Пеша
Зардӯзӣ-кадбонугӣ. Ин ҳунарҳо бо ҳам тавъаманд, чаро ки ба қавле касби занонаанду барои бону-зани хонадон, хеле муҳиму зарур. Аммо, ҳангоме ки ҳунари андӯхтаатро боз ба касе меомӯзониву бо ифтихор аз ту устод ном мебаранд, лаззати дигар дорад.
Ин бонуи ҳунар Хубони Сорбон аст. Соли 1976 дар оилаи зиёӣ дар шаҳри Душанбе чашм ба олами ҳастӣ кушода, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №53 ба номи Муҳаббат Маҳмудоваро ба итмом расондааст. Замони хатми мактабаш ба ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ рост омада, он замон кам касоне буданд, ки шомили донишгоҳ мешуданд. Бидуни эътино ба ин ӯ соли 1993 ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дохил гардид. Баъд аз панҷ соли таҳсил ихтисоси муҳандис-технолог, қаннод, технологияи қаннодӣ, макаронӣ ва истеҳсоли маҳсулоти нониро дарёфт. Баробари хатми донишгоҳ, фаъолияти кориашро маҳз дар худи ҳамин даргоҳ ба ҳайси муҳандиси дараҷаи аввал шурӯъ намуд. Ҳамин тариқ, дар мартабаҳои баланд, аз ассистент, муҳандис, саромӯзгори кафедраи технологияҳои истеҳсоли маводи хӯрокворӣ то ба ҳайси мудири шуъбаи тарбия ифои вазифа намуд. Аз соли 2016 инҷониб мудирии бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳро бар зимма дорад. Дар баробари ин, аз фанни технологияи хӯроки омма ба толибилмон дарс мегӯяд.
Касби дувумаш зардӯзист
Хубони Сорбон дар баробари пешаи омӯзгорӣ аз ҳунари зардӯзӣ низ бархӯрдор аст. Ин ҳунарро ӯ аз модар омӯхт. Модараш яке аз зардӯзони чирадасти замони хеш маҳсуб меёфт ва барои аз байн нарафтани ҳунари омӯхтааш онро ба фарзандон ёд дод. На танҳо Хубон, балки 5 нафар хоҳарбузургаш низ ин пешаро фаро гирифта, зеро модар ҳанӯз аз замони бачагӣ меҳри ин ҳунарро дар қалби ҳар яке аз онҳо нишонд. Аммо, аз ҳамон овони кӯдакӣ меҳру муҳаббати Хубон аз хоҳаронаш фарқ мекард. Ӯ мехост ҳамаи чиро донаду аз нозукиҳои зардӯзӣ бархӯрдор бошад. Ҳар гоҳе модар сари дӯкони зардӯзӣ менишаст ва оғоз ба кор мекард, Хубон кунҷкобона мепурсид: «Чаро чӯбе, ки дар он сими зарду сапед печонида мешавад, на ин ки доирашакл, балки чоркунҷа аст ва барои чӣ аз чӯбҳои дигар истифода намекунед?». Модар ба ҷуз посух додан ба суоли ӯ чораи дигаре надошт, зеро медонист, ки Хубон то посухашро нагирад, оромаш намегузорад. Модар баъд аз каме таваққуф оромона посух гардонд: «Духтарам, ин чӯб барои он шакли чоркунҷа дорад, ки ҳангоми зардӯзӣ кардани матоъ ба ҳар ҷониб тоб нахӯрад. Аз дигар чӯбҳо истифода карда намешавад, чунки дохили ин асбоб сурб андохта шудааст, то вазнаш зиёда гардад ва ин чӯб махсус барои зардӯзӣ интихоб шудааст».
Ҳангоме ки бузург шуд, нақшу нигори офаридааш низ тағйир хӯрд. Дигар ӯ барои зочаҳояш не, балки барои наварӯсакон хилъатҳои арӯсӣ, арғувон, тоқӣ ва сартӯри зардӯзӣ медӯхт. Маҳсули дастони худро дар тани арӯсакон дида, меҳраш ба ҳунараш боз ҳам боло мегирифт. Дигар ӯ дилбохтаи ин ҳунар гардид ва ҳар гоҳе нақшу нигоре эҷод менамуд.
- Зардӯзӣ хусусияти ба худ хос дорад. Вақте ки сари дастгоҳ менишинӣ, то ба сомон нарасонӣ, аз ҷой бархестан амри муҳол аст ва бениҳоят меҳру муҳаббати хоссаро талаб менамояд. Шабҳое мешаванд, ки қариб то субҳ зардӯзӣ мекунам. Шавқ, ки ёварам аст, хастагиро эҳсос наменамоям. Як рӯз агар зардӯзӣ накунам, гумонам, ягон корро ба сомон нарасондаам, - мегӯяд Хубони Сорбон.
Маҳсули ҳунари ӯро чойникпӯшак, арғувонҳо, тоқӣ, бодбез, ҳамён ва либосҳои арӯсӣ, ҷомаи зардӯзӣ барои кӯдакон, ки дар тӯйи хатнасур ба бар мекунанд, ташкил медиҳанд. Бо ин восита ӯ мехоҳад, ба ҷаҳониён расму оин ва ҳунарҳои мардумиро муаррифӣ намояд. Аз ин лиҳоз, дар мувофиқа бо роҳбарияти донишгоҳ дар назди ин муассиса маркази ҳунарҳои мардумӣ таъсис ёфт, ки ба тозагӣ фаъолияташро раҳ андохт. Роҳбарии маркази мазкурро худи муаллима Хубон бар дӯш доранд.
- Муаррифӣ кардани расму оин ва маданият маҳз ба воситаи ҳунарҳои мардумӣ аст. Вақте мо номи ҳар як давлатеро мегирем, хӯроки миллии ҳамон кишвар ва ё либоси миллиашон пеши назарамон меояд. Барои ҳамин ҳам, мо имрӯз дар донишгоҳ дар баробари тарғибу омӯзиши хӯрокҳои миллӣ ҳунарҳои мардумиро низ ба толибилмон меомӯзонем, ки аллакай донишҷӯёни зиёде ба курсҳои мо номнавис шудаанду ҳунари зардӯзиро фаро гирифтан доранд. Бояд бигӯям, ки ҳар як нақше, ки меофарему рӯи он зардӯзӣ карда мешавад, маъниеро ифода мекунад. Масалан, саломдиҳакҳое, ки аз он арӯсҳо истифода мекунанд, дар он ҷо расмҳои кабӯтар ва ё булбул ҷой дода шудаанд. Онҳо нишон аз меҳру муҳаббат мебошанд,-иброз медорад қаҳрамонам.
Ба маркази ҳунарҳои мардумии донишгоҳ дар баробари ҷавондухтарон писарон низ рӯ меоранд, то аз нозукиҳои ҳунари зардӯзӣ бархӯрдор гарданд. Маркази мазкур курсҳои 3–6 моҳаро ташкил намуда, ба ҷуз донишҷӯёни ин даргоҳ, дилбохтагони ин ҳунар метавонанд ҳунари мазкурро биомӯзанд. Ба донишҷӯёне, ки ятим мебошанд, имтиёзи омӯзиши ройгон муқаррар шудааст. Хубони Сорбон на танҳо омӯзгор ва зардӯз аст, балки аз уҳдаи дӯхтани сӯзанӣ низ ба хубӣ мебарояд. Хубон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе низ мебошад, ки ин масъулиятест, душвору серталаб. Сирри муваффақияташро ӯ чунин шарҳ медиҳад:
- Мегӯянд, вақтро дарёб ва думболаш бошу аз он самаранок истифода бибар, на ки вақт туро. Вақтро дуруст истифода бурдан, яке аз роҳҳои муваффақ шудан дар кору зиндагӣ аст. Рӯзона вақтамро дар донишгоҳ ва корҳои вакилиям мегузаронам, вақте ба хона баргаштам, баъди ба анҷом расондани рисолати зан-модар, нисфи шаб ба зардӯзӣ машғул мешавам ва ҳатто рӯзҳое мешавад, ки то субҳ.
Пешниҳод
Дарвоқеъ, Хубон ҷӯёи илм, ҳунар ва фарҳангу маърифат аст. Кӯшиш менамояд, то дасти фитодаеро бигирад ва дар ҷодаи ҳунару илмомӯзӣ раҳнамояш бошад. Ба шогирдон бо меҳру муҳаббати хосса ҳунари зайлро меомӯзонад. Бо вуҷуди он ки имрӯз ӯ дар офаридани нақш ва ё ҳунаре мушкилӣ намебинад, аз он дар хиҷолат мешавад, ки маҳсули дасти ҳунармандон ба таври бояду шояд ба фурӯш намеравад. Сабаби инро ӯ дар дуруст тарғибу ташвиқ накардани маҳсулот аз ҷониби худи ҳунармандон медонад.
-Мушкили мо, ҳунармандон, дар он аст, ки маҳсули эҷоди худро тарғибу ташвиқ ва ба фурӯш гузошта наметавонем. Моро мебояд, ки мувофиқи замони муосир дизайн ва тарҳи наверо офарем, ки дар ҳама ҷо аз он истифода намоянд. Имрӯзҳо ба ман занҳои бисёре муроҷиат менамоянд, то дар либосҳои аврупоияшон як нишоне аз зардӯзӣ бошад. Зардӯзӣ як нозукӣ дорад, ки баъди ба бар кардан, онро шуста намешавад. Чунки зардӯзӣ дар картон нақшофарӣ шудааст ва ҳангоми об расидан картон аллакай фарсуда мегардад. Барои ин пешниҳод менамоям, ки зардӯзӣ тариқи часпакҳо дар либосу матоъҳо гулкорӣ карда шавад. Дар гиребон ва ё остини либосҳои аврупоӣ метавонем бо воситаи часпак зардӯзӣ намоем ва ҳангоми шустани либос онро метавонем барканему пасон дубора гузорем. Ва ё дар гиребонҳои курта нақши зардӯзиро низ тавассути тугмача метавон ҷой дод,-иброз медорад Хубон.
Зани хушбахтест, Хубон, чаро ки шавҳари ҳалиму меҳрубоне бо исми Беҳрӯз дорад, ки дар зиндагӣ ҳамеша ёрирасонаш аст. Подоши муҳаббати онҳо ду фарзанди дӯстрӯяшон - Меҳрону Салмо мебошанд. Бо кӯшишу заҳматҳои зиёди хеш ва дастгирии шавҳараш, ӯ моҳе қабл рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ташаккули бозори тарабхонаҳо» дифоъ кард.
Бунафша РАҲМОНОВА