Дар донишгоҳ айни ҳол 6 бахш - факултаи аграрӣ ва истифодаи захираҳои табиӣ, факултаи муҳандисӣ ва технологияҳои муосири истеҳсолӣ, факултаи идораи давлат, ҳифзи ҳуқуқ ва сайёҳӣ, факултаи лингвистика ва шабакаҳои иттилоотӣ ва маркази бақайдгирӣ ва идораи барномаҳои таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона, ҳамчунин, 19 кафедраи тахассусӣ баҳри тайёр намудани мутахассисони касбӣ фаъолият менамоянд. Таълим дар тамоми ихтисосҳои роиҷи донишгоҳ, ки ҳам ба тариқи буҷетӣ ва ҳам шартномавӣ роҳандозӣ шудааст, дар асоси нақшаҳои таълимии тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба талаботи бозори меҳнат тарҳрезӣ шудаанд, дар ҷараён аст.
Дар донишгоҳ 203 нафар устод ба донишҷӯён сабақ медиҳад, ки дар байни онҳо 4 доктори илм, 26 номзади илм, 42 саромӯзгор ва 92 ассистент мебошанд. Ба таърихи 01.09.2017 дар донишгоҳ 3957 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 2410 нафар ба шуъбаи рӯзона ва 336 нафар ба шуъбаи ғоибона рост меояд. Донишҷӯдухтарон зиёда аз 500 нафар мебошанд, ки теъдоди онҳо сол ба сол бештар мегардад.
Дар донишгоҳ сектор ва марказҳои гуногун фаъолият менамоянд, аз ҷумла маркази иттилоотӣ ва тарғиботии мавҷҳои радио ва телевизионии «Амри вақт», марказҳои таълимию тренингии «Дунёи ҳунар», муди «Чаманоро», «Таомҳои халқҳои ҷаҳон ва хизматрасонӣ», «Донишҷӯ ва навгониҳои илму техника», «Сайқали маҳорати педагогӣ ва донишҳои табиӣ-риёзӣ», маркази рушди зеҳнӣ, рушди бозии шоҳмот, маркази технологияҳои информатсионӣ, таъмини бехатарии иттилоот ва киберҳимоя, сектори рушди донишҳои сиёсӣ ва бакамолрасии роҳбарони замони нав, инчунин, биржаи озоди меҳнат ва рушди фаъолияти соҳибкории донишҷӯён ва даҳҳо марказҳои таълимию тренингӣ дар хизмати устодону кормандон ва донишҷӯён қарор доранд. Бино ба иттилои ноиби ректор Насим Алимов айни замон зиёда аз 450 нафар донишҷӯ дар баробари таҳсил дар биржаҳои озоди меҳнати донишгоҳ фаъолият мекунад, ки беш аз 150 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Дар маркази таълимию тренингии муди «Чаманоро» донишҷӯдухтарон курсҳои омӯзишии дӯхти либосҳои миллӣ ва аврупоӣ, ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дӯхтани қуроқу тоқӣ, кӯрпаву болин ва дигар абзорро меомӯзанд ва фармоишоти мардумро ба иҷро расонда, маблағи аз он дарёфтаро барои пардохти таҳсилу зиндагӣ масраф месозанд. Чунин биржаи озоди меҳнат дар байни макотиби олии ҷумҳурӣ танҳо дар Донишгоҳи давлатии Данғара амал менамояд, ки низомномаи он бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати маориф ва илм ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст.
Мавлуда Ҳаётова зиёда аз ду сол аст, ки ба ҳайси сардор дар маркази таълимию тренингии «Чаманоро» фаъолият мебарад ва нозукиҳои ҳунари дӯзандагиро ба занону духтарон меомӯзад. Ба иқрори ӯ, барои донишҷӯён омӯзиш ройгон роҳандозӣ шудааст ва бештар ба ин марказ занону духтарони хонашини навоҳии гирду атроф майлу рағбати зиёд нишон медиҳанду ҳоло 120 нафари онҳо ҳунари дӯзандагиро омӯхта, соҳиби гувоҳнома гардидаанд, ки 90 нафарашон тариқи грантҳои давлатӣ ройгон ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Аз мушоҳидаҳои бевоситаи мо аён гардид, ки ин марказ бо дастгоҳҳои дӯзандагӣ ва дигар колои зарурӣ пурра таъмин мебошад. Сари мошинҳои дарздӯзӣ 20 нафар ҷавондухтари зебо бо хилъатҳои ягонаи корӣ машғули дарздӯзӣ буд. Савринисо Саидова, ки тӯли дувуним моҳ дар ин ҷо ба ҳайси дӯзанда фаъолият дорад, мегӯяд, ки дар баробари оне, ки маош мегирад, боз фармоишоти зиёдеро низ анҷом медиҳад, ки ба беҳбуди вазъи иқтисодиаш мусоидат мекунад.
Ба иқрори М. Ҳаётова боз 20 нафар духтари дигар барои бахшҳои омӯзишии минбаъда аллакай номнавис шудааст. Пардохти маблағи омӯзиш он қадар гарон нест. Касбомӯзӣ муддати се моҳ тӯл кашида, ҳафтае се маротиба сесоатӣ идома меёбад, ки 120 сомониро дар бар мегирад. - Бо эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мо тасмим гирифтем, ки имсол нархномаро то 85 сомонӣ поин барем, ки дар ин самт ташаббуси бевоситаи ректори донишгоҳ Шоҳин Нуралӣ Набот хеле назаррас аст, - иброз медорад М. Ҳаётова. Воқеан ҳам, барои ҷалби бештари духтарон ба таҳсил ва касбомӯзӣ роҳбарияти донишгоҳ тадбирҳои зиёде андешидаанд. Ба донишҷӯдухтароне, ки лоиҳаҳои хуби инноватсионӣ пешниҳод мекунанд, донишгоҳ грантҳои тибқи барнома пешбинишударо ҷудо менамояд. Ҳамчунин, духтароне, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд, ба маблағи то 130 сомонӣ идрорпулӣ мегиранд.
Дар баробари ин, бо мақсади баланд бардоштани фарҳангу фароғати донишҷӯён дар донишгоҳ 6 сол боз ансамбли ҳаваскорони ҷавон бо номи «Шукри истиқлол» амал менамояд, ки 5 нафар корманд ва 200 нафар аъзо аз ҳисоби донишҷӯён фаъолият доранд, ки беш аз 75 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанду дар жанри фалаксароиву овозхонӣ, мутрибӣ ва арғушт дар ҳамаи чорабиниҳои донишгоҳ ва берун аз он бо маҳорати воло хотири ҳамагонро болида месозанд. Ба иқрори роҳбари ансамбл онҳо бо тамоми созҳои мусиқӣ, либосу афзор таъмин мебошанд ва ҳамин аст, ки Шаҳноза Кабирова, донишҷӯи бахши 3-юми донишгоҳи мазкурро ҳамчун фалаксарои беҳтарин шинохтаанд.
Воқеан ҳам, дар ДДД шароити хубу мусоид барои ҳам омӯзгорон ва ҳам толибилмон фароҳам овардаанд. Ба гунаи мисол, донишгоҳ дорои биноҳои таълимӣ иборат аз 5 қисм, 1 маҷлисгоҳ, 2 толори фарҳангӣ, 1 толори варзишӣ, 1 майдончаи варзишӣ, 70 синфхона, 7 синфхонаи компютерӣ, 16 озмоишгоҳи таълимӣ, 2 озмоишгоҳи лингофонӣ, 1 китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ, 25 гектар замини таҷрибавӣ, 1 парки технологӣ бо 1 адад трактори тамғаи МТЗ-85, 3 адад мошини сабукрав, 3 бинои истиқоматӣ барои омӯзгорон бо 60 ҳуҷра ва меҳмонхона, 2 хобгоҳ барои донишҷӯён ва 1 ошхонаи умумӣ мебошад. Меҳрафрӯз Шарифова, муҳосиби курсҳои сертификатсионии донишгоҳ дар бинои истиқоматии омӯзгорон дар хонаи дуҳуҷрагӣ иқомат дораду ҳар моҳ ҳамагӣ 38 сомонӣ пардохт менамояд.
- Ин иқдоми наҷибу ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат мебошад, ки ба омӯзгорону донишҷӯён ва кулли ҷавонон фароҳам овардааст, зеро аксарияти онҳо роҳдур ҳастанду имкони саривақтии равуоро надоранд. Дар хобгоҳ тамоми шароитҳо барои зист ва эҷод кардан муҳайё мебошад, - мегӯяд М. Шарифова.
Ин аст, ки айни замон зиёда аз 18 000 нафар довталаб ба Донишгоҳи давлатии Данғара ҳуҷҷат супурдааст ва садорати донишгоҳ азм бар он дорад, ки тибқи нақша 3500 нафарро дар соли ҷорӣ қабул намояд.
Ситора ШАРИФӢ,
Душанбе-Данғара-Душанбе