Биё барои ҳурматаш,
Зи ишқ гуфтугӯ кунем
Ва байтҳои хуфтаро
Зи кунҷи зеҳн ҷустуҷӯ кунем.
Баҳор, эй дугонаи азиз, эй Баҳор,
Қасам ба ҳурмати Худо,
Ки бе ту ранг дар замона нест,
Бидуни ту дубайтиву фасона нест.
Ҳузури ту далели он бувад,
Ки ишқи поку ростин фасона нест.
Баҳор, эй дугонаи азиз,
Ба боғҳои хушки зиндагӣ
Биёву накҳати фасонаро биёр!!!
ТАМАННО
Ба ҷуз аз ҳастии аз ту таманноям нест
Гарчи кобуси фироқат ҳар шаб
Рӯи ин бистари холӣ
Бидиҳад озорам.
Ту намедонӣ бе ту,
Чи қадар беморам.
Ман надонам эй ёр,
Ки муҳаббат оё
Ба чунин хурдани ғам меарзад?
Лек медонам бе ту,
Пояи зиндагиям меларзад.
Ёр, эй ёр
Ба худо беморам.
Лек овора машав
Паи дармону даво
Ҳаст кофӣ, ки биоиву бигӯӣ:
«Бархез, ҷони ман Дӯстат медорам!!!
ОШИҚОНА
Ало, эй беҳтар аз дунё, зи чашмони ту метарсам,
Наметарсам зи кас, аммо зи чашмони ту метасам.
Агар чашми ту фармояд «ғуломам бош!», хоҳам буд,
Ки аз баъди Худо танҳо зи чашмони ту метарсам.
Ду чашмони ту дарёянд, аммо сахт тӯфонӣ,
Наметарсам ман аз дунё, зи чашмони ту метарсам.
Чи савдоест дар чашмат, ки бо ин қадр шайдоӣ
Мани пуршӯру пурсавдо, зи чашмони ту метарсам.
Зи чашмони ту метарсам, - агар пурсад маро зоҳид, -
Ва ё аз маҳшари фардо? Зи чашмони ту метарсам.
Чунин мегӯяму аммо ба ёди чашмҳои ту
Дилам гум мезанад, оё зи чашмони ту метарсам?
ҒАЗАЛЕ ДАР БОРОН
Бичакад ба рӯи роҳам чу сиришки сӯгворон,
Дили чарх об гашта зи дубайтиҳои борон.
Ба куҷо барам диламро, ки панаҳ диҳам зи ҳузнаш,
Ҳама кӯҳу дашт ғамгин, ҳама сангу хок гирён.
Ва агар дуруст гӯям, дили ман зи ғусса розист,
Ки ба меҳр мекушояд дари хонаҳои вайрон.
Ба ҷаҳон касе чу қалбам ба худо хабар надорад,
Зи муҳаббату хиёнат, зи рафоқату зи ҳиҷрон.
Ҳама ҳайратам, ки ин дам зи намакшиносии ишқ,
Дили кист об гашта таи пои раҳгузорон.
РОБИЯ