Чӣ қадар зебост. Мисли гул. Нигоҳаш ҳанӯз кӯдакона аст, аммо зиндагӣ барвақт ба ҳукми як инсони солору рӯзгордида имтиҳонаш карда. Гарчанде дар суҳбат мисли як кӯдаки нозпарвару эрка ҳарф мезанад, воқеияти зиндагиаш дигар аст.
Дилхун мешавам аз суҳбаташ, тақдиру зиндагии Меҳрона, ин кӯдаки соҳибистеъдоди тоҷик маро чун модар мекушад…
Меҳрона Ғайбуллоева иштирокчии озмуни байналмилалии вокал, яке аз шоу-барномаҳои сербинандатарини телевизиони НТВ-и Россия, «Ты супер!» («Ту беҳтаринӣ!») мебошад. Аз байни 700 муддаии иштирок дар озмуни мазкур аз Тоҷикистон маҳз Меҳрона интихоб шуд. Дар сабқат 82 кӯдаки аз 8 то 18 - сола аз 13 давлати дунё ширкат дошт. Афзалияти лоиҳаи мазкур дар он аст, ки соҳибистеъдодон ин ҷо аз ҳисоби кӯдакони ятим интихоб мешаванд.
Хушбахт будам, то замоне, ки…
Аз ёддоштҳои кӯдакиаш пурсон шудем, каме таваққуф кард. Шояд хотираҳояшро тагурӯ кард, ки баъди лаҳзае бо чашмони барқбору эҳсоси омезишёфтаи шодиву ғам гуфт:
- Кӯдаки хушбахт будам, то замоне, ки… Падарам корманди ҳарбӣ, полковник, модарам журналист. Аммо, дар они воҳид бо бемор шудани модар зиндагиамон тағйир ёфт. Пас аз як соли мубориза бо саратон вай моро тарк гуфт. Хурд будам, 7 сол доштам. Дар мавриди модар хотираҳоям хира-хираанд. Ҳамин қадар дар ёдам мондааст, ки хеле зиёд меҳнат мекард. Субҳ падар ба ману хоҳарам шириниҳо меоварду модарам болаззаттарин субҳонаи дунёро бароямон омода месохт. Ману Иродаи хоҳарам гурбаро дӯст медоштем. Ҳар вақте гурбаеро гум мекардем, падарам гурбачаи дигареро меовард. Чӣ қадар хуб буд он айём. Ин хотираҳо то охири умр бо ман мемонанд. Бо марги модар оилаамон пароканда шуд. Падар ғами дурии модарро таҳаммул накарду рафт, вайро дигар надидем. Баъдтар ӯ ҳам фавтид. Моро бибиву холаам ба парасторӣ гирифтанд.
Гиря гулугираш мекунад, аммо лаб зери дандон фишурда, баъд аз каме таваққуф худро ба даст мегирад. Эҳсос мекунам, ки барояш хеле мушкил аст дар ин хусус ҳарф задан.
- Дар хотир дорам чӣ гуна холаам баъди марги модар бори аввал маро ба мактаб бурд. Вай мӯйҳоямро бофт, либосҳои мактабиамро пӯшонид, хоҳарамро зебо оро доду маро ба синфи 1 бурданд. Ин мактаби №21-и шаҳри Душанбе буд. Кӯдакон дар иҳотаи волидон хушбахт менамуданд. Ман он рӯз мехостам модарам дар паҳлуям бошад, - бо садои хаста иқрор мешавад ӯ.
Меҳронаро аз синфи 7 ба Хона-интернати кӯдакона медиҳанд. Баъди хатми синфи 9 бо пешниҳоди яке аз дӯстонаш ба Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулови пойтахт мегузарад.
Бо садоям кам кор кардаам, ҳар чизе дорам, табиист
- Ман аз 5 - солагӣ месароям. Модар садоямро дӯст медошт. Бо лаҳни кӯдакӣ барояш тарона мезадаму вай бо меҳр мебӯсидам. Бо бузург шудан ҳоло дарк мекунам, ки ӯ истеъдодамро пештар аз ҳама фаҳмида будааст. То дохил шудан ба коллеҷи санъат ҷое таълими махсуси мусиқӣ нагирифтаам, ҳар чизе ҳаст табиист, - мегӯяд Меҳрона.
Вақте хабар доданд, ки барои иштирок дар озмуни «Ту беҳтаринӣ» маҳз ӯ интихоб шудааст аз шодӣ ашк мерехт. Медонист, ки ин озмун таҳаввулоти ҷиддиеро дар зиндагиаш роҳандозӣ хоҳад кард. Дар рафти сабти барнома 4 моҳ дар шаҳри Маскав буд.
- Дар Маскав устодон бароямон суруди мувофиқ, сарулибоси саҳнавӣ интихоб мекарданду камбудиҳоямонро ислоҳ. Ман дар ин давра ба мутахассиси асили соҳаи вокал Наталя Николаевна Ефименко, ки мисли як устод маро роҳнамоӣ кард, ба бонуи меҳрубон барандаи барнома Анастасия Пак, ки ғамхориҳои зиёде дар ҳаққам зоҳир намуд, дил бастам. Умуман, бо ҳар нафаре, ки ҷузъи ин лоиҳаи бузург буд, унс гирифтам. Вақти бозгашт мегиристам…
Гарчанде ман ба даври охири барнома роҳ наёфтам, аммо тавонистам то даври нимниҳоӣ баромада, Тоҷикистонамро бо тамоми зебоиҳояш дар ин озмун арзанда муаррифӣ кунам, - бо табассуми хос иброз медорад вай.
То ғолибият як қадам буд…
- Дар даври нимниҳоӣ сари суруди хубе қарор кардем. Медонистам, ки то ғалаба як қадами дигар мондааст, вале ҳеҷ кор карда натавонистам. Ман бемор ва садоям хаста буд. Аҷибаш ин ки ман он ҳолатро рӯзе пеш айнан дар хоб дида будам. Ҳама чиз бо ин хотима намеёбад. Мекӯшам қуллаҳои баландтареро фатҳ созам, - бо боварӣ мегӯяд Меҳрона.
Санаи 4-уми июн ӯ 18- сола мешавад. Ба шарофати бозсароидани суруди сарояндаи рус Полина Гагарина «Драмы больше нет» Меҳрона зуд машҳур шуд. Бо садои ҷаззобу ширин қалби ҳакамон, иштирокдорон ва бинандагони барномаро тасхир кард. Воқеан ин навраси соҳибистеъдод тавонист бо иштироки арзанда таваҷҷуҳи мардумони зиёдеро аз ҳар гӯшаву канори дунё ба Тоҷикистон бикашад. Ҳоло ӯ дар фикри идомаи таҳсил дар Федератсияи Россия аст. Барои ғолибони даври ниҳоӣ ва нимниҳоии озмуни «Ту беҳтаринӣ!» бошад, имкони таҳсили ройгон дар яке аз макотиби олии мусиқии ин давлат дода мешавад. Нигоҳубину тарбияи хоҳари ягонааш Ирода, ки 16 сол дораду дар литсейи №1-и шаҳри Душанбе таҳлис мекунад, бар дӯши Меҳрона аст.
- Ҳоло танҳоии амиқеро дар зиндагӣ эҳсос мекунам. Баъзан мушкил аст. Субҳ ба по мешаваму меравам ба коллеҷ, баъзан баъди дарс бо дӯстонам мулоқот мекунам, ҳамин аст рӯзи маъмулии ман. Мусиқӣ ҳастии ман аст. Бидуни он зиндагиам маънӣ надорад. Ба мушкилиҳои ҳаёт созиш кардаам, бо умеде, ки замоне ранҷу азобҳоям роҳат хоҳанд шуд. Фаҳмидам, ки барои кӯдак ҷойи модарро касе иваз намекардааст. Худро барои хоҳарам модар эҳсос мекунам. Мекӯшам аз ноадолатиҳои зиндагӣ эмин бошад. Мехоҳам дар оянда кӯдакони зиёде дошта бошам ва онҳо аз ҳеҷ чиз танқисӣ накашанд, бештар аз ҳама аз камии меҳр, - мегӯяд Меҳрона.
Маро мешиносанд…
Баъди бозгашт аз озмуни «Ту беҳтаринӣ» Меҳронаро дар фурудгоҳи Душанбе бо карнаю сурнай, мисли як қаҳрамон пешвоз гирифтанд. Роҳбарият, омӯзгорону шогирдони коллеҷи санъати ба номи А.Бобоқулов бо ҷамъи мухлисон он рӯз барои пазироиаш ҷамъ омада буданд.
- Дар фурудгоҳ ба чашмонам бовар накардам, шарму ҳаяҷон фароям гирифта буд. Имрӯз дар кӯчаҳои шаҳр маро мешиносанд, соядаст мепурсанд. Дар барномаҳои сатҳи баланди давлатӣ даъватиям. Ин ҳама бароям хушоянд аст, - иқрор мешавад қаҳрамони мо.
Меҳрона ҳоло бо 100 сомонӣ идрорпулии коллеҷ ва каме маблағ, ки аз ҳисоби кор дар марказҳои дилхушии кӯдакона ба даст меорад, зиндагиашро пеш мебарад. Мегӯяд пеши бонувоне, ки имрӯз дар баробари анҷоми рисолати модарӣ пайи дарёфти ризқу рӯзии фарзандон ҳам ҳастанд, сари таъзим фуруд овардааст.
- Маслиҳати ман ба ҳамсолон ин аст, ки ба қадри наздикон бирасанд, онҳоро эҳтиёт кунанд. Ба кӯдакони ятим мегӯям, ки рӯҳафтодаву ноумед набошанд. Зиндагӣ дар дасти онҳост, то имкон ҳаст худро бисозанду барои ояндагон номовару ноновар бошанд, - мегӯяд Меҳрона.… Вақти рафтан дасташро сахт фишурдам, ба оғӯш гирифтам. Барояш чизи муҳим: саломатӣ, сабр ва сарбаландӣ хостам…
Аз пасаш андешидам, ки кош иқтидоре доштам, то зиндагиашро дигаргуна ҷилва бидиҳам, ба он рангҳои гуногун ворид созам, то воқеан, тақдираш рангин бошад.
Гулноза БОБОМУРОДОВА