Афсона чи ширин аст, вақте ки онро аз забони лолоии модар мешунавӣ.Оё ту медонӣ, ки ранг низ афсона дорад? Ранг зебоӣ меофарад. Аз худ гулбаст тавлид месозад, ки рагу пайро оромиш мебахшад.
Афсонаи буду набуди дунёи адрас, ки аз қадим мардуми тоҷик рангомезӣ кардаву яке аз дигаре хуштару зеботар офарида буд, нотакрор аст…
Афсона оғоз шуд, афсонаи рангҳо. Ранги зард омаду бо ранги кабуд ҳамнишин гардид. Ранги сабз ба вуҷуд омад. Ранги сурху нилобию арғувонӣ ба ҳам дӯст шуданд. Сафед, сиёҳ, норинҷӣ…
Ба адрас назар кардаву худ ба олами афсонаи рангҳо фурӯ рафтам. Ранг бо ранг омезиш ёфту афсонаи рангҳо хотираамро барангехт. Хотирае, ки аз дунёи атласу адрас бароям қисса менамуд. Шонаҳои адрас аз завқи соҳибҳунар ба вуҷуд омаданд.Тамошои он ба кас ҳаловату неруи тоза мебахшад. Ривоятест аз дунёи ҳунар, ки чун чашмаи зоянда ва давлати поянда мехонандаш.
ДУНЁИ ПОПУРЗАНӢ
Гулҳое, ки рӯи матои якранг ба шукуфтан майл доранд, аз қувваи дастони муъҷизаофари дӯзандаи моҳир дарак медиҳанд. Олами зебо дорад зани ҳунарманд, ки рӯзгори худро бо дастони худ гулрезу гулбез менамояд. Маро муяссар шуд, ки ба дунёи зани гулофару некбин, чевари нозукбин, ки бо заҳмати мардонаи худ коргоҳеро бо номи «Таманно» таъсис додааст, ошно бигардам.
АВВАЛИН УСТОД
Модари Мастура ба куртадӯзӣ менишаст. Мастураи хушзеҳну зирак оҳиста-оҳиста ҳунарашро «медуздид». Барои кӯдакони хурдсол модар, ҳам падар буду ҳам модар. Дастони модар баробари нону кулчаҳои ширмол пухтан, боз қуроқдӯзӣ, шероздӯзӣ, шерозтанӣ, кӯрпачадӯзӣ мекард. Аз ночизӣ чизе меофарид, то тифлон бепадарии худро ҳис накунанд. Мастураи мактабхон бари мошинаи модар менишаст, вақте ки ӯ ба танӯр нон мечаспонд. Аз истеъдоди модарзодӣ ба худ куртаҳои кӯдакона медӯхт. Меканду медӯхт, медӯхту меканд…
ФАТҲИ ҚУЛЛАҲО
Соли 2002 Мастура Шукурова ба ансамбли «Рухшона» ба ҳайси дӯзанда ба кор омад. Дар он нозукиҳои ҳунари шиму пардадӯзиро омӯхт. Устодаш соли 2016 бо дастгирии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати кишвар ва мақомоти марбутаи ноҳияи Варзоб Мастураро ба шаҳри Хуҷанд фиристод. Тайи як моҳ курси омӯзишии адрасу қолинбофиро омӯхт. Аз тарафи раиси ноҳия ва раиси Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ як бино ҷудо гардид. Мастура Шукуроваро бо мошинаҳои дарздӯзӣ ва дастгоҳи адрасбофӣ таъмин намуданд. Курсҳои адрасбофӣ духтарони ташнаи ҳунарро ба сӯи худ кашид.
Заҳмати беғаразонаи Мастура Шукурова соли 2017 бо гранти президентӣ (30000 сомонӣ) қадр шуд. Ӯ аз ин ҳисоб дастгоҳи адрасбофӣ ва мошинаи попурзанӣ харид намуд.
Соли 2017 60 нафар соҳиби сертификати адрасбофӣ гардид. Дар ин кор саҳми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хеле назаррас буд.
Оилаи солим боиси пешрафти кори ҳар зани соҳибдил мегардад. Мастура соҳиби се фарзанд мебошад. Таманно омӯзгор асту Саъдӣ донишҷӯи курси чоруми факултаи рӯзноманигории ДМТ.
Сурайё дилбохтаи касби модар аст. Ӯ аз хурдӣ бари мошинаи дарздӯзӣ менишинаду ба дунёи орзуҳои бачагӣ меравад. Аввалин дарзҳои худро ба хотир меорад, ки басо барояш душвор буданд. Сабру тоқатро аз модар омӯхтааст. Саъдӣ ҳунари заргарӣ дорад. Пеши устод ҳунарашро сайқал медиҳад.
Нияти нек
Аз орзуву ниятҳои Мастура пурсон шудам. Ӯ дар оянда мехоҳад як сехи пухтупази шириниҳо таъсис диҳад.
Ба Мастура Шукурова дар ин соли пурфайзу барор, ки пур аз саҳнаҳои нақшу нигори миллӣ, зинда намудани ҳунарҳои мардумист, комёбӣ таманно дорем.
Шарифгул ҲУСЕЙНОВА,
ноҳияи Варзоб