Шоми ҳамон рӯз дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Ҳамин тариқ, Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-ум то 9-уми майи соли 2018 идома ёфта, дар доираи он барномаҳои ҷолибу рангини ҳунарӣ, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, санъати наққошӣ, хаттотӣ ва аккосӣ, ғизоҳои миллии арабӣ манзури тамошобинони тоҷик гардонида шуд. Аҳли ҳунари Арабистони Саудӣ барномаҳо ҳунарии хешро дар баробари шаҳри Душанбе, инчунин дар шаҳрҳои Ҳисор ва Норак низ пешниҳоди ҳаводорони санъат намуданд.
Инчунин дар доираи Рӯзҳо байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии фарҳанги Арабистони Саудӣ барномаи иҷроияи ҳамкориҳои фарҳангӣ қабул гардид, ки онро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Мудири иҷроияи департаменти фарҳанги Кумитаи давлатии фарҳанги Арабистони Саудӣ Аҳмад ал Мазияд, ки ба ҳайси сардори ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буд, ба имзо расониданд.
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон бахшида ба мавқеву манзалати зани Арабистони Саудӣ муколамае таҳти унвони «Ҷойгоҳи зан дар Арабистони Саудӣ» бо иштироки профессор, доктори илмҳои ҷомеашиносӣ ва маорифи Донишгоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Фозия Албакр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, ки ба олимону муҳаққиқон ва рӯзноманигорони тоҷик имкон дод, то оид ба тарзи зист ва фаъолияти бонувон дар Арабистони Саудӣ шинос гарданд.
Фозия Албакр, устоди донишгоҳи Риёз зимни баромадаш аз ҳаёту рӯзгори занҳои араб қисса намуда, гуфт, давоми чанд соли охир шоҳигарии Арабистони Саудӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст, то дар кишвар баробарҳуқуқии занҳову мардҳоро таъмин намояд. Ба гуфтаи профессор Фозия агар се соли пеш дар ширкату коргоҳҳои Арабистони Саудӣ танҳо 215 ҳазор зани араб фаъолият мекард, ҳоло бошад теъдоди онҳо ним миллионро ташкил медиҳад. Фозия Албакр, ки худ яке аз донишгоҳҳои бонуфузи амрикоро хатм кардааст ва айни ҳол узви комиссияи таъмини баробарҳуқуқии занҳои шоҳигарии Арабистони Саудӣ мебошад, мегӯяд дар нақша аст, ки то соли 2030 дар Арабистони Саудӣ барномаҳои ҳалли мушкилоти дигари бонувон низ қабул гардад. Ба гуфтаи Фозия Албакр агарчӣ таъмини баробарҳуқуқии занҳо дар Арабистони Саудӣ ба далели мазҳабӣ будани ҷомеа душвор аст, вале мақомот ният дорад, ки дар кишвар исломи маданӣ ҷойи исломи ифротиро бигирад.
Зимни чорабинӣ иттилоъ дода шуд, ки сафи донишҷӯдухтарон дар хориҷ аз кишвар низ рӯ ба зиёдшавӣ ниҳодааст. Ҳукумати Арабистони Саудӣ барои ҷалби бештари духтарон ба таҳсил барномаҳои зиёдеро рӯйи даст гирифтааст. Инчунин, маблағи таҳсил, роҳкиро ва ҷойи зисти донишҷӯдухтарони дар хориҷ ба таҳсил ҷалбшуда аз ҳисоби худи давлат пардохт мешавад. Бар зами ин, барои онҳо идрорпулӣ низ муайян гардидааст.
Маросими пӯшидашавии Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 8 май дар майдони 800-солагии Москва бо барномаи консертӣ ба итмом расид. Ҳунарпешаҳои Арабистони Саудӣ дар барномаи консертӣ суруду оҳангҳои миллӣ ва рақсҳои фолклориро манзури тамошобинон намуданд. Холид ал Умейр роҳбари гурӯҳи эҷодии Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти ду кишвар ва Вазоратҳои фарҳанги ҳарду ҷониб барои ташкили маросим ташаккур гуфта, аз пазироии гарму меҳмоннавозии мардум ва табиати нотакрори кишвари мо хушҳол будани иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳангиро иброз дошт.
Бунафшаи АБДУРАҲИМ