Танӯрсозӣ низ чун дигар ҳунарҳо заҳмат талаб мекунад. Як танӯр дар давоми 1 рӯз омода мегардад. Нахуст лойи танӯр тайёр карда мешавад, ки ба гуфти онҳо мушкилтарин кор дар танӯрсозӣ аст, зеро аз омода намудани лой сифату намуди танӯр сахт вобастагӣ дорад. Ба таркиби лой хоки ширадор, гулбутта ва пашми гӯсфанд дохил карда, онро дар муддати чанд вақт омехта мекунанд. Пас аз дам додани лой онро дар шакли тахта дар замин рехта, чанд соат нигоҳ медоранд. Сипас онҳоро пас аз андаке хушкидан қабат –қабат бо навбат болои ҳам гузошта, бо ҳам мепайванданд. Қабатҳои пайвастаи лойро тавассути асбобҳои лозима ба шакл дароварда, дар оташ каме гарм мекунанд ва муддати 1 ҳафта дар офтоб мехушконанд.
- Тайёр кардани танӯр кори як нафар нест. Дар ин кор ба ман ҳамаи аъзоёни оилаам кӯмак мекунанд. Фарзандонро дар атрофам муттаҳид кардаам. Мо бо ҳам кори савоб ва барои ҷомеа манфиатнокро ба анҷом мерасонем. Зеро маҳз тавассути танӯр нону фатирҳои гарму болаззат, самбӯсаву суманаки хушмаззаи танӯрӣ, анвои дигари гуногуни маҳсулоти нонӣ омода шуда, дастархони ҳар тоҷикро зеб медиҳанд. Маҳсули занони чирадаст маҳз аз танӯр бармеояд. Заҳмати танӯрсозон аст, ки аз ҳар хонадон имрӯз бӯи нони гарм меояд ва дастурхони мардум пурфайз аст, - мегӯяд Одилҷонамак.
Ҳар нафаре ки соҳибҳунар аст, аз пайи он ризқу рӯзиашро меёбад, таъкид мекунад ҳамсуҳбатам. Имрӯзҳо аз ҳунари ин оилаи ҳунарманд на танҳо сокинони шаҳру деҳоти Конибодом, балки мардуми Исфара низ баҳраманданд.
Азбаски танӯрсозӣ аз обу ҳаво вобастагӣ дошта, мавсимӣ аст, марди хонадон бо дуредгарӣ низ машғул мешавад. Аз уҳдаи сохтани дару тиреза, сандуқ бо маҳорати хоса мебарояд. Санавбархола низ дар таъмини буҷаи оила ва рӯзгор саҳмгузорӣ менамояд.
- Ғайр аз он ки дар сохтани танӯр ба шавҳарам ёрӣ мерасонам, инчунин бо дӯзандагӣ ҳам машғул мешавам ва куртаҳои занона медӯзам. Ба ғайр аз ин кӯрпаву болин омода мекунам. Бонуи хонадон бояд дар паҳлӯи мард истода, дар ҳама кор кӯмак расонад, озодаву сариштакор бошад. Ҳунарманд ҳеҷ гоҳ хор намешавад, аз маҳсули дасти худ ҳар ҷое бошад, нонашро ёфта мехӯрад - мегӯяд холаи Санавбар, модари оила.
Эълон гардидани соли 2018 ҳамчун соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ин оилаи ҳунармандро низ руҳбаланд намудааст. Онҳо ният доранд, ки дар партави ғамхориву таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбати аҳли ҳунар пайваста ҳунарашонро ривоҷ дода, ба дигарон низ омӯзонанд. Сафи шогирдонро зиёд намуда, доираи фаъолияташонро фарохтар созанд.
Абдуҷалили Амон