Калимаҳои «қуроқ» ё худ «қуроқдӯзӣ» — маънои порчаҳои матоъро ба ҳам пайваст карда, нақш офаридан аст. Қуроқдӯзон боқимондаҳои матоъро бо ҳам пайваст мекунанду ҷиҳози гуногуни хонагӣ, аз қабили дастархон, чодари арӯсӣ, кӯрпаву кӯрпача, ҷилди болин, чойнакпӯш ва ғайраҳо медӯзанд. Қуроқ - лиёф ё порчае мебошад, ки аз онҳо ҷома ё яктаки дарвешу қаландарҳоро медӯхтанд. Дар байни мардум чунин ақида роиҷ буд, ки ҷомаҳои қуроқ ё мураққаъро ба бар намоӣ, туро аз балоҳои осмонӣ ва заминӣ эмин нигаҳ медорад.
- Дар рӯзи ҷашни арӯсӣ ба остонаи дари хона пойандози қуроқӣ ба шакли гирдача ва чаҳоркунҷа андохта мешуд. Дар назди домоду арӯс дастархони қуроқӣ — суфраи порчагӣ бо таманнои фаровонии неъмат ба навхонадорон мепартофтанд. Омезиши порчаҳои гуногунранг — рамзи ба доди қӯшапирӣ расидани наварӯсон ва сулҳу оромиро нишон медод. Гаҳворапӯшаки кӯдакро қуроқӣ медӯхтанд ва орзу мекарданд, ки тифл солиму бардам ба воя расад, -мегӯяд пешовари чирадаст Нағзигул Шоева.
Холаи Нағзигул аз рӯи касбаш дар шаҳри Ваҳдат эҳтироми хосса пайдо намудааст ва маҳсули заҳматашро дар чорабиниҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ доимо ба маъраз мегузоранд. Дар як намоиши ҳунарҳои мардумӣ соли 2012 дар Боғи миллӣ як нафар шаҳрванди хориҷӣ мехоҳад кӯрпаи қуроқии ӯро ба маблағи 1000 доллар харидорӣ намояд, вале холаи Нағзигул намехоҳад заҳмати кашидаашро аз кишвар берун баранд, пас аз намоиш маҳсули корашро ба ҷамоати худашон, ки ба номи Абдулло Абдулвосид аст, туҳфа менамояд, то ҳамчун нусхае аз ҳунараш дар Ватан бошад.
–Ин касб хело душвор асту ба мардуми тоҷик ошно. Қуроқдӯз бояд пурсабр ва эҷодкор бошад. Дар аввал мо порчаҳои матоъҳои рангаро ҷамъ карда, нақшофарӣ намуда, бо риштаи мувофиқ дар матои якранг гузошта медӯзем, - мегӯяд ӯ.
Дар қуроқдӯзӣ манзараҳои табиат, хусусияти таҳҷоӣ, нақшҳои геометрӣ тасвир меёфтанд. Бо василаи қуроқдӯзӣ — нақшҳои қадимӣ, рамзу нишонаҳое, ки дар эҷодиёти мардум истифода шудаанд, зинда мегарданд. Тавассути рангҳои матоъ мазмун ва ғояи ороиш ва нақшҳои тасвирӣ возеҳ ва равшан зоҳир мегарданд. Дар замони муосир ҳунари қуроқдӯзӣ ба манзалати умумиҷаҳонӣ расида, хусусияти хоссаи фарҳангии ҳамаи халқҳоро инъикос мекунад. Бо омӯзиши қуроқдӯзӣ дар мактабҳои ҳунармандӣ шавқу завқи насли ҷавонро ба ин намуди ҳунар бояд барангехт.
Фидоии касб
Пешвои миллат ба шаҳри Ваҳдат сафар намуда, аз ҳунари бонувони қуроқидӯзи ин диёр низ дидан намуданд.
-Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба ҳунари мо дасту диламро дубора ба ин касб гарм сохт, - иброз намуд холаи Нағзигул.
Қаҳрамони мо аз эълони эҳёи ҳунарҳои миллӣ дар ин сол хеле шод аст, зеро тариқи ВАО ӯ чандин нусхаҳои минтақаҳои кишварро дидаву барои худ гирифтааст. Ва ӯ барои омӯзондани ҳунараш тайёр аст, то ба занҳои хонанишин ва ҷавондухтарони завқманд ёрӣ расонад. Холаи Нағзигул ин ҳунарро ба келинҳою духтарҳо ва шогирдонаш ёд додааст, то ин касби қадимии гузаштагонамон аз байн наравад.
- Дар расми мардуми тоҷик шаклҳои гуногуни қуроқдӯзӣ мавҷуданд: дӯхти навъи варақӣ, қуроқи чашмӣ, қуроқи қӯӣ, қуроқи осиёбӣ, қуроқи ба шакли омезиш. Ҳар яке аз ин навъҳо дорои маънии мушаххаси худанд. Дар маҳри арӯсӣ, аз қабили пойандоз, чодар, болиштҳо ва кӯрпаҳои қуроқӣ дохил мешуд. Онҳоро бо нияти бардавомии сиҳатии кӯдакон ва паноҳдорӣ аз суқи чашм бо тарзҳои гуногун медӯхтанд,- иқрор меояд Нағзигулбону.
Носозгорӣ аз беҳунарист
Ҷудо шудани оилаҳои ҷавонро ин модар аз ноуҳдабароию беҳунарияшон медонад.
-Ҳам писар, ҳам духтар дар баробари бархӯрдорӣ аз таҳсилоти олӣ бояд дар ягон ҳунар ҳам балад бошанд. Солҳои пеш духтарон ҷиҳози арӯсияшонро амсоли гулдӯзию зардӯзӣ, порчадӯзиро худ анҷом медоданд. Ҳоло аксарияти духтарони ҷавон ҳатто куртаи худро назди дӯзанда мебаранд, ки ин ба шаъни онҳо намезебад. Занони тоҷик аз азал дӯзандаю ҳунарманд буданд. Модарон бояд аз хурдӣ шавқи ҳунарро дар дили фарзанд бедор созанд, то дар оянда азоб накашад. Агар наварӯс дорои ягон ҳунар бошад ва дар ҳамон хонадон кореро ба анҷом расонад, гӯшаеро обод созад назари атрофиён нисбат ба ӯ дигар мешавад. Шукри Худо ҳоло ҳама шароитҳо хубанд. Мо дар назди чароғ, пас аз хоб рафтани кӯдакон, ба дӯхтани ҷиҳози зарурии хонавода машғул мешудем,- иброз дошт қаҳрамони мо.
Дар ин соли эҳёи ҳунарҳои миллӣ кош орзуи ин модар амалӣ шаваду роҳбарияти шаҳри Ваҳдат маконеро барои омӯзондани қуроқдӯзӣ фароҳам биоранд ва Нағзигул Шоева тавониста бошад ин ҳунарро ба занону духтарони ҳавасманду хонанишин ёд диҳад.
Фарзона Восеева,
шаҳри Ваҳдат