Корро аз намоишгоҳи як гурӯҳ ҳунармандони ноҳия, ки дар хонадони Саидовҳо баргузор гардида буд, сар кардем. Шерафган Саидов, сардори Муассисаи давлатии «Корхонаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ»-и ноҳияи Данғара чил сол боз ба гулкориву кабудизоркунии шаҳраки Данғара машғул аст. Тавре ӯ мегӯяд, 18 сол роҳбарии корхонаи мазкурро бар дӯш дорад. Аз 56 корманди идора 32 нафарро занон ташкил медиҳанд. Майдони ниҳолшинониву кабудизоркунӣ, ки гулпарварони корхона ба уҳда доранд, 14 гектар мебошад ва дар масофаи 51 километр тӯл кашидааст.
Шукуфоиву сабз андар сабзии ду канори роҳҳои мошингарду пиёдарави маркази ноҳия ва гулгашту кӯчаҳо касро мафтун мекунад. Аз ин манзара маълум аст, ки гулпарварони данғарагӣ аз иҷрои вазифаи худ ба хубӣ мебароянд. Ин ҳама ободиву бунёдкорӣ, зебоиву хушнамоӣ, воқеан ҳам, Хуррамшаҳри афсонавиро мемонад.
ГУЗАРГОҲИ ҲУНАРМАНДОН
Дохили иқоматгоҳи Шерафган Саидов, хусусан саҳни гирдогашти бинои иборат аз чанд хонаву иморат ва айвончаҳои бо усули кундал наққошишуда, кату манҷаҳои кандакорӣ ва фаввораҳои оби пурхурӯшаш бӯстонсаройро мемонд. Ҳавлӣ низ мисли роҳу кӯчаҳои Данғара серобу гулрез, сабзу хуррам ва тозаву озода ба назар мерасид. Табассуми гулу буттаҳои зинда, радаи дарахтони сарсабзи рӯи роҳраву даҳлезу боғчаи ҳавлӣ, шукуфтаҳои гулдӯзиву сӯзанӣ, қуроқу намад, заркӯбиву попурии болои дару девори хона хаёли моро дуболо бармеангезад, то бори дигар ҳикмати садсолаҳо роиҷу раво «Дасти инсон гул аст» дар зеҳни мо рӯшан шавад.
Намоишгоҳи ҳунару дастранҷи косибон дар раставу дӯконҳои дохили ҳавлӣ эҷоднамудаи сокинони маҳалла, тавъам ба танини мусиқору арғушту бозии хурду калон ва суруду таронаҳои фолклорӣ як маъракаи бошукӯҳи фарҳангии мураттабу муназзамро ба хотир меовард. Гӯё, ба дарвозаи бозор ё гузари косибону ҳунармандони Самарқанду Бухорои қадима афтода бошем.
Ин ҳама мардумони як маҳалла, хешу табор ва наздикони оилаи Саидовҳо мебошанд. Тавре ҳамсари Шерафган - Сафаргул Валиеваи ташаббускори ин чорабинӣ иброз намуд, бонувоне, ки дар ин маърака иштирок доранд, ҳама косибанду ҳунарманд. Худи бону Сафаргул, ки анқариб бист сол дар соҳаи савдо фаъолияти пурсамар анҷом додааст, раиси Шӯрои занони ҳунарманди маҳалла асту бо часпу кору тараддудҳои наҷибаш машҳуру маъруф.
Ӯро феълан андармони дуғкашӣ дарёфтем. – «Хуш омаден, меҳмонои азиз, ҳозир маскаи тоза мехама, сарибод фатирмаска тайёр мешава…», - гуфта чусту чобук табақ ва ҳама василаи ғизои мавриди назарро рӯи даст гирифту кадбонугиро шурӯъ кард. Дар чакдон бошад, ҳунармандони дигар - Вилояту Фотимабону нимнонаву нони тунукӣ, фатири кураку кулчаи ширмол омода менамуданд. Як сӯ бӯи нону чапотӣ, як сӯ бӯи ошу отала ба димоғ мерасид. Ин бонувони ҳунарманд ҳар як иду ҷашнвораро якҷо сарҷамъ пешвоз мегиранд, бо ҳам омодагӣ мебинанду шодишарики ҳам мешаванд.
ҲУНАРМАНД ҲАР ҶО БУВАД САРФАРОЗ
- Мо дар маҳалла қариб ки зани беҳунар надорем. Агар бошад ҳам, тез ба шуғле ӯро фаро мегирем, ягон корро ёдаш медиҳем, - мегӯяд бо табассум бону Сафаргул. Ин зани фаъол дару девори хонаашро дар ҳар иду маърака ва пешвози меҳмонҳо идона ороста мекунад. Гулдӯзӣ анҷом медиҳаду куртаву қуроқ пора мекунад, намад мерезаду ҷӯроб мебофад, анвои нону ғизоҳои миллӣ таҳия менамояд. Гузашта аз ӯ, мутриби хубнохуне низ ҳаст. Ба иқрораш, нохун кардани дуторро аз волидонаш омӯхтааст. Ба фикри ӯ ҳар шахс лоақал дар як сози мусиқӣ бояд балад бошад, зеро: «Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарафроз».
- Ҳунармандӣ аз насл ба насл меросӣ мегузарад. Моро модарон касбу ҳунари хайётиву гулдӯзиву чакан, намадрезию қолинбофӣ ва пухту пази хӯрокҳои тоҷикиро омӯхтанд, оини заҳматқариниро дар дилу дидаи мо ҷо намуданд. Ҳамакнун ин рисолат бар дӯши мост, то ҷигарбандонамон меросбари ин ҳама ҳунарҳо бошанд.
Қуроқу гулдӯзӣ, кӯрпаву кӯрпачадӯзӣ, рӯи сандуқу шероз, чакану попуризанӣ аз зумраи ҳунарҳои дастии Сурмахон Тӯрақулова ва духтараш Таҳмина мебошад. Ҳамроҳи фарзандону сунҳорҳояш бо маҳсули дастранҷи худ кайҳост, ки берун аз вилоят машҳуру маъруф гардидаанд. Ин пешавар бо аҳли байти худ дар чандин намоишгоҳҳои косибӣ дар ноҳия ва вилоят ширкат варзида, ҷойгузини зинаҳои ифтихорӣ гардидааст.
- Аз ҳисоби фурӯш ва савдои молу маҳсулоти косибӣ зиндагӣ пеш мебарем. Муомилоти мусоиди тиҷоратии колову армуғон ва дигар маҳсулот буҷети хонаводагиро ғанӣ намуда, имкон фароҳам овард, то фарзандҳоро хонондем, хонаву дар обод намудем, писару духтарҳоро тӯй кардем. Бениҳоят шодем, ки бо ибтикор ва пешниҳоди Сарвари муаззами давлат соли 2018 - рутбаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро касб кард. Акнун бо истифода аз имтиёзҳои фароҳам баҳри рушди соҳаи ҳунармандӣ мо метавонем сатҳ ва сифати зиндагиямонро боз ҳам беҳу болотар бисозем, - мегӯяд Сурмахон.
БАРДОШТИ НЕКУ
Гузарамон аз рустои ҳунармандони маҳаллаи Саидовҳо ба поён расид. Маҳз ҳамин гуна оилаҳои ташаббускору дастбахайр маҳаку меҳвари ҳар маҳаллаву ноҳия ва умуман ҷомеа ба шумор мераванд. Хонаводаи Саидовҳо намунаи хубе аз як оилаи суннатӣ ва анъанагарои тоҷик аст. Ҳисси баланди миллатдӯстию меҳанпарастӣ ба пиндору гуфтору кирдори беҳ мусоидат мекунад. Ин ҳамаро мо бо чашми сар дар милоли ҳамин хонавода дидем. Чил сол аст Шерафгану Сафаргул Саидовҳо зиндагонии ҳамвору серу пур доранд. Панҷ фарзанди хешро бо ахлоқу одоби ҳамида парварида, аз таҳсилоти олӣ бархӯрдор намудаанд. Онҳо низ акнун бо дару дуди ободи худ узви ҷомеа мебошанд. Акнун наберагонро, ки 12 нафаранд, навозиш мекунанду лаззати зиндагӣ мечашанд. Кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ба қадри имкон ба ниёзманде дасти хайру сахо дароз кунанд.
Дар баробари хонадони ободу меҳмоннавози Саидовҳо боз аз саду як ҷои дигари Данғараи ободу шукуфо дидан кардем ва кӯлвори сафари мо моломол аз бардошти неку шуд.
Далер САФАР,
Душанбе-Данғара-Душанбе