- Ин меҳмонхонаи хусусии бонуи хирадпеша Раиса Кочитии осетин ва ҳамсарашон Носирҷон Ҷумъаеви тоҷик аст. Тавсия медиҳам, ки ҳатман бо онҳо суҳбат кунед. Ҳоҷиоя Раиса Кочитӣ пизишки ҳозиқ ва ҳунарманди мумтозе ҳастанд, ки аз чӯби хушк садҳо асбобу зарф, аъҷубаҳо офаридаанд ва хонаву меҳмонхонаашонро оро додаанд, дасташон доим ба хайр аст, - гуфт Раъно баъди шинос кардани мо ва аз пайи корҳои худ рафт.
Бо бону Раиса, ки дар либоси сафеди зебо малакеро мемонд, дар ҳуҷраи пазироӣ, ки ҳама мизу курсиву кату дигар ҷиҳозаш чӯбини бо услуби миллии тоҷикӣ кандакоришуда ва токчаҳои деворҳояш пури кӯзаву табақу сабад, косаву қошуқу ҷому пиёла ва дигар зарфҳои бостонию муосир буданд, суҳбат оғоз кардем.
Раиса суҳбатро бо забони ноби тоҷикӣ оғоз кард ва камина пеш аз ҳама мехостам аз саргузашти ӯ огоҳ шавам, ки чӣ сон боди қисмат ин фариштаро аз Осетияи Шимолӣ ба Тоҷикистон овардааст.
Пайванди хунии ориёӣ
28-уми декабр, дар охирин рӯзҳои соли наҳси 1941 дар хонаводаи дандонпизишкони сулолавӣ дар ноҳияи Чиколаи Владикавказ таваллуд шудааст. Баъди ба ҷанг рафтани падар бачагияш дар оғӯши меҳрубониҳои модар гузашт. Солҳои дар мактаби миёна хондан аз падари баъди омадани «хати сиёҳ»-аш дубора «зинда шудан»-у баргаштан нозукиҳои касби дандонпизишкӣ меомӯхт ва дар 13–14-солагияш дандонҳои беморонро меканд. Донишкадаи тиббии Владикавказро бо ихтисоси дандонпизишк хатм кард ва ӯро соли 1961 ба ноҳияи навбунёди Зафарободи Тоҷикистон фиристониданд. Дар ин ҷо ба ҷавонмарди чобуку чаққон ва дидадарои истаравшанӣ Носирҷон ошно шуд, ба ҳамдигар дил бастанд… ва соли 1963 хонадор шуданд.
Ин тасмими осон набуд. Хусусан, падару хешовандон қатъиян зидди никоҳи Раиса дар мулки бегона, бо шахси ношинос буданд, таҳдид мекарданд, агар бе иҷозати онҳо издивоҷ кунад, дигар рӯяшонро нахоҳад дид. Волидони Носир ҳам писарашонро бо духтари аз табори «бегона» ҳатто дидан намехостанд, чӣ расад ба издивоҷ. Аммо «ман ба фармони дилам, кай дил ба фармони ман аст»! – ин шиор дилдодаҳоро ба висол расонд.
- Мо, осетинҳо, ки худро аланҳо, иронҳо меномем, аз табори ориёиён ҳастем ва забонамон ҳам ба забони тоҷикӣ хешу ақрабо аст. Инро ман аз нахустин солҳои дар Тоҷикистон буданам ҳис кардам. Бел, корд, табар, ғуноҷин ва садҳо калимаҳои дигарро аз забони тоҷикон мешунидам, ки дар забони мо низ ҳамин маъноҳоро медиҳанд. Нафақат забон, инчунин урфу одат, фарҳанг, хусусан, ҳунарҳои мардумии тоҷик маро ба ваҷд оварданд. Хулоса, ман ба туфайли ҳамсари бовафоям хоку оби Тоҷикистони азизамро дӯст доштам, худамро тоҷиктар аз тоҷикон ҳисоб мекунам, - мегӯяд Раиса бо ифтихор ва ин байтро аз Мавлонои Балхӣ тараннум мекунад:
Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад,
Аз муҳаббат мисҳо заррин шавад.
Воқеан, хешу таборони Раиса баъди соҳиби фарзанд гардиданаш бо ӯ оштӣ карданд ва равуои онон доимӣ гардид, ҳатто бо ҳамдигар қудоандагӣ доранд. Раиса ҳам соле чанд бор бо фарзандону наберагон ба диёри аҷдодияш – Алания меравад.
Дандонпизишки номӣ, гиёҳшинос
Соли 1967 ба шаҳри Истаравшан кӯч бастанд. Дар ин шаҳр Раисаи дандонпизишк зуд ба дили хурду калон роҳ ёфт ва маҳбуби ҳар хонадон гардид.
Раиса ҳам кор мекард ва ҳам панҷ фарзанди ҷигарбандашро, ки пайи ҳам чашм ба олами равшан кушода, шодию нишоти ӯву ҳамсарашро зиёд мекарданд, ғамхорона тарбия менамуд. Онҳо ҳанӯз дар хонаи иҷора менишастанд ва барои пешбурди рӯзгор ба корҳои иловагӣ машғул мешуданд. Аз ҷумла, Раисаи пизишк чанд сол дар беморхонаи сил ҳамшираи шафқат ҳам будааст.
- Бисёриҳо фикр мекунанд, ки ҳаёти ману шавҳарам ҳамеша дар серию пурӣ ва дар хонаву ҳавлиҳои мисли имрӯз кушоду барҳаво гузаштааст. Аз куҷо медонанд, ки барои ба камол расондани панҷ нафар дилбандонамон – Темур, Заррина, Замир, Дилбар ва Гулнора, ки ҳамаашон имрӯз, шукри Худо, соҳиби касбу ҳунар ва хонаву дар ҳастанд, чӣ қадар заҳмат кашидаем!
Раиса ба гиёҳшиносӣ ҳам машғул аст ва ҳар мавсим гиёҳҳои шифобахшро, ки дар кишвари мо бешуморанд, ҷамъоварӣ карда, истифода мебарад, чанд сол коршинос ва сарвари Хазинаи байналмилалии ҳифзи муҳити зист ва тандурустии вилояти Суғд низ буд. Мардуми Истаравшан, ки ӯро ҳамчун арӯси зебояшон пазируфта буданд, акнун чун духтару хоҳару модару модаркалон дӯсташ медоранд ва як даъват аз байни чанд номзади даҳандор вакили маҷлиси шаҳрӣ ҳам интихобаш карда буданд.
Меҳмонхонадорӣ
Шавҳари Раиса – Носирҷон Ҷумъаев яке аз соҳибкорони маъруф аст, ки солҳои шӯравӣ сарварии коргоҳи истеҳсоли молҳои сермасрафи фабрикаи чарчинворӣ ва ҳунарҳои бадеии Истаравшанро ба уҳда дошт. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ин корхона ҳам бо сабаби қатъ шудани равобити берунии иқтисодӣ мисли садҳо корхонаҳои дигар аз кор монд. Носирҷон ба зудӣ бо шароити нави иқтисоди бозаргонӣ мутобиқ шуд ва ширкати «Ғайрат»-ро таъсис дод, ки дар коргоҳҳои гуногунаш беш аз 500 нафар соҳиби кор ва музди хуб шуд. Мутаассифона, дахолати бесалоҳиятонаи баъзе мақомот боиси муфлис шудани коргоҳ гардид. Раиса, ки ба нафақа баромада буд, дигар бекор нишаста наметавонист ва бо дастгирии ҳамсару фарзандонаш хонаи шӯрависохти кӯҳнаро ҷиддан таъмиру тармим карда, ба меҳмонхона ва метавон гуфт, ба осорхонаи ҳунарҳои мардумӣ табдил дод.
Ҳарчанд меҳмонхона дар ҳеҷ куҷо рекламаи маъмулӣ карда намешавад, қариб ягон шаб холӣ нест.
- Меҳмонони мо тарғибгарони мо ҳастанд, - мегӯяд Раиса Кочитӣ. – Онҳое, ки як бор ин ҷо омадаанд, ба ёру дӯстону ошноёнашон хабар медиҳанд ва ҳамин тавр даҳон ба даҳон овозаи он паҳн мешавад.
Чӯб ҳам наво дорад…
Раисаи пизишкро баъзан дар бозори ҳезум дида, мардум ангушти ҳайрат мегазиданд. Ӯ танаву шоха, кундаҳои дарахтони буридашуда ва акнун ба коми оташ равандаро бодиққат аз назар гузаронда, баъзеашонро ҷудо мекард ва… мехарид. Онҳоро ба ҳавлӣ меовард ва дар устохона соатҳои дароз кор мекард. Баъди чанд ҳафта фарзандон медиданд, ки он чӯбҳои бекора миз шудаанду курсӣ, ё қошуқу табақ, ё мору аждаҳор, ё Аҷузакампиру дигар қаҳрамонони афсонавӣ.
Воқеан, ӯ ин ҳунарро ҳам аз падари бузургвораш, ки аз ҳар ангушташ ҳунар мерехт, омӯхта ва баъдан сайқал дод. Дизайни ҳавлию болохона, гулгашту боғ, фаввораҳо, даромадгоҳ ва ҳар ҳуҷраи меҳмонхона низ маҳсули тахайюли рангини Раиса Кочитӣ мебошанд.
Дастгири дармондагон
Агар дар бораи амалҳои хайру савоби ҳоҷимодар Раиса Кочитӣ ҳарф назанем, беинсофӣ мебуд.
Ӯ ба ятими маъюбе аробача туҳфа кард, дар назди хонааш дуконча кушод, чун калон шуд, хонадораш намуд.
Ӯро дар хонаи бачаҳо, парваришгоҳи шаҳр. беморхонаи амрози рӯҳӣ фариштаи хайру эҳсон мешуморанд, зеро аз чашмаи саховаташ борҳо нӯшидаанд.
Ба фарзандонаш доимо насиҳат мекунад: «Чун ба бозор ё мағозае барои харид рафтед, хуб андеша кунед, ки ба чизи харид мекардаатон бисёр ниёз доред ё на, чун бовар ҳосил кардед, ки бе он ҳам зистан метавонед, каме аз ҳамон маблағро барои хайру эҳсон ҷудо кунед, якатон ҳазор мешавад…»
Ҷӯра ЮСУФӢ,
шаҳри Истаравшан