Ҷӯяндаю ёбанда ва созанда
Вақте Муҳаммадшарифи Шодӣ баъди хатми Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба Мастчоҳ баргашт, пеш аз ҳама, дар мактаби миёнаи №4 дарси суруду мусиқӣ соҳиби воқеии худро ёфт. Дастаи ҳаваскорони ҳунар дар дабистон таъсис ёфта, дар ноҳия шуҳратёр гашт. Аммо барои парвози ин шоҳини ҳунар фазои бозтар ва баландтар зарур буд, ки хушбахтона, фароҳам гардид. Ба ғайр аз машғулиятҳо дар мактаби миёнаву мактаби мусиқӣ Муҳаммадшарифи Шодӣ оҳангсозӣ мекард ва мехост дар диёр як дастаи фолклорию этнографиро бунёд гузорад, то суруду мусиқӣ ва рақсҳои хосси мардуми маҳалро ба таври касбӣ эҳё кунад.
-Вақте ки соли 1986 ба вазифаи сарвари хонаи фарҳанги маркази ноҳия - шаҳраки Бӯстон таъйин шуд, барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ майдони фарох ёфт. Он солҳо дар ноҳия байни бошишгоҳҳои саҳроӣ озмунҳои фарҳангӣ мегузаштанд. Муҳаммадшарифи Шодӣ, ки ягона мутахассиси соҳавӣ буд, дар ҳайати ҳакамон доварӣ мекард. Ӯ дар равиши кори ҳакамӣ бештар ба он рақсу сурудҳое таваҷҷуҳ зоҳир мекард, ки аз хазинаи ниёгон бармеоянд ва як тобиши мусиқии дилнишин доранд, - ба ёд меоварад яке аз муаллимони машҳур, ҳамфикр ва муттакои Муҳаммадшариф дар боби таъсиси ансамбли «Нақш» Абдуфаттоҳ Қурбонов.
Бар замми ин худ ва ҳампешагони ҳамандешаш Азизи Шодӣ, Маҳмадсаид Назаров, Шехназар Розиқов, Саидумар Умаров, Сангинмаҳмад Ёров, Сулаймонбек Шарифов ба тамоми деҳаҳои Мастчоҳҳои наву куҳна, деҳоти мастчоҳинишини ноҳияҳои Спитамену Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Деваштич, Исфара, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ва Қирғизистон сафар карда, бо сарояндагону раққосон вохӯрда, намунаи ҳунарашонро сабт мекарданд, то баъдан онҳоро аз нав эҷодкорона таҳия намоянд.
«Нақш» - аз мероси ниёгон
Қариб ҳар деҳаи Мастчоҳ оҳанги хосси рубоиву байтхонӣ дорад, ки мардум аз қадимулайём дар маъракаву маҳфилҳо онро адо мекарданд. Дар деҳаи Палдорак нақшхонии гурӯҳӣ маъмул аст, ки аз чанд зарб иборат аст ва бар матни ғазалҳои Аҳмади Ҷомӣ асос ёфтааст. Муҳаммадшариф ин сурудро, ки бе истифодаи созҳо иҷро мешавад, ба қолиби махсусе даровард. Бо маслиҳати дӯстону ҳампешагон номи ансамбли навро баргирифта аз ҳамин суруди мардумӣ «Нақш» ниҳоданд.
Арғушти вижа
Занону духтарони мастчоҳӣ дар маросимҳои тӯйи арӯсӣ, номмонон, гаҳворабандон, ҷашнҳои Наврӯз ва ғайра бо либоси миллӣ арғушт мерафтанд. Яке доира мегирифту байту рубоӣ мехонд ва раққоса бо ҳаракати моҳиронаи остинҳо симои худро чунон мепӯшонд, ки на ҳамаи мардон мегузоштанд, ки зан, хоҳар ё духтари онон ба саҳна барояд. Муҳаммадшарифи Шодӣ дар ин кор ба фаъолони диёр, ҳамкасбонаш, хешу табори худ такя кард. Ҳамсараш муаллима Гулнора Шодиева низ дар ин иқдом ёвару ҳамкори ӯ буд ва ба шогирддухтарони хеш рақси остин меомӯзонд. Муҳаммадшарифи Шодӣ, ки алҳол мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ аст, аз хотироташ мегӯяд:
-Соли 1984 бахшида ба 60-солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2» оғоз гардид. Дар қатори ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ноҳияи Мастчоҳ низ омодагии худро ба фестивали мазкур оғоз намуд. Ба ноҳияи Мастчоҳ Ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурӣ, раққосаи театри мусиқию мазҳакавии ба номи Пушкин (ҳозира ба номи Камоли Хуҷандӣ) Фирӯза Аюбҷонова фиристода шуд. Вазифаи асосии масъулони барнома ба саҳнаи касбӣ баровардани рақсу таронаҳои халқӣ буд. Барои ба саҳна гузоштани рақси «Остин» маслиҳату машварати ягон зани солхӯрдаи донанда ва иҷрокунандаи рақсҳои мастчоҳиро гирифтан лозим омад. Ба хулосае омадем, ки модаркалони коргардони театри халқӣ Азизи Шодӣ, Бибишаҳрбони 77- соларо даъват намоем.
Азизи Шодӣ бо ҳазор илтимосу илтиҷо модаркалони худро ба хонаи фарҳанг овард. Тамрин тайи чанд рӯз аз субҳ то шом давом мекард. Фирӯза Аюбҷонова ҳамаи ҳаракатҳоро омӯхт, аммо як чиз ӯро азият медод, ки баёни ҳиссиёти дарунии раққоса буд. Ӯ бисёр дар ҳаяҷон буд, зеро бонувони мастчоҳӣ ҳангоми рақсидан як ҳиссиёти нотакроре доранд, ки дар рақсҳои манотиқи дигари кишвар нест. Билохира, Фирӯза Аюбҷонова ба мақсади худ расиду рақси остин бо ёрии холаи Бибишаҳрбон рӯи саҳнаи фестивали «Бӯстон-2» омаду баҳои баландтарин гирифт. Ин буд таҳкурсии аввал барои таъсиси ансамбли фолклорӣ-этнографии «Нақш». Дар солҳои минбаъда холаи Бибишаҳрбон, Субҳатпочо, Сунъатпочо, Моҳшараф, Рӯзимоҳ, Сафиямоҳ барин занҳо дар мураттаб сохтани рақсҳои яккаю гурӯҳии «Остин» ба мо ёрӣ расонданд, ки аз ҳамаашон сипосгузорем.
Сайри «Остин» ба ақсои ҷаҳон
Воқеан, ансамбли навтаъсиси «Нақш» дар муддати кӯтоҳ шуҳрат ёфт. Соли 1988 дар вилоят сазовори ҷои дуюм гардид.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ансамбли фолклорӣ-этнографии «Нақш»-ро ба фестивали байналхалқӣ бахшида ба 70- солагии комсомол ба шаҳри Маскав фиристодан хост. Аъзои ансамбл понздаҳ рӯз ҳамроҳи дигар ҳунармандони ҷумҳурӣ бо роҳбарии коргардони ҷавони маъруфи тоҷик марҳум Мақсудшо Иматшоев омодагӣ дида, баъдан дар бинои Театри калони шаҳри Маскав ҳунарнамоӣ намуда, бо диплому ифтихорномаҳо баргаштанд. Аз тарафи Вазорати фарҳанги ИҶШС ба Муҳаммадшарифи Шодӣ нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанг» эҳдо шуд.
Бори дувум ҳайати ансамблро ба фестивали осиёимиёнагии ансамблҳои фолклорӣ-этнографӣ ба шаҳри Тошканди Ӯзбекистон даъват намуданд. Фестивал дар кохи боҳашамати «Дӯстии халқҳо» баргузор гардид. Чор рӯз машғулият гузашт. Баъди машғулиятҳо ду рӯз барои сокинони шаҳри Тошканд барномаи калони консертӣ намоиш дода шуд, ки роғибонро бештар рақси «Остин»-и мастчоҳидухтарон мафтун кард.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва рӯ овардан ба асолатҳои миллию худшиносӣ фаъолияти ансамбли «Нақш» боз ҳам густариш ёфт. Маҳз ба хотири комёбиҳои рӯзафзуни «Нақш» соли 1991 фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Нақши сурудҳои тӯёна» дар ноҳияи Мастчоҳ сурат гирифт, ки дар он ба ғайр аз дастаҳои ҳунарӣ аз ҳамаи гӯшаву канори кишварамон ва меҳмонон аз ноҳияҳои Бӯка, Бекобод ва Кӯкарали вилояти Тошканди Ӯзбекистон иштирок доштанд. Иштироки «Нақш» дар фестивал-озмунҳои ҷумҳуриявии «Ганҷина» (соли 1994), «Ганҷи шойгон» (соли 1997), «Родмардони Ватан» (соли 2000) дар сатҳи олӣ буд. Соли 2001 ансамбл дар фестивали байналмилалӣ бахшида ба 3000-солагии шаҳри Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчун намояндаи кишвари мо ширкат варзид. Соли 2006 бахшида ба 2700-солагии шаҳри Кӯлоб фестивали байналмилалии «Фалак» баргузор гардид, ки ҳайати ансамбли «Нақш» низ иштирокчии фаъоли он ба шумор мерафт.
3 сентябри соли 2012 «Нақш» ба фестивали байналмилалии «Аваза-2012» дар Туркманистон роҳхат гирифт ва озмунро бо ду дипломи дараҷаи як бо имзои Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҷамъбаст намуд…
«Нақш» - асоси «Фалак»-и Суғд
Даҳ сол пеш аз ин дар вилояти Суғд ансамбли давлатии «Фалак» таъсис ёфт, ки сарвараш Асрор Камолиддинов буд ва Муҳаммадшариф Шодиро ба он ҳамчун роҳбари бадеӣ даъват кард. Муҳаммадшариф беҳтарин суруду рақсҳои ансамбли «Нақш»-ро бо такмилу иловаҳо ба ансамбли навташкил овард. Алҳол «Фалак»-и Суғд дар авҷи камолот аст ва таҳти роҳбарии Давлатманд Қутбиддинов бомуваффақият амал мекунад ва чандин намунаҳои рақси якка ва гурӯҳии «Остин»-ро дар барномаҳояш ворид намуда, пешкаши ҳаводорон мекунад.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
ноҳияи Мастчоҳ