Бо рӯҳбаландӣ аз ин иқдом нуқтаҳои гуногуни маъмурии мамлакат, аз ҷумла шаҳри Душанбе рӯ ба шукуфоии бесобиқа ниҳода, гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангиву фароғатӣ таъмиру тармим мешаванд ва тафреҳгоҳҳои нав аз худ дарак медиҳанд. Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ яке аз он маконҳоест, ки баъд аз таҷдиду тармим ба хатсайри сайёҳии Ҳукумати кишвар шомил шуд.
Баъди таҷдиду тармим боғ ба мавзеи дӯстдоштаи сокинон ва меҳмонони пойтахт табдил ёфт. Ин макони тафреҳу тамошо дорои ду даромадгоҳ - асосӣ ва ҷанубӣ буда, бо санъати баланди меъмории миллӣ бунёд шудаасту аз тамошои муҳити сабзу хуррамаш чашм кандан амри муҳол аст. Каме сайр кардан дар табиати зебои он басанда аст, то хастагият рафъ шавад. Мардуми зиёде зери айвону нишастгоҳҳои боғ қарор гирифта, машғули истироҳат буданду кӯдакон дар майдончаи муҷаҳҳаз машғули бозианд.
Ҳамаро муҷассамаи пуршукӯҳи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ҷалби таваҷҷуҳ менамояд, ки бо як маҳорати баланди пайкарасозӣ офарида шудааст. Ин лавҳаи мукаммали ҷовидона маҳсули эҷоди Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайкалтарош Ғафурҷон Ҷӯраев мебошад, ки 86 метри мураббаъро фаро мегирад. Мақбараи устод Айнӣ бо истифода аз сангҳои гуногун бунёд гардида, бо нақшу нигори миллӣ ҳаккокӣ гардидааст. 160 метри мураббаъ масоҳат дошта, роҳравҳои атрофи он бо сафолакҳои ранга оро дода шудаанд.
Роҳбарии боғро Амрулло Боқиев бар дӯш дорад ва эшон барои хидматгузории намунавӣ ба меҳмонону сокинони пойтахт кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад.
- Дар натиҷаи тармиму таҷдиди дубора дар боғ бинои амфитеатр, айвону нишастгоҳҳо, фаввораҳои муҷаҳҳаз бо чароғҳои рангоранг ва дигар иншооти ёрирасони замонавӣ бунёд шуда, хатҳои таъмини об, шабчароғҳо ва ноқилҳои барқӣ пурра навсозӣ гардиданд. Бояд гуфт, корҳои ободонӣ ва таъмиру навсозии боғ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе анҷом ёфтанд,-иқрор меояд А. Боқиев.
Боғ аз лиҳози бехатарӣ ҳам ба талабот ҷавобгӯ буда, дар гӯшаву канори он дурбинҳои назоратӣ рӯи коранд.Дар ҳудуди боғ зиёда аз 3480 бех дарахтону буттаҳои гуногуни сояафкану ороишӣ, аз қабили санавбар, сарви хиромон, сарви аризонӣ, чинор, фарк, қарағоч, арча, арчаи виржинӣ, шоҳбулут, шоҳидарахт, чормағз, корнус, дроки испанӣ шинонда шуда, масоҳати майсазорони он 11, 8 ҳазор метри мураббаъ ва майдони гулзораш 6 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Амфитеатр
Дар бинои амфитеатр барномаҳои ҳунарии бахшида ба Рӯзи Модар ва ҷашнвораи Наврӯз ройгон гузаронда шуданд. Дар баробари ин, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, рӯзҳои шанбе-якшанбе ҳунармандони ноҳияҳои пойтахт бо барномаҳои ҳунарӣ табъи ҳозиронро шод менамоянд, ки ин низ ройгон сурат мегирад. Инчунин, барномаи шеърушакари шоир Хайрандеш ва намоишномаи театри «Паканаҳо» барои мактаббачагон ва нафароне, ки ба тамошои боғ меоянд, ройгон намоиш дода шуд.
-Тибқи супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, мактабҳои оливу миёна вобаста шудаанд, ки аз соати 16:00 то 18:00 барномаҳои ҳунарии бидуни маблағ баргузор намоянд. Ин тадбири муассири фарҳангӣ рӯзҳои истироҳат баргузор шуда, то моҳи ноябр идома меёбад,- мегӯяд мудири шуъбаи амфитеатр Мустафо Пиров.
Ин иншооти фарҳангӣ дорои 1604 ҷойи нишаст буда, дар масоҳати 2 ҳазору 540 метри мураббаъ доман густурда, дорои иншооти ёрирасон, аз ҷумла ҳуҷраҳои кории ҳунармандон ва қаҳвахона мебошад.
Дунёи афсона
Дар боғ барои фароғату дилхушии кӯдакон дар масоҳати 2500 метри мураббаъ майдонча пай афкандаанд ва аттраксионҳои муосир насб гардидаанд. Яке аз майдончаҳои дилхушии кӯдакона «Дунёи афсона» мебошад. Дар «Дунёи афсона» тарзи ороиш ва сохти дари даромадаш диққати ҳамаро ҷалб менамояд. Дар дохили мавзеи фароғатӣ динозаврҳо сохта шудаанд, ки наврасонро ба сӯи худ мекашанд. Дар як қисматаш киштие дар дохили об сохта шуда, дар лахти дигараш боз майдончаи дилхушии кӯдакона бунёд ёфта. Майдончаи кӯдаконаи мазкур аз ҷониби ширкати «ТАЛКО» омода шудааст. Аз оғози фаъолият то нимаи моҳи апрел даромад ва нишастан ба аттраксионҳо ройгон буд. Сар аз нимаи моҳи апрели соли ҷорӣ бо қарори шаҳрдорӣ, ворид ва нишастан ба аттраксионҳо сари ҳар нафар 1 сомонӣ пардохт муқаррар гардид.
Ба ҷуз ин, майдончаи дигаре низ ҳаст, ки ба он ҷо метавон ройгон ворид шуд. Кӯдакон низ метавонанд бидуни пардохти маблағ он ҷо бозӣ кунанд. Бештари вақт, рӯзҳои истироҳатӣ, волидон фарзандони хешро барои тамошо ба ин ҷо меоранд. Теъдоде аз падару модарон агар фарзандони хешро барои бозӣ кардану сайру гашт биоранд, қисми дигарашон ба он хотир аз ин боғ дидан менамоянд, то ки фарзандонашон дар бораи устод Садриддин Айнӣ бо тамошои маҷмааи меъмории ӯ маълумоти муфассал ҳосил кунанд.
-Фарзандони ман ба адабиёту таърих рағбати беандоза доранд. Мақсад аз ташриф овардани ман бо фарзандонам ба ин боғ он аст, ки онҳоро бо рӯзгори устод Айнӣ ошно созам, - мегӯяд Майсара Ҳошимова, ки ҳамроҳи ҷигарбандонаш машғули тамошои боғ буд.
Дар баробари сокинони пойтахт ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ сайёҳону меҳмонони хориҷӣ низ ба ин ҷо ташриф меоранд. Як гурӯҳ донишҷӯёни афғону ҳиндуро дидем, ки машғули сайру тамошо буданд. Бо ҳам сурудхонӣ карда, мерақсиданду мебозиданд. Ба ҷуз ин, сайёҳон аз Украина низ аз тамошои ин тафреҳгоҳ лаззат мебурданд. Тавре Елена Куимова дар суҳбат ба мо гуфт:
- Бори аввал аст, ки ман ба Тоҷикистон меоям. Тасаввур намекардам, ки Тоҷикистон як кишвари зебову дилрабост ва ин қадар ҷойҳои тамошобобу диданӣ дорад. Дар ин боғи сабзу хуррам риояи тозагию тамиз будани ҳама ҷо ва майдончаи дилхушии «Дунёи афсона» бароям писанд омад. Мутаассифам, ки ба муҳлати хеле кам ба ин ҷо омадем, вале дар оянда ният дорам, ки боз дубора ташриф ораму аз тамошои дигар маконҳои зебои Тоҷикистон ҳаловат барам.
Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ соли 1954, баъди дар ин мавзеъ ба хок супурдани устод Айнӣ таъсис ёфт, вале бар асари солҳои нооромӣ дар ҷумҳурӣ дар вазъи начандон хуб қарор дошт. Инак, баъд аз навсозӣ ба қатори маконҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, ҳамарӯза аз соати 05:00 то соати 22:00 дари он ба рӯи сокинону меҳмонони пойтахт боз аст.
Бунафшаи Абдураҳим