, ки то кадом андоза касбашро дӯст дорад. Аёниятҳо ва ҷевонҳои китобу дафтар ва гӯшаи ҳунарҳои дастии хонандагон, ки бо ҳамдастию раҳнамоии муаллима дастпарваронаш сохтаанд, синфро хушнамо гардонида. Хонандагон ҳама бо сарулибоси мактабӣ зебову озода гӯшу ҳуши худро чун ҳамеша ба сабақомӯзиҳои муаллима фаро додаанд. Синфаш қариб, ки сустхон надорад. Соле, ки муаллима Раъно синфи як қабул кунад, волидайн кӯшиш намоянд то ки фарзанди онҳо аз саодати шогирдии ӯ бархӯрдор шаванд.
- Аксари нахустшогирдоне, ки пас аз дабистон ба мактаб меоянд, омодаи хондану навиштананд, вале на ҳама. Онҳое, ки бори аввал дар мактаб бо қаламу дафтар ошноӣ пайдо мекунанд, албатта, ба таваҷҷуҳи бештар ниёзманданд. Дар раванди тадрис мо хонандаи фаъолро бо сустхон пушти як миз ҷо мекунем. Ин ҳам як усули таълим аст. Зеро хонандаи фаъол ҳамдарси сустхони худро ёрӣ дода, дар ин баробар ба ӯ таъсири мусбат мерасонад. Хонандаи сустхон бошад, кӯшиш мекунад то аз ҳампаҳлуяш қафо намонад ва ҳамин гуна ӯ низ ба қатори хубхонҳо дохил мешавад, - мегӯяд Раъно Каримова.
Барои расидан ба натиҷаҳои хуб дар раванди таълиму тарбия, муаллима усулҳои нави методиро фаъолона истифода намуда, бештар бо аёният кор мекунад. Аз хурдӣ, ки дар дил шавқи рассомӣ ва сохтану эҷод намуданро дошт, дарсҳоро бо воситаҳои аёнии худсохтааш, ба дастпарваронаш меомӯзад.
- Аз замони ҷорӣ шудани усули таълими салоҳиятнок дар мактабҳои миёнаи кишвар қолаби пештараи омӯзиш тағйир ёфт. Амалӣ шудани ин усули таълимӣ аз омӯзгор талаб менамояд, ки мисли солҳои қаблӣ дар ҷараёни дарс худ не, балки асосан хонанда меҳвари машғулият қарор дода шавад. Яъне масъулияти хонанда дар ин усули таълим назар ба солҳои қаблӣ бештар шуда дар рафти дарс низ аз омӯзгор зиёдтар ба шарҳи мавзӯъ сар мезанад, - мегӯяд муаллима.
Раъно шахси нисбати худ ва шогирдон серталаб аст. Ӯ масъулиятро ҳама вақт дар ҷои аввал мегузорад. Доим дар ҷустуҷӯю такопӯ асту аз адабиёти тахассусӣ ва дигар китобҳою дастурамалҳо васеъ истифода мекунад. Тавре иқрор аст, аз пурсидани чизе, ки намедонад, шарм намедорад.
- Омӯзгорӣ кори эҷодӣ аст, бо илму фарҳанг робитаи ҷудонашаванда дорад, зеро муаллим ғайр аз дониши тахассусӣ маҳорати ҳунарпешаи театру синаморо ҳам бояд дошта бошад. Агар нутқи муаллим дар рафти дарс якрангу дилгиркунанда ояд, пас шогирдон аз ин дарс манфиати камтаре бардошт хоҳанд кард, - иброз медорад муаллима.
Адаб ва ахлоқро дар мадди аввал мебинад. Ҳар як дарс чанд дақиқа ва ҳар ҳафта як соатро ихтисос медиҳад то бо дастпарваронаш дарси тарбиявӣ гузарад. Аз «Ахлоқи ҳамида» ва панди бузургон ҳар рӯз чанд мисраъ дар тахтаи синфӣ барои хонандагон менависад. Дастпарварони Раъно дар баробари ба дафтарҳои корӣ кӯчонидан якҷо бо ӯ ин мисраъҳоро таҳлил мекунанд.
Барояш дар ниҳоди кӯдакон парваридани ҳисси баланди меҳандӯстиву миллатшиносӣ, масъулиятшиносиву худогоҳии миллӣ ва ҳунари хушнависию хуб хонданро омӯзондан вазифаи ҷониву инсонӣ ба шумор меравад. Бахусус, ба духтарбачаҳо омӯзондани одоби шарқӣ ва намуна будан дар рафтору гуфторро муҳим арзёбӣ мекунад. Зеро ӯ худ дар хонаву мактаб бад-ин осо тарбия гирифтаву дар ҳамин гуна фазо ба камол расидааст.
Вазифаи омӯзгории Раъно танҳо дар доираи гимназия маҳдуд нест. Ӯ дар кӯчаю хиёбон, нақлиёту бозор, театру дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ рисолати тарбиятгариро анҷом медиҳад.
- Агар камбудии ҷавонону наврасонро бинам, дарҳол бо онҳо гуфтугӯ мекунам. Ба рафтору гуфтори онҳо бетараф буда наметавонам. Зеро мо ҳама масъулем, то ҷавонон дар рӯҳияи дуруст ва ахлоқу одоби тоҷикона тарбият ёбанд. Ватанро дӯст доранд, дарки баланди шаҳрвандӣ дошта бошанд. Дар хизмат ба халқу ватан содиқ ва ҳозир бошанд,- мегӯяд ӯ.
Раъно Каримова миёни ҳамкасбон ва хонандагон ҳурмату эҳтироми хосса дорад. Барои фаъолияти пурсамараш борҳо аз ҷониби роҳбарияти муассиса бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонда шудааст. Синфаш ҳам яке аз синфҳои намунавии гимназия ба шумор меравад. Ӯ дар ҳақиқат омӯзгори асил ва дӯстдори пешаи интихобнамудаи хеш мебошад. Маҳз ҳамин гуна фидоиҳои соҳаи маориф дар таълиму тарбияи наврасон саҳми арзанда дошта, боиси ба ҷомеа омадани шахси арзандаву солимфикр мегарданд.
Далери Сафар