Бино ба гуфтаи худи ӯ: «Хонандаи мактаби миёна будаму муаллима супориш дод, ки дар мавзӯи «Орзуи ман» иншои озод бинависем ва ман дар бораи санъаткор шуданам қалам рондам. Чун донишҷӯёнро он солҳо ба навоҳии гирду атроф барои пахтачинӣ мебурданд, ба ноҳияи мо низ донишҷӯён меомаданд. Ҳамон ҷо ман сурудхонӣ кардам. Ва бо шоираи ҷавон Санавбар Соҳибова, ки донишҷӯи бахши филология буд, шинос шудам ва як чаҳорпораи ӯро низ оҳанг бастам. Пас аз бозгашт Санавбар ҳунари маро ба Ҳамза Элбоев ва Гулназар Келдӣ мерасонад. Ин ду шахсияти бисёр шинохтаву маҳбуб ба деҳаи мо омаданд, овозамро сабт намуданд ва дар бораам мақола навиштанд, сурудҳоям тариқи радио садо доданд. Ин нафарон аз тақдирҷунбонони ман дар соҳаи санъат гаштанд, ки то имрӯз аз эшон миннатдор ва қарздорам». Дар ин маврид, Шоири халқии Тоҷикистон, устод Гулназар: «Ин бонуи ҳунарманд аз ибтидои солҳои 70-уми асри бист бо сурудҳои мактабиаш шинохта гардида буд ва баъдтар бо сабку услуби хос ва овози буррову форами табиӣ ба дунёи ҳунари сарояндагӣ қадамҳои устувор гузошт. Бояд иқрор шуд, ки Мастонабону ҳангоми таҳсил дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода машҳур буд. Ва ин шуҳраташро то имрӯз ҳифз намудааст».
АЗ САҲНАИ СИНАМО ТО САҲНАИ ШАШМАҚОМ
Мавсуф соли 1974 донишкадаро бо ихтисоси ҳунарпешаи драма ва кино хатм намудааст. Солҳои донишҷӯияш дар чанд намоишҳои саҳнавӣ нақш бозидааст. Дар филми таҳиягари шинохтаи тоҷик Тоҳир Собир - «Вохӯрӣ дар дараи марг» нақши модарро иҷро намуда, дар филми «Лӯлидухтар» нақши Хиромонхола ва дар драмаи «Нурхон» нақши қаҳрамони марказиро офаридааст. Спектакли «Нурхон» охирин ҳунарнамоии ӯ дар саҳнаи театр гардид ва пурра ба ҳунари мақомсароӣ пардохт. Ба иқрори худи ӯ: «Ман бо сурудҳоям Мастона шудам ва аз сурудан ҳеҷ дил канда натавонистам. Сабаби ба шуъбаи актёрӣ дохил шуданам, ин буд, ки он солҳо ихтисоси дӯстдоштаи ман набуд, аммо ҳарду саҳна бароям муқаддас аст. «Шашмақом» дар тамоми рӯҳу аҷзои ман ҳукмрон гардида, ҳатто бидуни он кӣ будани худамро эҳсос карда наметавонам».
Ин ҳама меҳру муҳаббати самимӣ ӯро пас аз хатми донишкада, соли 1978 ба ансамбли мақомхонони Кумитаи телевизион ва радио овард, ки роҳбари бадеии он Аҳмад Бобоқулов буд. Ҳамин тавр, назди устоди «Шашмақом» равоншод Боймуҳаммад Ниёзов ба омӯхтани ин санъати асил пардохт, ки 26 сол дошт. Дар ин боргоҳи муқаддас бо устодони бузург Нигина Рауфова, Нуқра Раҳматова, Маҳбуба Боҳирова, Саидқул Билол, Асадулло Атоуллоев, Ҷӯроб Бобоёров, Шуҳрат Мадмуродов, Қурбон Нарзуллоев, София Бадалбоева ва дигарон ҳамкорӣ намуда, ҳунари худро комил намудааст.
Бо азми қавӣ ва иродаи мардона Мастона дар муддати кӯтоҳ бо сабки хоси худ сурудаҳояшро дар пардаҳои гуногуни санъати классикии «Шашмақом» чун «Сарахбори наво», «Талқини чоргоҳ», «Соқиномаи Ироқи Бухоро», «Соқиномаи баёт» ва ғайра баҳри шунавандагонаш тақдим намуд. Бо суруди «Алла», «Тори миҷгон», «Ёри ситамкор», «Хоб дидам», «Ту ҷонони манӣ» ва даҳҳо таронаҳои дигар дар дилу дидаи мухлисонаш маъво гирифту ҳамдаму ҳамроз гардид. Ва ҳамчун ситораи дурахшон дар осмони санъати тоҷик дурахшид. Ин буд, ки ӯро соли 1989 ба унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз намуданд.
Фурқати Саид, устоди «Шашмақом», мегӯяд: «Бароям боиси ифтихор аст, ки бо Мастонабону дар ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Ф. Шаҳобов чанд сол фаъолият доштам. Воқеан, бонуи донандаву хонанда ва устоди касби хешанд. Эшон ҳамон гунае, ки таронапардозанд, ҳамзамон, мутриби мумтоз буда, дар созҳои гуногун истеъдоди фавқулода доранд. Таронаро бо печутоби садо ва маҳорати беҳамто ба сомон мерасонанд. Махсусан сурудҳои классикиро устодона ва бо лаҳни гӯшнавоз тағаннӣ мекунанд. Таронаҳои диловез низ эҷод кардаанд, ки алҳол шогирдону пайравони мактаби ҳунариашон дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов азбар намуда, дар чорабиниҳои фарҳангӣ иҷро мекунанд».
КОРНОМАИ МАСТОНАБОНУ
Дар тӯли зиёда аз чил соли саҳнаороӣ ва хизмати мардум Мастона Эргашева ҳанӯз ҳам сари кор аст. Яъне, замоне шогирд буд ва имрӯз шогирдоне тарбият мекунад, ки давомдиҳандаи мероси ӯ бошанд. Коршиносони ин самт бар ин боваранд, ки шогирдони Мастонабону аллакай дар санъати тоҷик хизмат доранд. Воқеан, ҳамасола шогирдонаш Консерваторияи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, ба роҳи мустақилона қадам мегузоранд. Ҳамзамон, Мастона Эргашева кӯшиш дорад, ки дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дастаи «Доиранавозон»-ро дубора дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода эҳё намояд.
БУЗУРГМЕҲР