Сарпӯшҳо аз пайдоиши табақаву тоифаҳо, давлатҳо ва тафриқаи хоссу ом мавод доранд. Тоҷу кулоҳи подшоҳон, хӯд (кулоҳхӯд) каллапӯшҳои ҷангиро дар осори Тахти Ҷамшед, Тахти Сангин, ёдгориҳои Айртам, Халчаён, Панҷакент, Ҳулбук ва сиккаҳо метавон вар хӯрд.
Тоҷи занона дар Авесто бо тасвири Ноҳид (Эзиди обҳо, фаровонӣ, зебоӣ ва шодмонӣ) ғалатист. Ӯ ба сурати дӯшизаи хушандому баландболо, зеборуху озода, ба сар тоҷи заррини ҳаштгӯшаи ба гуҳарозин дорад. Ноҳид нахуст модар аст, ки бо зебу фар савори гардунаи тиллоист.
Сарпӯшҳо, пасон татаввури бузургеро сипарӣ намуда, аз шоҳкулоҳ, кулоҳ, кулоҳча, тоқӣ(тоқия), туппӣ (дуппӣ), арақчин, дастор, салла, сарандоз, рӯймол иборатанд. Ва намудҳо дар ҳар шакл зоҳир мегарданд. Ба вижа сарандоз, рӯймол, қарс, дока бо тарзи истифодаашон зеботаранд. Яклухт аз сар то шона, гирди ғабғаба андохта ва гӯшаҳои рӯймолро аз таги мӯй мегузаронанд. Духтарон рӯймолро дар теппаи сар, чунгак ва пешонӣ мебастанд, ки хосси мардуми кӯҳманзар аст. Ҳар кадом бо оин, маросим ва ҷашну суруру сӯг аҳамият доштанд. Пайкараи Намозгоҳтеппа, ки соли 1950 ба даст омад, ишора бад-он мекунад, ки занон дар ҳазораи 1V, яъне 6 ҳазор сол пеш сарпӯш надоштанд. Пасон бо пайдоиши тамаддунҳои маҳаллӣ намунаҳои гуногуни он ба вуҷуд омад.
Осори дастрасшуда собит мекунад, ки баробари каллапӯшҳои занона гӯшвор, сароғӯш (саризулфӣ), сарсӯзан (сархора, сӯзани калони тиллоӣ ё нуқрагӣ, ки бо занҷираву муҳра ва сангҳо оро ёфта, рӯймолро бо тоқӣ устувор мекард) ва ҳамелҳои марҷону афзори зиннатӣ падид омаданд.
Бо гузашти давронҳо кулоҳҳои занона ва духтарона ба вуҷуд омаданд, ки аз тафриқаи солмандӣ ва мақому мартаба гувоҳӣ медоданд. Яъне, дӯшизаҳо ва занони хонаву дардор ва соҳибфарзанд. Ва кулоҳ аз тоқӣ фарқ мекард. Ба қавли муҳаққиқон кулоҳ сарпӯши гирди хосаи аз матоъ ва чарм омодашудаест, ки гулдӯзӣ надорад. Ҳардуро ҳам монои пироҳан зебу оро медоданд, ки расм буд ва намунае аз орзуву омол. Тоқӣ бештар бо нақшҳо ребу ранг дода мешуд ва шероза дошт. Дар гузораи давронҳо тоқӣ миёни ҳар ду ҷинс маъруф шуд, бахусус дар шаҳристонҳои калон ва деҳот. Бештар дар суру сӯг тоқиҳои чоргӯша маъмул буд. Анъана буд, ки соҳибсур ё сарвари хонаро ҳангоми оши маслиҳат тоқии нав мепӯшонданд. Ва дар базмҳо танинандоз шудани суруди «Акаи тӯйдор давлат ба сарат», аз ҳамин анъана берун шудааст. Дастор барои аҳли тасаввуф дар Самарқанду Бухоро ва солхӯрдагону рӯҳониён дар шаҳристонҳои канорӣ истифода мешуд. Тоқиҳо бо ороиши хосса ва нигораҳои ба табиаташон мувофиқ, давра ва чортарка (чоргӯша) дӯхта мешуданд. Дар қисмати ҷануби Тоҷикистон тоқии чакан маъмул буд. Ороиши тоқиҳо пурмаъно ва моҳияти таърихӣ доранд.
Дар кӯҳманзар, бавижа Бадахшон, духтарон низ кулоҳ ва тоқӣ мепӯшиданд. Дар бисёре аз минтақаҳо иваз кардани каллапӯшҳо ба рӯзи издивоҷ рост меомад. Табдили сарандоз маросими бодабдаба буд. Кулоҳчаи дӯшизаҳо ба тоқӣ ё сарандоз бо ширкати доирае сурат мегирифт. Пас аз ин маросим зан мақомдор шинохта мешуд. Бо гузашти маросим зан ҳуқуқ дошт ба базму суруру шодмонӣ биравад. Ва ивази пироҳан ва сарандоз гӯё як хосияти сеҳрнок низ дошт, ки умри дароз ва саодатро таъмин мекард.
Дар ҷануби Тоҷикистон ва занони Бадахшон тоқиҳои гирдро ба сар меандохтанд. Дар сурате, ки хонаву дардор бошанд ва ноошное суроғ биёяд ва марди хона набошад, ин амал ҳатмӣ буд. Бо пӯшидани тоқии шӯи худ онҳо ишора ба соҳибдор буданашон мекарданд. Гумонам, аз ин ҷо пайдо шудааст, ҳикмате, ки тоқӣ давлати сар аст. Ҳамзамон дар маросими хурсандӣ як оину одати ғалатии «давлати сар» низ вуҷуд дошт, ки ба сарояндагон ва раққосон дар ҷӯши базм тоқӣ ва рӯймол мепӯшонданд.
Гулдӯзӣ бо қадимияти худ ҳунари волост, ки базму ҷашн, пироҳану каллапӯшҳо ва оину боварҳоро зинда медоранду шукӯҳ мебахшанд. Ҳанӯз аз аҳди Пешдодиён, бино ба қавли Фирдавсӣ, дар чодар ва дирафшҳои паҳлавонон тасвирҳо ҳак ё дӯхта мешуданд. Чунончи, тасвири фил дар дирафш рамзи Тус, Офтобу Моҳ рамзи Фарибурзу Густахм, Бабр аз Шедуш, барзагов аз Фарҳод ва ғ.
Дар замоне, ки «Шоҳнома» иншо мешуд, гулдӯзӣ ва нақшпартоӣ хеле маъмул буду маъруф.
Сӯзанӣ, шоири асри ХII, дар ишора ба кулоҳдӯзони ҳунарвар ва ишвагарони дилбар мегӯяд:
Мушкин кулоҳ бар гул ниҳӣ, эй моҳи кулоҳдӯз,
То дар маҳи Дай боз намоӣ гули Наврӯз.
Кулоҳдӯзӣ дар таърихи мардуми мо бо рамзу ҳикмат пайваста буданд. Бино ба навиштаи сайёҳи чинӣ Сюан Тсзан занҳои шӯдори Тахористон кулоҳе мепӯшанд, ки ду аломати барҷаста аз пеш ва пушт дошт, ки яке рамзи шавҳар ва дигаре волидайн буданд. Аз ҳамин буд, ки бо омадани дини ислом низ аз миён нарафт. Кулоҳи духтарона дар Бадахшон (Афғонистону Тоҷикистон) маъмул буд.
Ва, албатта, танҳо сухан дар атрофи кулоҳу тоқиҳои занона намеравад. Занон рӯймолҳои нақшдор, гулбанду гулбаст ба сар меандохтанд ва дар рӯймоли миён, рӯймолча ва тоқиҳои хушдорон ва шавҳаронашон орзуву омоли худро ба василаи нигораҳо насб мекарданд. Нақшҳои офаридаашон аз асотири куҳан сарчашма ёфта, то ба тасвири олами зебои атроф бастагӣ дошт.
Дар ин рав занон ҳунари худро такмил медоданд ва тағйироти бовару оину русумро дар матоъ мунъакис мекарданд. Сӯзании Самарқандӣ дар ифшои ҳунари эшон қалам мезанад:
Бинмуд ба ман рӯйи нигорини худ имрӯз,
Дил банди ман он кард, ки моҳрӯи кулоҳдӯз.
Дар орзуи рӯи нигорияш будам дӣ,
Он орзуи динаи ман рост шуд имрӯз.
Метофт ба каф риштаву медӯхт ба сӯзан,
Тарҳи кулоҳ он рӯй, чу рӯйи гули Наврӯз.
Дар тоқиҳои мардуми кӯҳманзар бо густариши ислом намунаҳои нақшҳои наботӣ ва ҳандасӣ (чоргӯша, сегӯша ва доирачаҳо) бо ҷилваи хоссаи рангҳо во мехӯранд.
Намунаи зебое, ки маҷмаи офаридаҳои мардумро пурра мекунад, рӯймоли миён ё миёнбанд аст. Ба қавли муҳаққиқ Н. Исоева – Юнусова, ки А. Шарифзода иқтибос мекунад: «Дар рӯймолҳои кӯҳистон, масалан дар гурӯҳи ноҳияи Кӯлоб нақши исломӣ ва нақши ғазалӣ, ки тақлиди ҳуруфи арабианд, тавсия ёфтааст.
Рангомезии гулдӯзии рӯймолҳо бо оромиву нармии худ фарқ мекунанд. Онҳо дар матоъҳои ҳарранга ва гуногунсифат дӯхта мешаванд». А. Шарифзода ба «нақши ғазалӣ» таваҷҷуҳ намуда, «нақшҳои эпиграфӣ-катибадӯзиро» дар рӯймол ифшо мекунад. Ин падидаест, ки муҷиби омӯзиш қарор нагирифта буд. Ба андешаи А. Шарифзода аслан катибадӯзӣ паҳлуи кашфнашудаи ҳунари мардумист ва дар омӯзиш ба чор канори як рӯймол навиштаҳои зебоеро мутаваҷҷеҳ мешавад, ки васфи дӯстошта ва зебоиро дорост.
Аҷоиб рӯймоле менависам,
Ба он юсуфҷамоле менависам.
Бино ба гуфтаи ӯ қаламзан ё гулдӯзи рӯймол бомаърифат ва дилогоҳе будааст, ки шеъри чунин баландмазмун ва мувофиқро барои катибадӯзӣ интихоб кардааст:
Сарве чу қади ту дар чаман нест,
Мушке чу хати ту дар Хутан нест.
Метавон натиҷа гирифт, ки ҳунарҳои мардумӣ аз аҳди қадим бовар, орзуву омол ва андешаро дар матоъ насб карда, саҳифаи дилписанданд аз таърих ва рӯзгори мардуми тоҷик.
ноздона