Ҳанӯз чанд сол қабл тарзи либоспӯшии ҷавонон, бахусус иддае аз духтарон, ки аз одоби шарқиёна дур буд, дар ҷомеа сару садоҳо ба вуҷуд овард. Бо либосҳои остин ва доманкӯтоҳу пероҳани сафед ва тунуки арӯсии аврупоӣ ба тӯй ҳозир шудани арӯс ба муд даромаду касеро ба ҳайрат намегузошт. Буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ ба фарҳанг низ таъсир гузошту бархе муътақид буданд, ки ҷойи либосҳо миллӣ акнун фақат дар сандуқу ҷомадон ва намоишгоҳҳо маҳфуз хоҳад монд, чаро ки интихоби насли ҷавон дигар аст. Вале ҳаёт ин андешаро ботил сохт. Бо авҷи ободониву созандагӣ ва таҳким ёфтани арзишҳои миллӣ насли ҷавон дуболо ба суннатҳои аҷдодӣ рӯ овард.
-Сараввал гӯшаи ба иҷора додани либоси миллӣ ба арӯсу домод кушодем. Тоқӣ ва куртаву поҷомаи гулдӯзии мардонаву занонаро ба нархи 250–350 сомонӣ иҷора медодем. Теъдоди иҷорагирон афзуд ва тасмим гирифтем, ки корхонаи хурди дӯзандагӣ кушоему ба талабгорон либоси хушдӯхт ва шинами миллӣ пешниҳод намоем. Бо беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ акнун ҳар оилаи ҷавон кӯшиш менамуд, ки дар маҷмуаи рахту пахти хусусиаш пӯшоки миллӣ дошта бошад, - изҳор медорад А. Хусравова.
«Симои кӯҳистон» соли ҳафтум аст, ки бомуваффақият фаъолият дорад. Сифати маҳсулоти корхона аз кӯдаки хурдсол то солмандонро мизоҷи худ намудааст. Ана, падари кӯдаки чорсола барои писарчааш куртаву поҷома ва камзӯлчаву тоқӣ фармоиш медиҳад.
-Аввалан, либоси миллӣ ба тани кӯдак зебанда аст. Гузашта аз ӯ, агар кӯдак аз хурдӣ либоси миллӣ ба тан кунад, ба афкору кирдораш таъсири мусбат мегузорад. Намехоҳам, ки писарам зери таъсири идеологияи кӯча монаду вазифаи худ медонам, ки аз хурдӣ кӯдакамро бояд ба сарватҳои моддӣ ва маънавии миллӣ шинос кунам, - мегӯяд падар.
Ба истиқболи Наврӯз сафи хоҳишмандони ба тан кардани сарулибоси миллӣ байни мактаббачагон ва донишҷӯён ҳам бамаротиб меафзояду онҳо хостаашонро ба «Симои кӯҳистон» фармоиш медиҳанд. Гурӯҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон бо сарулибоси барояшон дӯхтаи зебо ва шинам дар «Симои кӯҳистон» Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.
Солмандон ҳам мегӯянд, ки дар куртаҳои кушоди миллӣ худро бештар роҳат ҳис мекунанд ва наздикон, албатта, хоҳишашонро ба ҷо меоранд.
Акнун бештари ҷавонон ҳам мехоҳанд, ки яке аз рӯзҳои фаромӯшнашавандаи умрашон-ҷашни арӯсу домодиро дар либоси миллӣ гузаронанд. Зеро, ба боварашон, либоси миллӣ ҳам зебосту ҳам хушбахтӣ меорад ва нишонае аз як рӯзи муҳимтарини ҳаёташон мебошад. Ин аст, ки боз пероҳанҳои аз матои сафеди пахтагӣ дӯхта, ки гиребон ва остинҳояш бо шероза гулдӯзӣ мешуду бобову бибӣ ва падару модарамон мепӯшиданд, муд мешавад.
-Сарулибоси миллии арӯсу домодиамон рамз дорад. Ранги сафед, рамзи покизагӣ ва хушбахтӣ аст. Шерозаҳои пурнақшу нигори дар гиребон ва гирди остин задааш ҳам рамзҳои гуногунро ифода мекунанд. Дар онҳо ҳамбастагии инсон бо табиат ва чор унсури он - хок, об, оташ ва бод бо шаклҳои гуногун таҷассум ёфтаанд. Бубинед, ки ороишоти либоси миллии бадахшонӣ хеле зебо ва дар айни замон хоксорона асту дар он зарҳалӣ ва рангҳои ҷилодор истифода намешаванд, - баён медорад Алима.
Дӯзандагони чирадасти корхона дар як моҳ то 1000 сомонӣ музд мегиранд. Дар ин ҷо фармоиши мизоҷро вобаста ба хоста ва шавқу завқи эстетикиаш бо сифати баланд ба ҷо меоранд. Хидматгузории аъло мизоҷони зиёдро ҷалби коргоҳ мекунад.
Алима худ хатмкардаи риштаи журналистикаи Донишгоҳи славянии Россия - Тоҷикистон мебошад.
-Оё касби журналистӣ дар роҳбарии корхонаи дӯхти лисбосҳои миллӣ ба кор меояд? - мепурсам аз мусоҳибам.
-Дар муносибат бо мизоҷон ва шарикони корхона касбам ба ман ёрии зиёд намуд. Зеро, пешаи рӯзноманигорӣ худ муошират аст ва муомилаи хубро дар ҳар ҷодаи фаъолият ними комёбӣ медонанд. Ғайр аз ин, ман мустақилона акс мегирам, дар бораи фаъолияти корхонаамон ба шакли пресс - релиз маълумот таҳия намуда, интишор медиҳам. Ба манзури тарғиби фаъолияти «Симои кӯҳистон» сомонаи интернетӣ таъсис додем. Дар ин росто касби журналистиам ба кор омад, сомонаи интернетӣ имкон фароҳам овард, то дастранҷи худро дар дохил ва хориҷи кишвар тарғиб намоему доираи хизматрасонии корхонаамонро васеътар созем. Чанде қабл арӯсу домоди тоҷики муқими вилояти Твери Федератсияи Россия ба «Симои кӯҳистон» либоси тӯёнаи миллӣ фармоиш доданд ва коргарон онро бо сифати баланд духтанду аз он меболанд, ки маҳсули дастони пурэъҷозашон базми шодиву тараби ҳамватанони бурунмарзиро зеб хоҳад дод, - посух медиҳад Алимабону.
Ҳамакнун корхона бо дӯхтани пероҳану поҷомаи занонаву мардона, тоқӣ ва ҷуробу ҷемпербофӣ иктифо намекунад. Кулча ва ҳалвои савғотии арӯс на дар хурҷин, балки халтаҳои махсус, ки дар корхона тайёр мешаванд, ба мизоҷон пешкаш мегарданд. Домод метавонад дар ин ҷо гарданбанди махсуси шерозадор фармоиш диҳад. Алима дар нишасти омӯзишии таҳияи лоиҳаи беҳтарини соҳибкорӣ, ки бо ибтикори созмони олмонӣ барои соҳибкорони ҷавон аз манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ баргузор гардид, ширкат варзида, дар қатори 5 довталаби ҷавон баранда ва соҳиби грант шуд. Таҷҳизоти дӯзандагиро дастрас намуду фаъолияти «Симои кӯҳистон»-ро густариш дод.
Алима модари фарзандони дӯстрӯяк Фотима ва Шамс аст. Ҳаёти оилавӣ ба роҳбари ҷавони корхона дар амалӣ шудани орзуву ниятҳояш монеа нест. Шавҳараш Насим, ки мутахассиси риштаи ҳуқуқ аст, интихоби ҳамсарашро на ки як эҳтиром мекунад, балки ӯ ёрии ҳаматарафаашро дареғ намедорад.
Вақте буд, ки соҳибкори ҷавон дар Кохи ҷавонони Хоруғ ҳуҷраи ба иҷора додани сарулибоси миллӣ кушод. Ҳоло мизоҷон дар мағозаи фурӯш ва ба иҷора додани либосҳои миллии «Симои кӯҳистон» аз интихоби васеъ бархӯрдоранд. «Симои кӯҳистон», ҳамчунин, маҳсули бонувони ҳунарманди вилоятро дар намоишгоҳҳои сатҳи маҳаллию ҷумҳуриявӣ намояндагӣ мекунад.
-Дар тарғиби симои миллӣ худро то чӣ андоза муваффақ мешуморед? - мепурсам аз роҳбари корхона ва дар посух мешунавам:
Агар кӯҳи Бадахшон лаъл гардад,
Ба дидори бадахшонӣ наарзад.
- Покизагӣ, ростқавлӣ, хоксорӣ, хушбаёниву хушсуҳбатӣ, хушахлоқӣ ва ҳамеша чеҳраи кушод доштану омода будан ба ёрии дигарон аз хислатҳои хуби раҳбари ҷавон аст. Мардуми кӯҳистонро бо чунин хисол мешинохтанду шоир ин фазоилро аз кӯҳи лаъл ҳам болотар донистааст. Бовар дорем, ки бо маҳсулоти хушнамуд ва босифати миллии «Симои кӯҳистон» дар ташаккули шуури фарҳангии ҷомеа, бахусус ҷавонон, саҳм мегузорем ва афзоиши талабот ба маҳсулотамон далели ин гуфтаҳоянд, - баён медорад роҳбари корхона.
Ш. МИРЗОҶАЛОЛ,
ВМКБ