РУҶӮЪ
МАМЛАКАТ Наҳангова 6.4.1924 дар деҳаи Шоҳмансур ба дунё омада, соли 2003 дар шаҳри Душанбе ба ҷаҳони боқӣ реҳлат намудааст. Педагог, номзади илмҳои филологӣ.
Иштирокчии ҳаракати стахановӣ, яке аз созмондиҳандаҳои ҳаракати пионерии стахановӣ дар Тоҷикистон. Дар 11- солагӣ, ҳангоми пахтачинӣ бо нишондоди воло ном бароварда. Ҷавонтарин ва якумин дар байни пионерон дорандаи ордени олии СССР - ордени Ленин (соли 1935).
Аз 11 нафар фарзанди оила танҳо Мамлакат ва хоҳараш Назокат зинда монданд. Падараш бармаҳал, ҳанӯз то замони мактабрав шудани фарзандонаш фавтида буд. Модараш Қурбонбибӣ аз хурдӣ Мамлакатро бо худ ба саҳро мебурд ва ӯ аз ҳамон овон ба модараш ёрӣ мерасонд.
Соли 1934 Мамлакатро ба сафи пионерӣ қабул намуданд. Дар синни 10–11 Мамлакат дар ҷамъоварии пахта дар колхози ба номи Лоҳутӣ, Ҷамоати деҳоти Шоҳмансури ноҳияи Сталинободи РСС Тоҷикистон фаъолона ширкат меварзид. Аз рӯи маълумот, ӯ дудаста чидани пахтаро хуб аз худ намуда, дар як рӯз то 70–80 килограмм ҳосил меғундошт. Ҳол он ки он айём барои калонсолон меъёр 13 кг буду онҳо то 15 кг пахта мечиданд…
ЁДДОШТ
МАМЛАКАТ баъдҳо мегуфт, ки калонсолон ба сари ҳисобчӣ омада ғавғо мебардоштанд: «Ту моро фиреб медиҳӣ, ба ин духтар барзиёд менависӣ…». Онҳо бо ин таҳдид қонеъ нашуда, пушт-пушти ман гашта, бовар намекарданд, ки ман чунин миқдор пахта мечинам. Бо ин ҳам онҳо ором нагирифта гап бофтанд, ки: «Ӯ парӣ дорад».
Дар яке аз митингҳои хоҷагӣ Мамлакат фаҳмид, ки ангишткане аз Донбасс Алексей Стаханов дар як басти корӣ 102 тонна ангишт кандааст. Бо хоҳиши раиси колхоз Мамлакат дар назди колхозчиён баромад карда, эълом дошт, ки ман ҳам дар як рӯз 102 килограмм пахта мечинам.
ТОҶИКДУХТАР
Моҳи декабри соли 1935 намояндагони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, пешқадамони арсаи меҳнатро дар Кохи Кремли Москва роҳбарони воломақоми ҳизбӣ ва давлатии СССР ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҳамин дидор қисмати зиёди пешқадамони хоҷагии қишлоқи умумииттифоқ бо мукофотҳои давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардиданд. Дар ин саф пахтачини моҳир, пионердухтари тоҷик Мамлакат Наҳангова низ буд…
Мамлакат буду шуд чанд калимаи русӣ медонисту бас. Суханон - меҳрномаи ӯро як хеши Анастас Микоян, ки тоҷикӣ меомӯхт, тарҷума мекард. Сталин ба Мамлакат аксеро, ки вай дар байни аъзои Бюрои Сиёсӣ (Сталин, Молотов, Андреев) бо ҷомаҳои тоҷикӣ таҷассум ёфта буданд, туҳфа намуд. Дар пушти сурат Сталин чунин навишт: «Ба рафиқ Мамлакат Наҳангова аз И. Сталин барои хониш ва кори хуб, 4.XII.1935».
ДИДОР БО СТАЛИН
МАМЛАКАТ 4 декабри соли 1935 бо фармони раиси Президиуми Совети Олии СССР сазовори ордени Ленин гашт.
Дидор бо сарвари Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Виссарионович Сталин боз аз он ҷиҳат хотирмон гашт, ки Мамлакат бо доҳӣ акси хотиравӣ гирифт. Сталин ба тоҷикдухтар як соати тиллоӣ ҳам туҳфа кард.
Мамлакат дар навбати худ тарҷумаи тоҷикии китоби «Масъалаҳои ленинизм»-и И.В. Сталинро ба муаллиф ҳадия намуд, ки доҳӣ аз ин инъом хеле ба ваҷд омад.
Боиси тазаккур аст, ки устод Абулқосим Лоҳутӣ «Мамлакат» ном шеърашро ба ифтихори сазовор гаштани Мамлакат Наҳангова бо ордени Ленин эҷод карда буд.
ЁДВОРАИ ГУЛЯ КОРОЛЁВА
МАМЛАКАТ соли 1936 ба лагери пионерии «Артек» даъватнома гирифт. Ӯ дар ин ҷо бо пионерони ордендор дар як отряд бо актрисаи ҷавон Гуля Королёва истироҳат мекард.
«Ин ҷо Мамлакат Наҳангова бо мост. Бале, худи худаш, ҳамоне, ки дар Тоҷикистон дудаста пахта чида, аз калонсолон пеш гузашта. Мамлакат дар шафати ман мехобад. Мо бо ӯ дар як отрядем. Вай аз ман хурд аст. Ман имрӯз ордени Ленинашро дидам, ки ба Мамлакат дар Кремл додаанд. Акси худро мефиристам. Дар он ман бо Мамлакат ва Барасбӣ акс гирифтаем» (Аз номаи Г. Королёва ба падараш аз «Артек», соли 1936).
ДОНИШҶӮ
МАМЛАКАТ бо оғоз шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба комиссариати ҳарбӣ рафта, хоҳиши ихтиёрӣ ба ҷабҳа рафтанро кард, аммо ҷавоби рад гирифт. Соли 1942 вай дар ҷамъоварии бозичаҳо ва дигар ашё барои кӯдакони дар муҳосирабудаи Ленинград ширкати фаъолона варзид ва барои супурдани онҳо дар ҳайати намояндагони Тоҷикистон ба Ленинград раҳсипор гашт.
Ӯ соли 1941 мактаби миёнаи №19-и шаҳри Сталинободро поён бурда, чанде пас, тобистони соли 1943, муҳассили шуъбаи англисии факултаи забонҳои хориҷии Институти давлатии педагогии шаҳри Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко гашт.
Пас аз итмоми курси якум, соли таҳсили 1944–1945, ӯро чун донишҷӯи боистеъдод, барои идомаи таҳсил ба Институти забонҳои хориҷии шаҳри Москва фиристоданд. Вале, соли 1946, бо сабаби бунёди оила ва сафари хидматии ҳамсараш Фёдор Валиев (афсари Шӯравӣ) ба Германия, таҳсилро мавқуф гузошт.
Пас аз бозгашт аз хориҷа, соли 1949 Мамлакат таҳсилро дар Институти давлатии педагогии шаҳри Сталинобод идома бахшид. Мамлакатро соли 1950 ҳамчун донишҷӯи фаъол ба узвияти ҳизби коммунист пазируфтанд.
ОМӮЗГОР
МАМЛАКАТ институтро соли 1952 бомуваффақият хатм намуд. Ҳамон сол ӯ ба сифати омӯзгори забонҳои хориҷӣ (англисӣ) дар донишкада ба фаъолият пардохт.
Номбурда рисолаи номзадиашро соли 1971, дар шаҳри Ленинград, дар Институти забонҳои Академияи илмҳои СССР дар мавзӯи: «Ҷонишин дар забони ҳозираи тоҷик» ҳимоя намуд. Аз он ба баъд, муаллима солҳои зиёд вазифаи мудири кафедраи методикаи таълими забони англисиро ба зимма дошт. Ҳамчун номзади илм, дотсент чанд китоби дарсиро аз фанни забони англисӣ барои мактабҳои миёнаи ҷумҳурӣ таълиф намудааст.
НАМОЯНДА
МАМЛАКАТ Наҳангова сар аз солҳои 40-уми асри гузашта дар конгрессу конфронсҳои зиёде ширкат варзидааст. Аз ҷумла, соли 1945 ҳамчун намоянда аз миёни ҷавонони Осиёи Миёна дар Конгресси ҷавонони ҷаҳон дар шаҳри Лондон иштирок ва суханронӣ намуда.
Соли 1955 ба ҳайси вакил дар Конфронси 5-уми тарафдорони сулҳ (Москва), соли 1961 дар ҳайати вакилони СССР ба Чехословакия, соли 1973 дар ҳайати вакилони Ҷамъияти дӯстӣ ва мадании Тоҷикистон ба Бангладеш, соли 1975 бахшида ба 40-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945, дар вохӯрӣ бо пионерони даврони ҷанг (Москва) ширкат варзидааст.
Ҳамчунон, муаллима солҳои 1959–1960 бо сафари корӣ дар Англия буд…
ИНСОНИ КОМИЛ
МАМЛАКАТ, ки ҳанӯз аз 12 - солагӣ шахси маълуму машҳур гашта буд, бо мурур, ҳамоно пуртамкину хоксор, инсондӯсту хушфеъл ва хушмуомила боқӣ монд. Ӯ бо хислатҳои наку дар қалби пайвандон, ҳамкорон, шогирдон ва ошноҳо ҳамчун инсони комил мақом ёфт. Мавсуф, ҳамзамон, чун фарди донишманд ва дипломат дар ҷамъият мавқеи устувори хешро дарёфт.
Мавсуф соли 2003 дар 79-солагӣ аз дунё чашм пӯшид. Имрӯз ӯ бо мо нест, аммо номи некаш дар қалби ҳазорон шогирдон, ҳамкорон ва дӯстону пайвандон мақом дорад…
Мамлакат Наҳангова узви Кумита оид ба равобити хориҷии Тоҷикистон буд. Хидматҳои шоёни муаллима бо нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», «Аълочии маорифи СССР», медали ба номи Н.К. Крупская ва ғайра қадрдонӣ шудааст.
Умари ШЕРХОН