Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба вартаи ҳалокатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Айёме буд, ки минтақаҳои алоҳидаи кишвар ба нуқоти даргир табдил ёфта буданд. Бахусус минтақаи Рашт яке аз марказҳои асосии муқовимат ва ҳарбу зарб байни неруҳои ҳукуматӣ ва мухолифин ба шумор мерафт. Маркази ноҳия - шаҳраки Ғарм бештар майдони набард ё задухӯрдро мемонд, на маркази маъмурии минтақаро, вале, хушбахтона, ин ҳама рӯзҳои сахту фоҷиабор пушти сар шуданд.
Бо азму талош, шуҷоатмандию матонат ва ҷонбозиҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатари порашавии сарзамини воҳид ва ҳатто эҳтимолияти ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз харитаи сиёсии олам нопадид шудан пешгирӣ гардид. Маҳз ба шарофати ин фарзанди фарзонаи миллат 27 июни соли 1997 - санаи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба таърих ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории тоҷикон ворид гашт.
Имзои созишнома ба минтақаҳои дуру наздик, ба кулбаву кошонаҳо, ба дилу дидаи мардум нур овард. Таърихи ба имзо расидани созишнома чун иди умумихалқии сокинони ҷумҳурӣ дар саросари Тоҷикистон истиқбол гирифта шуд. Даврони навини давлатдории мо оғоз ёфта, бунёдкориву созандагӣ ва ободонии кишвар ба ҳукми анъана даромад.
Чун дар дигар гӯшаву канори ҷумҳурӣ дар навоҳии минтақаи Рашт низ даҳҳо мактабу беморхонаҳои замонавӣ, варзишгоҳҳои азим ва кохҳои бузурги фарҳангӣ сохта ба истифода дода шуданд. Дар ин фурсату фосила бунёди мактаби олии омӯзгорӣ дар минтақа низ фароҳам омад.
Тавре муовини ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт оид ба таълиму тарбия Макнуна Шарифова иброз намуд, солҳои баъди соҳибистиқлолӣ макотиби навоҳии водии Рашт аз норасоии омӯзгорон танқисӣ мекашиданд. Дурӣ аз пойтахт даст намедод то ҷавонони кӯҳистон дар макотиби олӣ таҳсил намоянд. Маҳз ҳамин омилҳо сабаб ва зарурати кушодани филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт гардид.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми марти соли 2007 дар шаҳраки Ғарм 6 га қитъаи замин ҷудо гашт ва соли 2008 сохтмони бинои 5 - ошёнаи таълимӣ ва хобгоҳи 4 - ошёна барои донишҷӯёни эҳтиёҷманд оғоз шуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013 «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар заминаи филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ» ба тасвиб расонид. Имрӯз Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ба маркази илмию маърифатии минтақа табдил ёфт, дар он донишҷӯёни зиёд ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
- Вазифаи аввалиндараҷаи донишкада тайёр намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ мебошад. Феълан сохтори донишкада пайваста устувору васеъ гардида, воҳидҳои нави ба талаботи замон ҷавобгӯ таъсис меёбанд. Дар донишкада 4 факултет, 12 кафедра аз рӯи 16 ихтисос мутахассисони дараҷаи бакалавр ва таҳсилоти олиро омода мекунанд. Айни ҳол 2875 нафар донишҷӯ, ки аз ин шумора 512 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд, дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона машғули таҳсиланд. Агарчи аз шумораи умумии муҳассилин донишҷӯдухтарон 18 дарсадро ташкил медиҳанд, ин барои мо муваффақияти бузург ба шумор меравад. Зеро замоне буд бонувони кӯҳистон, бахусус духтарон, аз бими ҷони хеш таҳсил чи ки, аз хона берун баромада наметавонистанд. Зери зулму ситам ва фаҳмишҳои хурофотӣ хору залилу ноумед гашта буданд. Акнун бо дастгириҳои пайваста ва ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Сарвари кишвар дар самти баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа онҳо аз банди беадолативу ҷаҳолат раҳо ёфтанд. Ва донишкадаи омӯзгорӣ барояшон боз як даргоҳи умеду ормонҳо гашт, - мегӯяд Макнуна Шарифова.
Тибқи омор бо дарназардошти қабули довталабон ба тариқи Маркази миллии тестӣ шумораи донишҷӯён аз дигар минтақаҳои кишвар сол аз сол меафзояд. Аз ҷумла, танҳо дар шуъбаи рӯзона аз вилояти Хатлон 7 нафар, вилояти МКБ 6 нафар, вилояти Суғд 4 нафар, ноҳияҳои тобеъ 102 нафар, Душанбе 22 нафар, Сангвор 89 нафар, Лахш 112 нафар, Нуробод 180 нафар, Тоҷикобод 173 нафар, Рашт 781 нафар донишҷӯ таҳсил намуда истодаанд. Тибқи квотаи президентӣ 104 нафар аз минтақаи Рашт ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 57 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.
- Донишкада дорои хобгоҳи 4 - ошёнаи замонавии бо шароитҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар он қариб 300 нафар донишҷӯ, ки аз ин шумора 80 нафараш духтарон мебошанд, аз минтақаи Рашт ва дигар навоҳиву вилоятҳои ҷумҳурӣ истиқомат мекунанд. Бо дастгирии Президенти кишвар дар назди донишкада маҷмааи варзишии муҷаҳҳаз аз тамоми василаву шароит рӯи кор омад. Маросими ифтитоҳи он ба ташрифи худи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар санаи 27 сентябри соли 2016 рост омад. Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки 5 нафар донишҷӯёни мо, ки донишкадаро аъло хатм намуда буданд, барои идомаи таҳсил ба АИҶТ равона гардида, 14 нафар хатмкардаи дигар дар зинаи магистратураи мактабҳои олии кишвар таҳсили худро идома медиҳанд, - иброз дошт Макнуна Шарифова.
Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт самараи Истиқлолияти давлатӣ асту тантанаи ғояи Ваҳдати миллӣ, ки аз баракаташ дар ноҳияҳои дурдаст ва кӯҳии кишвар низ донишгоҳу донишкадаҳо сохта мешаванд, то дар он ҷавонон илм андӯзанд, соҳибтахассус гарданд ва чун ин духтари раштӣ, ки ба шарофати Ваҳдати миллӣ аз банди ноумедӣ раҳоӣ ёфт ва дар ин даргаҳи умед ба орзуҳои хеш расиду ба халқу миллат хизмати арзанда анҷом медиҳад.
Д. Сайдамирзод,
ноҳияи Рашт