-Бале, гуфтам, ки мо як мардумем ва як миллат, ки дар бари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам омадаем. Ин суханон аз дил бар забон омад, ҳамовою ҳамнаво гардид ба ҳавои меҳмоннавозию пазироии гарму самимию ваҳдату дӯстии ҳақиқӣ.
Ҳамчун роҳбари театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ соли 1997 бо намоишномаи «Отелло»-и Шекспир дар озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ-«Парасту» ширкат варзида, дар рӯзи имзои созишномаи сулҳ 27-уми июн онро бо як дастагули тару тозаи созу наво паёми Ваҳдати миллиро ба сокинони Хатлон расондем.
Он вақт ба сабаби набудани роҳ бо чархбол аз Хоруғ ба Душанбе парвоз намуда, аз маркази ҷумҳурӣ ба шаҳру ноҳияҳои Хатлон бо мошинҳо сафар доштем. Акнун мустақиман аз Бадахшон ба Хатлон тавассути роҳи мумфарши тахту ҳамворе, ки аз қалби кӯҳу шахҳои касногузар мегузарад ва самараи ваҳдату созандагии мардуми кишвар ва нишонаи иқтидори давлат аст, роҳат метавон расид. Тавре мегӯянд, «бубин тафовути раҳ аз куҷост, то ба куҷо?»
-Чорабиниҳои фарҳангӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ чӣ нақше доранд?
- Чорабиниҳои фарҳангӣ, ба мисли Рӯзҳои фарҳанг дар таҳкими ваҳдату дӯстӣ ва ҳамгироии фарҳангии сокинони манотиқи гуногуни кишварамон нақши калидӣ доранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳангро ҳастии миллат унвон карданд, чаро ки сулҳу ваҳдат ва истиқлолият низ як ҷузъи фарҳанг буда, ин неъмати душворёб танҳо ба миллати соҳибтамаддун насиб мегардад. Бесабаб нест, ки дар ҷаҳони моломоли ҷангҳои тӯлонӣ ваҳдати миллии тоҷикон падидаи нодир унвон шудааст, ки ба шарофати хиради азалии мардуми тоҷик ва иродаи матини сиёсии Пешвои ин миллат ҳаст шуд.
Дар ҷараёни Рӯзҳои фарҳангӣ санъатварон ва ҳунармандон истеъдоду маҳорати созандагиашонро ба тамошо гузоштанд. Муҳити хубу созгор бидуни таҳкиму таҷзия ба меҳмону мизбон рӯнамоӣ мешуд, ки дар партави он имконияти шиносоӣ бо ҳунару фарҳанги ҳамдигар бештар аст. Иштирокдорони Рӯзҳои фарҳангро хатлониён чун узви хонаводаашон қабул карданд ва дар манзилҳои зисти худ ҷо доданд, дар дилу дидаҳошон низ.
-Шумо чанд рӯз меҳмони хатлониён будед ва лутфан бигӯед, ки муҳити навро чӣ гуна дарёфтед?-мепурсам аз иштирокчии дигари чорабинии фарҳангӣ Малика Ақдодова, устоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев.
-Ман бо гурӯҳи устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар Хатлон ширкат варзидам. Шомили гурӯҳ донишҷӯёне ҳам буданд, ки нахустин бор бурун аз қаламрави вилоят сафар доштанд. Дидорбиниҳо, пазироӣ ва муносибати самимии мардум дар қалбҳоямон таассуроти неки амиқ боқӣ гузоштанд. Озодона дар кӯчаву хиёбонҳо, бозорҳои маркази вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он сайру гашт мекардем, касе ба мо кордор набуд, баръакс чун мефаҳмиданд, ки меҳмонем, эҳтирому лутфу меҳрубониашон меафзуд ва дар бозор молро ба мо бо нархи арзонтар пешниҳод менамуданд.
Чанд рӯзи дар хонаи хатлониён меҳмон будан, худро чун дар нишемани хеш эҳсос мекардем ва ошноӣ бо кору рӯзгори ин мардум ва пазироии самимиашон афкори моро нисбати мардуми хиттаи мазкур куллан дигар кард. Ягон нафари сатрпӯшро надидем. Аъзои хона бо мо гирди як дастархон менишастанд ва бо ҳам суҳбати ҷонпарвар менамудем. Мо байни худ ва онҳо фарқияте надидем.
-Баҳои Шумо ба ҷилои санъату ҳунар дар Рӯзҳои фарҳанг? -суҳбатро идома мебахшам бо Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Маҳингул Назаршоева.
-Санъат ифодагари хулқу атвори мардум аст ва дар Рӯзҳои фарҳанг, чи дар Суғду чи дар Хатлон, меҳмонону мизбонон эҳсосоти сулҳу дӯстӣ ва миннатдориашонро бо забони созу наво ва суханони меҳромез ба шаклу шеваи шево ва маҳорати баланд ба ҳам иброз доштанд. Садои карнаю сурнай, таблаку ғижак ва дафу доира чун забони ваҳдат дар фазои дӯстӣ ва ҳамдилии кишвар танинандоз буд. Санъати мардуми тоҷик дар Суғду Хатлон ва Бадахшон вижагиҳои худро дорад ва ин гуногунрангӣ санъати тоҷикро оламшумул гардондааст. Санъат ва ҳунари рангоранги мардумӣ заминаи асосӣ барои рушди сайёҳианд ва бовар дорам, ки бо эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ минбаъд ин соҳаҳо дар заминаи ҳамдигар боз ҳам бештар рушд хоҳанд кард.
Олами офаридаҳои ҳунармандони тарафи мизбон хеле зебо ва гуногунранг буд ва аз рушди бесобиқаи ҳунармандӣ дар ин манотиқ дарак медод. Вале мутмаинам, ки мо ҳам тавонистем, санъати воло ва ҳунарҳои нафисаи зеборо ба таври шоиста муаррифӣ намоем. Бахусус, маснуоти гуногуни аз сангҳои табиии ороишии Бадахшон омоданамудаи ҳунармандони сангтарош ва бофандагони ҷуробу тоқидӯзон тамошогар ва харидори зиёд доштанд.
Корвони ҳазораи сафариёни Рӯзҳои фарҳанг натанҳо аз санъатварону ҳунармандон, балки соҳибкорон, муаллимону табибон, олимон, донишҷӯён ва намояндагони касбу кори гунонун мураттаб гардида буд, ки теъдоди бештарашро ҷавонон ташкил медоданд.
Бо ҳисси ифтихор ва масъулият ҳамчун вориси нахустин Ҳофизи халқии Тоҷикистон аз байни занон Моҳҷон Назардодова ва ба ҳайси роҳбари гурӯҳи хунарии «Эҳё» шодам, ки дастагули созу таронаҳои халқии армуғон бурдаамон писанди мухлисон афтоданд.
-Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ таманниёти Шумо ба мардуми кишвар.
- Ман ҳамчун ҳунарманд сафарҳои зиёди дохиливу хориҷӣ доштам, аммо фазои ҳамдилӣ ва ҳамсадоии Рӯзҳои фарҳангро дар Хатлону Суғд болотару волотар дарёфтам. Самимият ғолиб буду дар ҳар хона чун дар хонаи худ будем.
Дар хонаводаҳо кадбонуҳо кӯшиш менамуданд, ки дастархонро бо маҳсулоти худӣ оро диҳанд, бо нону кулчаҳои гуногун, панир, чакка, қурутоб, ҷурғот, сабзавот ва муҳимаш ин ҳама бо лутфу меҳрубонии зиёд ҳамроҳ буд.
Вақти баргузории Рӯзҳои фарҳанги Хатлон дар Бадахшон як адиби хатлонӣ пас аз ошноӣ бо шароити сахти зиндагии мардуми кӯҳистон дар маҳфили дӯстӣ иброз дошт: «Ба мардуме, ки дар пояи санг, ки гиёҳ дар он базӯр мерӯяд, зиндагӣ мекунанд, меҳнат мекунанд ва фарҳангамонро пос медоранд, офарин мегӯям».
Мо бо кору бори аҳли заҳмат дар Хатлон шинос шудем. Бо чашми сар дидем, ки деҳқонони заҳматқарин дар гармои тамуз ба парвариши киштаҳояшон машғул буданд. Сад офарин мегӯем ба ин мардуми ҳунарманд ва меҳнатоин, ки танҳо панҷаҳои тавоно ва арақи ҷабини чунин мардуми заҳматпеша қодир аст аз хок зар рӯёнад. Ба қавли шоир Лаълҷуббаи Мирзоҳасан:
Ба ин афсонакишвар ҳар замон шукрона бояд кард,
Ба ин ободии ҷаннатнишон шукрона бояд кард.
Куҷо, эй ҳамватан бошем, ба вақти субҳгоҳу шом,
Ба ободии мулки тоҷикон шукрона бояд кард.
Ш. Мирзоҷалол, ВМКБ