Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душанбе коргоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабилӣ дӯзандагӣ, бофандагӣ, қуроқдӯзӣ, кафшергарӣ ва дуредгариро кушоданд.
-Ният дорем, ки ҳунарҳои зардӯзӣ, заргарӣ, бофтани адрасу атласро низ ба роҳ монем. Дар муасисса дар баробари занони хонанишин донишҷӯйдухтарон низ фориғ аз дарсҳо ба ҳунаромӯзӣ машғуланд. Ба ҳунаромӯзони мо дар 3 моҳ тарзи дӯхти шиму костюм, куртаҳои занона, ҷузвдони занона, чойникпӯшакҳо ва ғайраҳоро меомӯзонанд,- қайд мекунад Шарифамоҳ Каримова директори муасиссаи мазкур.
Ҳунаромӯзон бо шавқ машғули ҳунари интихобкардаашон буданд ва аз ин иқдоми Ҳукумати кишвар сипосгузорӣ менамуданд.
- Ин ҷо дар баробари ҳунаромӯзӣ, ҷавонон дӯстони зиёд пайдо менамоянду суҳбатҳо доир мекунанд. Мутаассифона, омори худкушии занҳо дар баъзе минтақаҳо рӯ ба афзоиш дорад. Дар чунин ҷомеаи ободу озод, ки имрӯз ҳама имкониятҳо барои занон фароҳам аст, набояд занон ба чунин амали манфиро ба худу наздиконашон раво бинанд. Аз қадим зан-модари тоҷик бо сабру таҳаммули хоса байни мардумони дигар шинохта шудааст. Аз рӯи як мушкилии ночиз ҳайёти худрову фарзандонро мувоҷеҳи хатар сохтан ё даст ба ҷони худу кӯдаконашон бардоштан, ба ақл рост намеояд. Беҳтараш ба чунин марказхо, ки шуморашон дар кишвар имрӯз афзоиш дорад, шомил шаванду ҳунар омӯзанд, - иброз медорад, Ш. Каримова.
Кормандони муасиссаи мазкур ният доранд, ки мағозаеро дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ кушода, маҳсули дастранҷи ҳунармандонро дар он ҷо ба фурӯш гузоранд.
Фарзона Восеева