- Агар имконияти баргардондани вақт даст диҳад, ман дубора касби омӯзгориро бе дудилагӣ интихоб хоҳам кард, - чунин аст андешаи қатъии Муҳаббат Ҷумъаева, ки тайи 40 сол боре ҳам тарки пеша нагуфтааст, ҳатто айёми даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки аксари омӯзгорон аз маҳали зисти худ фирор намуданд. – Аз хоб хеста, шоҳиди манзараи мудҳиш мегардидем – рӯи хона пур аз тир буд, ҳатто боре якеи он пеши поям афтид, - хотироти он замонро варақзанон иброз дошт ӯ.
Фидоии касби хеш, ки буд, аз душвортарин корҳо рӯ натофт. Он айём Муҳаббат Ҷумъаева дар мактаби № 11-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҷигарпора аз ҳодисоти он рӯзгор чанд вазифаро бар дӯши хеш гирифта буд, то бачагон аз таҳсил барканор нашаванд. Ба хонандагони синфҳои 1, 4 ва 7 дарс медоду ҳамзамон ба ҳайси муовини директор фаъолият менамуд ва сарварии мактабро низ саришта мекард. Ҳанӯз субҳ надамида, ба мактаб мешитофту атроф ва дохили биноро аз назар мегузаронд ва саъй менамуд, то шароити созгорро баҳри таълиму тарбияи фарзандони мардум фароҳам орад.
- Шукр, ки ин воқеаҳои сангин паси сар шуданду имрӯз дар кишварамон ваҳдату осоиштагӣ ҳукмфармост, - хайёломез иброз дошт муаллима ва афзуд: - Ин ҳама аз заҳматҳои беназири Сарвари давлатамон аст, ки имрӯз мо дар фазои осоишта ба сар мебарему нафаси озод мекашем. Имрӯз, ки дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ қарор дорем, ба ҷавонон гуфтаниям, ки аз ҳарвақта дида зираку ҳушёр бошанд ва худро қурбони иғвову найрангҳои гурӯҳҳои ифротӣ насозанд, зеро аз оромии Ватан ва сиҳативу амнияти хонавода дида бузургтарин неъмате дар дунё нест.
Муҳаббат Ҷумъаева дар ҳар дарси хеш ин суханонро гаштаву баргашта ба хонандагон ёдрас мекунаду мекӯшад, ки дастпарваронаш натанҳо дониши амиқ, балки тарбияи хубу маърифати баландро фарогир бошанду оянда дар ҳаёт дарнамонанд. Гарчанде пешаи омӯзгорӣ кори саҳл нест, ҳамоно дилбохтаи касби хеш асту бо фарзандони мардум муомилаи модарвор дорад.
– Аз хурдсолӣ муҳаббати сахт ба ин пеша доштам ва айёми дар синфи ибтидоӣ таҳсил карданам шефта аз сеҳри сухани омӯзгорон ман низ дар гузаре, ки иқомат доштем, кӯдаконро ҷамъ карда, худро муаллима пиндошта, ба онҳо дарс медодам ва аз ин ҷаҳон-ҷаҳон лаззат мебурдам, - бо табассум иқрор меояд М.Ҷумъаева.
Бо тамкину оромӣ ва хирадсолории хеш М.Ҷумъаева миёни шогирдону ҳамкорон соҳибобрӯву маҳбуби қалбҳо гаштааст. Гарчанде дар радифи кӯдакони хушхулқу аълохон бачагони душвортарбия низ ҷой доранд, муаллима тавонистааст бо истифода аз нозукиҳои пеша ба дунёи онҳо раҳ ёбад ва аз мушкилоташон воқиф гардад.
– Ҳангоми тадрис мекӯшам, ки чунин кӯдакон бештар аз имконоти худ дарак диҳанд ва агар андаке заҳмати аз худ кардани фанни таълимиро нишон диҳанд, пеши ҳамсабақон зиёд васфу ситоишашон мекунам ва баҳои баланд мегузорам, то кӯдак ба неруи худ бовар ҳосил кунад ва тадрисро дӯст дорад, - иброз дошт М. Ҷумъаева ва афзуд: – Мо, омӯзгорон, бояд ба мактаббачаҳо чунин муҳитеро фароҳам оварем, ки ҳини мактабоӣ эҳсос кунанд, ки гӯё ба олами афсонаҳо меомада бошанд.
Ба андешаи ӯ омӯзгор бояд равоншиноси хуб бошад ва хусусияту хислати ҳар як хонандаро ба хубӣ донад ва ба таври инфиродӣ бо ҳар яки ӯ муносибат намояд. Дар чунин ҳолат хонанда ба омӯзгор бовар карда, розу андешаҳои нуҳуфтаи дилашро ифшо намуда, дар симои омӯзгор дӯсти қарину шахсияти идеалиро хоҳад дид. – Ҳар як хонанда дунёи худро дорост ва аз лиҳози ҷисмонӣ низ ташаккулёбии онҳо аз ҳамдигар тафовут дорад, - мегӯяд муаллима. - Яке ба зудӣ иттилоотро аз худ мекунаду дигаре бо заифӣ ва сеюмӣ зеҳни парешон дораду ба як бор маълумотро ҳифз наметавонад кард ва омӯзгор барои ҳамин аст, ки ин хусусиятҳоро ба назар гирифта, бо ҳар як талаба ба таври инфиродӣ кор барад, - меафзояд ӯ.
Ин хизматҳои шоёни муаллимаро мадди назар гирифта, масъулон ӯро ҳамроҳ бо 20 нафар омӯзгорон соли 2003 ба сафари хизматӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон фиристоданд, ки он ҷо ӯ аз усулҳои фаъоли таълим бархӯрдор шуда, аз ҷараёни таълими муассисаҳои он кишвар низ дидан кард. Баъдан бо супориши шуъбаи маориф тӯли се моҳ дар кишвар барои 300 нафар омӯзгор дар курсҳои бозомӯзӣ дарс гузаронд. Ҳамчунин, дар дарсҳои эшон ширкат варзида, таъкидашон менамуд, то ҳар чизеро, ки аз ӯ омӯхтаанд, на дар шакли шахшуда, балки фаъолона ва эҷодкорона истифода баранд ва хонандагонро низ ба эҷод ҳидоят намоянду доир ба ин ё он мавзӯъ супориш диҳанд, ки ғайр аз китоби дарсӣ ба дигар сарчашмаҳо низ рӯ оранд.
- Омӯзгорӣ пешаи пуршараф аст ва мо набояд, ки дар ин ҷода ба саҳлангорӣ роҳ диҳем, - мегӯяд М.Ҷумъаева. – Омӯзгор ҳамонест, ки ба касби хеш содиқ асту ҳар рӯз навовариву эҷодкориҳо дорад, то фарзандони мардумро моҳирона бо дунёи рангини илму маърифат ошно созаду шавқу ҳаваси онҳоро ба тадрис бедор намояд, - афзуд ӯ.
Ин бонуи маърифатпеша соҳиби панҷ фарзанд ва 8 набера мебошад. Духтари бузургаш Саёҳат хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Фарзанди дувум – Зафарҷон низ муҳассили донишгоҳи мазкур буда, таҳсилоти дуюмро дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба даст овардааст. Сеюмӣ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон буда, алҳол ба ҳайси дандонпизишк фаъолият дорад. Фарзанди чорум хатмкардаи ДМТ асту дар ҳамин донишгоҳ омӯзгор мебошад. Панҷумӣ ихтисоси дорушиносиро дар ДДТТ ихтиёр кардааст. Ҳамсафари ҳаёташ низ амсоли ӯ омӯзгор ва дотсенти кафедраи математикаи олии ДМТ мебошад.
- Шукр мегӯям, ки хонаву дари обод дораму фарзандони наку ва ҳамсари бофазлу хирад. Он чизе, ки имрӯзҳо насибам гаштааст, ба шарофати сулҳу суботи кишвар аст, ки давлат барои мо фароҳам оварда. Ба фарзандам Зафарҷон Шукуров, ки дар Хадамоти гумрук фаъолият дорад, барои хизматҳои шоёнаш Сарвари давлат хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим намуд ва дар радифи писари ман боз чандин хизматчиёни давлатӣ соҳиби манзили истиқоматӣ гардиданду хушбахт аз чунин қадршиносианд. Орзу дорам, ки Ваҳдати миллии тоҷикон безаволу абадӣ бошад ва мардуми тоҷик сарҷамъ миллати хешро дар ҳама ҷо бостонӣ, соҳибмаърифату тамаддунсоз муаррифӣ карда тавонанд.
Ахтари Сипеҳр