Дар ҷараёни инкишоф кӯдакон аз якчанд зинаҳо мегузаранд, ки омӯхтани онҳо басо муҳим аст.
Волидайн нахуст саъй менамоянд, ки талаботи асосии кӯдакро қонеъ гардонанд, амсоли ниёз ба хӯрок, либос ва манзил ва хостори онанд, ки хоҳишҳои онҳоро амалӣ созанд, лек на ҳамаи ин хоҳишҳо метавонанд амалӣ гарданд, чаро ки аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ маҳдудият метавонад садди роҳ гардад.
Волидайн ва ё парасторон аксаран ба мушкилоти шахсии хеш фурӯ рафта, бо андаке рафтори ноҷои кӯдак хашму ғазаби худро ба сари ӯ мерезанд ва озурдахотираш менамоянд. Усулҳои зиёдест, ки барои беҳтар кардани рафтори кӯдак метавон истифода бурд. Агар вай рафтори ноҷо намояд, на танбеҳи ҷисмонӣ, балки фаҳмонанд, ки рафтору кирдори ӯ чӣ оқибатҳои манфӣ хоҳад дошт. Миёни мардум низ танбеҳ додани кӯдак ирода ва рӯҳияи ӯро мешиканад ва осебпазираш мегардонад. Низоъ ва муноқишаҳои оилавӣ низ набояд дар ҳузури кӯдак сурат гирад.
Мушкилоти кӯдаконро дарк намудану роҳҳои ҳалли онро пайдо сохтан зарур аст. Агар кӯдак беист гиряд, мебояд вақт дод, ки каме ором шавад ва пасон дар мавриди мушкилоти ӯ пурсуҷӯ кардан муҳим аст.
Барои он ки кӯдак дарк созад, ки калонсолон аз ӯ чӣ мехоҳанд, бо ӯ чун бо калонсол гуфтугӯ мебояд кард – ин ҷо аз рӯи фаросат амал кардан ва сабру таҳаммул намудан зарур мебошад. Доду фарёдзанӣ ба сӯи кӯдак дар ниҳоди ӯ ғазаб ва хафагиро ба вуҷуд меорад. Агар пайваста муносибати дурушт ва дағалона нисбати кӯдак зоҳир гардад, дар вуҷудаш тарсу ҳарос ҷой гирифта, дар ҷараёни азхудкунии таълим ақиб монда, ба худ фурӯ меравад. Агар фарзанд ба суханони волидайн гӯш надиҳад, пас метавон хулоса кард, ки бо ӯ натавонистаанд дӯст гарданд ва муҳимтар аз ҳама пеши назари ӯ шахси бонуфузу боэҳтиром гарданд.
Дар тарбияи кӯдак муҳим – ин бо меъёри муайян ҷиддият зоҳир намудан аст, ки бе ин наметавон тарбияро дуруст ба роҳ монд. Агар вай рафтору кирдори хуб зоҳир менамояд, инро ба назар гирифта, ҳатман ки амалҳои хуби ӯро таърифу тавсиф намоянд. Агар машғули чизе бошад, масалан ба бозӣ, набояд ба ӯ дахолат кард, то он даме ки ӯ аз калонсолон кӯмак напурсад. Агар кӯдак бо мушкилот дучор ояд ва мадад хоҳад, мебояд ки ба ӯ ёрӣ расонд ва танҳо он қисми шуғлеро, ки кӯдак аз уҳдаи он намебарояд, ба зимма гиририфта, боқимондаи онро ба ихтиёри кӯдак мондан зарур аст, то ки худ мустақилона андеша намояд.
Инсон ба сухан кардан ва шунидани суханони дигарон ниёз дорад. Кӯдакон низ аз ин истисно нестанд. Кӣ боре ҳам мушоҳида накардааст, ки аксарияти кӯдакон зиёд гап мезананду дар ҷавоб калонсолон амр месозанд, ки «хомӯш бош!»? Тифл ба ин тариқ, дунёи иҳотакардаи хешро меомӯзаду мо бошем намехоҳем, ки оромии моро касе халалдор созад.
Қобилияти гӯш карда тавонистанро на ҳар кас дорост, ки он асоси барпо намудани муоширати мӯътадил мебошад. Кӯдак хоҳони он аст, ки суханонашро набурида, гӯш андозанд ва бо ӯ баҳс наангезанд. Ҳиссиёт ва нуқтаи назарашро дарк намоянду маҷбураш насозанд, ки ӯ танҳо калонсолонро бояд гӯш кунад. Агар дар мавриди мушкилиҳо ва нокомиҳои худ бо кӯдак ҳарф задед, дар симои шумо ӯ на танҳо волидайн, балки дӯстеро хоҳад дид, ки ба ӯ метавон рози дил гуфт. Дунёро бо чашмони онҳо нигаред. Чунин муҳитеро фароҳам оред, ки дар лаҳзаҳои душвор кӯдак донад, ки дари шумо ҳамеша ба рӯи ӯ боз аст ва ӯ метавонад ба шумо роз гӯяд ва оғӯши гарматонро эҳсос намояд.
Волидайн бо рафтору кирдори хеш назди фарзандон бояд намуна бошанд ва агар волидайн одати баде дошта бошанд, аз қабили истифодаи машрубот ва тамоку, барои фарзанд чунин амалҳо муқаррарӣ намуда, минбаъд онҳо низ метавонанд аз онҳо роҳат истифода баранд.
Он рафтору кирдорҳое, ки дар шахсияти кӯдаки худ дидан мехоҳед, ҳамонҳоро ба ӯ омӯзонед. Одатан хурдсолон намедонанд, ки кадоме аз рафторҳо нодуруст аст. Рафторҳои дурустро бо тартиби муайян ба кӯдак мебояд ки фаҳмонд, то қоидаҳои дар хона ҷорикардаро ба хубӣ дарк намояд ва риоя созад, аз қабили қоидаҳои бехатарӣ, қабули хӯрок, вақти бозӣ, сайругашт ва хоб. Хуб мебуд, агар ин қоидаҳо ҳарчи бештар оддӣ бошанд ва аз ҷониби ҳамаи хонавода риоя шаванд.
Тифл поку беолоиш ба дунё меояд ва дар ниҳоди ӯ ба вуҷуд овардани хислатҳои неки инсонӣ, ба монанди поквиҷдонӣ, ростқавлӣ, ҳақиқатбинӣ, инсондӯстӣ, раҳмдилӣ ва ғайра вазифаи падару модар ва парасторон мебошад. Барои чунин хислатҳоро дар кӯдак парваридан худи тарбиятгарон бояд дорои чунин хислатҳои воло бошанд, то фарзанд бо чунин падару модар ифтихор намояд ва зиндагиро бештар дӯст дорад.
Таҳияи Ситора