САМАРҚАНД - КӮЛОБ - ЛАХШ
Хосият Холбоева соли 1947 дар шаҳри Самарқанди бостонӣ чашм ба дунёи ҳастӣ кушодааст. Пас аз хатми мактаби миёна бо амри тақдир озими Тоҷикистон мешавад ва дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб, факултети забон ва адабиёти рус таҳсили илм мекунад.
- Волидонам дар калонтарин корхонаи саноатии Самарқанд заҳмат мекашиданд. Модарам Фарида Муродалиева аз аввалин занҳои таҳҷоиест, ки Рӯзи озодии занон дар майдони Самарқанд фаранҷиро аз сар ба оташ андохта буд. Ӯ дӯзанда буд, падарам саркори сех. Онҳо аз зумраи фаъолони шаҳр маҳсуб меёфтанд. Баъдан падарам чандин сол ба ҳайси раиси деҳот ифои вазифа мекард. Сабабгори таҳсилам дар Тоҷикистон тағоям Бобо Пӯлодов - корманди баландпояи ҳизбӣ мебошад. Пас аз марги падарам ӯ, ки котиби якуми кумитаи ҳизбии шаҳри Кӯлоб буд, маро ба тарбияи худ гирифт. Ҳамин тавр, ман муҳассили донишгоҳи Кӯлоб шудам, - қисса мекунад ин бонуи собиқадор.
ЗИНАҲОИ РОҲБАРӢ
Ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ бо Давлатбек Холбоеви ҷиргатолӣ дӯстӣ пайдо намуд, ки баъдан робитаи онҳо ба муҳаббат печиду онҳо соли 1968 ҷашни баюгонӣ оростанд. Пас аз хатми аълои донишгоҳ Хосият ба Ҷиргатол, Лахши имрӯза кӯчид.
Ӯ аввал корро дар мактаб ба ҳайси омӯзгор оғоз намуд. Вале ду моҳ баъд ба вазифаи котиби дуюми кумитаи комсомолӣ интихоб шуд. Бо эътино ба истеъдоди пешоҳангиаш ду сол пас ӯро ба мақоми сарварии созмони мазкур сазовор донистанд. Ҳамин тавр Хосиятбону зина ба зина дар вазифаҳои роҳбарии ҳизб қадамҳои устувор мениҳод. Дар баробари мудири шуъбаи тарғиботии кумитаи ҳизби ноҳиявӣ кор карданаш, мактаби олии ҳизбиро дар шаҳри Тошкант аъло хатм карда, соли 1982 муовини раиси комиҷроияи ноҳия таъйин шуд. Вай панҷ сол бори масъулияти вазифаи мазкурро кашид.
- Солҳои аввали ба ноҳия омаданамро ҳеҷ фаромӯш намекунам. Ба он маъно, ки солҳои шастуми асри гузашта теъдоди духтарони таҳсилкарда дар минтақаи Рашт хеле кам буд. Духтаронро барои идомаи таҳсил дар макотиби олӣ иҷозат намедоданд. Бо заҳмати хастагинопазир деҳа ба деҳаву хона ба хона гашта, падару модаронро розӣ ва духтаронро ба хондан ташвиқ менамудем. Шояд бисёриҳо бовар накунанд, ки волидон ҳангоми омадани мо духтаронашонро пинҳон мекарданд, ба мо нишон намедоданд. Дар муассисаҳои давлатӣ теъдоди духтарони таҳҷоӣ ангуштшумор буданд, - мегӯяд Хосиятбону.
БО МАРДУМ
Ӯ чанд дафъа вакили мардумӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва то пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ узви бюрои марказии комсомоли ҷумҳурӣ ва бюрои кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия буд.
Солҳои 1987–1994 ӯ Ҷамоати деҳоти Ҷиргатолро, ки калонтарин нуқтаи маъмурӣ дар ноҳия ба шумор мерафту зиёда за 14 ҳазор аҳолӣ дошт, роҳбарӣ мекард. Одатан раиси ҷамоат мардон буданд вале ӯ нахустин занест, ки ҳини ифои вазифаи мазкур собит сохт, ки занҳо низ аз уҳдаи ин вазифаи пурмасъул мебароянд.
Маҳз дар даврони раисии ӯ дар Ҷамоати деҳоти Ҷиргатол чандин мактабу кӯдакистонҳо, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардида, мавриди истифода қарор гирифтанд. Тавре сокинони деҳот мегӯянд, ин бонуи дар назари нахуст нармдилу нозукандом намояд ҳам, дар асл хеле сахтгиру серталаб буд. Дар шикасту рехту суру сурури мардум каноршон қарор дошт. Баҳри ҳалли мушкилоти як деҳқони қаторӣ дари «райком» мекӯфт. Ӯро то ҳанӯз ҳамчун роҳбари кордону тадбирҷӯ, ҳоҷатбарор ва заҳматпешаву масъулиятшинос меситоянд.
КОР ВА ОИЛА
- Ба он нафароне, ки мегӯянд ҳам дар кор ва ҳам дар оила мушкиле надоштанду ҳама идеалӣ буд, бовар надорам. Ба тамоми тавоноиям кӯшиш мекардам корамро хуб ба сомон расонам. Рисолати модарӣ вақти бештареро ба тарбияти фарзандон ихтисос додан аст, инро дертар, ҳине ки бибӣ шудам, дарк намудам, зеро ҳушам пайваста ба кор банд буд. Фарзандонам бештар мустақилият доштанд. Худ дарс омода менамуданду имтиҳон месупурданд, корҳои хона ва хоҷагиро анҷом медоданд. Дар натиҷа онҳо ҳамчун шахсони арзандаи мустақил ба камол расиданд. Вақте хурд буданд, доим фикр мекардам, ки имрӯз нашуд фардо ё пасфардо бо онҳо суҳбат мекунам. Вале зимоми вақт на ба дасти мост. Акнун бо наберагонам, ки 16 нафаранд, вақти зиёд мегузаронам, - иқрор меояд ӯ.
ҚАДРДОНӢ
Тавре қаҳрамони мо мегӯяд, дастоварди бузурги ҳар як зан оила ва фарзандон мебошанд, ки маънии зиндагӣ дар ҳамин аст. Дастовардҳои касбии Хосиятбону мукофотҳои бешумори давлатӣ мебошанд. Вале аз ҳама мукофоти олӣ ва муҳиму фаромӯшношуданӣ барои ӯ ин Ифтихорномаи давлатӣ ба шумор меравад, ки барояш соли 2000-ум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти пурсамараш ба вай дар ноҳияи Лахш тақдим намуданд.
Солҳои 1994 - 2000-ум, дар он айёми пурошӯб, ӯ мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Ҷиргатол буд. Оромтабиативу мулоҳизакорияш буд, ки бо сарбаландӣ душвориҳоро паси сар намуда, ба ҳама масъалаву мушкилиҳои мавҷудаи занону духтарон расидагӣ кард.
СОЗМОНИ «ГУЛНОЗ»
Соли 2000-ум Хосиятбону чун бознишаста гардид, табиати кордӯстияш ӯро ором нагузошт. Ва ӯ роҳбари маркази кор бо занони ноҳияи Лахшро, ки бо ибтикори Барномаи рушди СММ таъсис ёфта буд, бар дӯш гирифт. Тайи 18 соли фаъолият дар марказ 13 лоиҳаи ӯ дастгирӣ ёфта, дар ҳоли татбиқанд.
- Назди марказ ташкилоти ҷамъиятии «Гулноз»-ро таъсис додем, ки дар он занони хонашин ба кор даъват шуданд. Ба оҳистагӣ аз байн рафтани санъати қадима моро водор сохт, ки чанд лоиҳаро дар ин замина ба созмонҳои байналмилалӣ пешниҳод намоем. Занони ҳунарманде, ки ба созмон гирд овардем, ҷӯробу рӯймолҳои пашмӣ, намаду қолин ва даҳҳо навъи маҳсулоти дигари пашмӣ таҳия мекунанд, - мегӯяд ӯ.
Бале, маҳсули дастони бонувони лахшӣ дар хориҷи кишвар низ харидори худро дорад. Ҳамасола садҳо нафар сайёҳу кӯҳнавард, ки дар ноҳияи Лахш баландтарин қуллаҳои Тоҷикистонро фатҳ мекунанд, ҳангоми бозгашт намунаҳои ҳунари занони ин маҳалро харид менамоянд. Ин офаридаҳо хеле зебо ва нақшу рангҳоеро ба таркиб доранд, ки таваҷҷуҳи роғибони ҳунарҳои мардумиро ба худ мекашанд. Қимати ин маҳсулоти аз пашми табиӣ бофтаи пешоварони лахшӣ ба ҷиҳати сифат аълост. Ҷӯробҳои пашмӣ аз 15 то 20 сомонӣ арзиш дошта бошанд, пас намадҳо вобаста ба ҳаҷмашон аз 100 то 250 доллар фурӯхта мешаванд.
Дар офаридаҳои Хосиятбону омезиши осори қадимаи мардуми тоҷик бо намунаҳои ҳунари халқи қирғиз ба чашм мерасад. Дар баробари он ки маҳсули дастони бонувони Ҷиргатолро хориҷиҳо харид мекунанд, мардуми маҳаллӣ низ аз ин маҳсулот истифода мебаранд. Дар пайравӣ аз суннати ниёгон дар аксари хонаҳои арӯсу домод, рӯи зинҳои асп ва дохили мошинҳову юртаҳои қирғизӣ ва саду як ҷойи дигар нақши дастони бонувони ҳунарманд дида мешавад.
Хосият Холбоева худро хушбахт меҳисобад, чаро ки иқдоми созандаи Сарвари муаззами давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 на танҳо ормони деринтизори ӯст, балки тамоми пешоварбонувони маҳаллӣ мебошад. Яъне, ки кӯшишу заҳматҳош давоми ин солҳо дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ бефоида набудаанд. Фаъолияти ӯ фақат ба Лахш маҳдуд нашуд, ӯ ба бонувони навоҳии Рашту Тавилдара низ ҳунар омӯзондааст ва доим дар паи эҳёи ҳунарҳои ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаи мардумист.
ТОҶИКИСТОНРО ДӮСТ МЕДОРАМ
- Ҳарчанд зодгоҳам Самарқанд аст, Тоҷикистонро бисёр дӯст дорам. Охир ин диёр ватани дуюми ман гашт. Дар ин ҷо соҳиби чор духтару як писар шудам, обрӯю эътибор ёфтам. Ҳазорон бор шукрона мекунам, ки хати қисмат маро ба Тоҷикистони азиз оварду ин ҷо бахтёру комёб гардидам. Ҳамакнун бо дили саршор аз меҳру муҳаббат метавонам гуфт: «Авҷу бахтам, Тоҷикистон!».
Далер САФАР,
ноҳияи Лахш