Бибимайрам бо падид омадани лахт - лахти матоъ аз ин панҷазаниҳояш бештар завқаш меафзуд. Ӯ ба ёд меовард, ки чӣ гуна модараш бо кӯдакон ба санчилбозию рустшавакон таҳрикаш медод, вале ӯ бо якравӣ ва ҳатто гиряву зорӣ аз пеши модар дур намешуду зеҳн ба адрасбофиаш мемонд. Ҳунарро бо ҳама мушкилиҳояш омӯхт. Ва имрӯз ба бонувоне адрасбофиро меомӯзонад, ки ба ҷиҳати сол аз модараш ҳам бузургтаранд ва ӯро дар деҳа «усто» ном мебаранд. Қалби кӯчакаш лабрез аз шодию фараҳ мешуду ифтихор аз пешаи дӯстдоштааш менамуд.
Ин лаҳзаҳо садои хандаю бозии кӯдакон, ки ба тамошои мавзеи таърихии Қалъаи Ҳисор омада буданд, риштаи хаёлоташро канд. Давон бо баҳонаи гарм кардани дастаконаш дар шуои офтоби хиранамои зимистона аз ҳуҷраи корӣ берун шуд. Муддате ба кӯдакони роҳгузар дидаи умед дӯхт, ки шояд онҳо аз дукони адрасбофиаш дидан мекунанду ба кори дастиаш таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Вале, на! Зеро на ҳар кас чун ӯ таҳаммулпазиру мушкилнописанд будан метавонад. Онҳо саргарми шодию бозии дунёи кӯдаконаи хеш ба сӯи арғунчакҳо ва фойтунҳо метохтанд…
Гулнора, модари Бибимайрам, бо шикаст хӯрдани бахташ хост, то лаҳзае фориғ аз такопӯи зиндагӣ бошад. Дурӣ аз атрофиёнро меҷуст. Аз наздиконаш илтиҷо мекард, то оромаш гузоранд, ки тавонад барои зиндагии минбаъдаи худу Бибимайрам тарҳеро кашад. Бо даъвати дӯсти қадрдон ва дугонаи ҳунармандаш, ки дар ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд мезист, ҳамроҳи Бибимайрам ба хонаи ӯ ба меҳмонӣ рафт. Адиба, ки воқиф аз ҳунари адрасбофӣ буд, ба Гулнора омӯхтани ин пешаро тавсия дод. Ӯро бо ёдовар шудан аз дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва бад - ин васила ёфтани ризқу рӯзиро барояш талқин кард. Пешниҳоди Адиба хушаш омад ва муддати чанд рӯзе, ки меҳмони хонадони дугонааш буд, вақташро вақфи омӯхтани адрасбофӣ сохт. Бибимайрами донояку хушзеҳн аз бари модар дур нашуда, чашм аз Адибаю Гулнораи ҳунарманд намеканд. Дугонаҳои саргарми кор аз дунёи духтараки ташнаи чашмаи ҳунар бехабар монданд. Бибимайрам дар давоми даҳ рӯз адрасбофиро дар баробари модар ёд гирифт ва даъвои дукони худ аз Гулнора кард. Гулнора, ки ғайр аз ҳунаромӯзӣ сохтани дукони адрасбофиро ҳам балад буд, аввалинашро ба Бибимайрам, баъдан ба аксари бонувони маҳаллаашон сохт ва ҳам адрасбофиро барояшон омӯзонд. Акнун занону духтарони хонашини деҳа ва гирду ванои он соҳиби коранду дастмузд аз меҳнати ҳалолашон.
Бибимайрам Муҳаммадиева хонандаи синфи дуюми мактаби таҳсилоти умумии № 3 деҳаи Ҳисори шаҳри Ҳисор мебошад. Ӯ замоне машғули ҳунармандӣ шуд, ки ҳанӯз шаш сол дошт. Вақте ки мебоист бо ҳамсолонаш дар олами кӯдакии беғашу беолоиш даврронӣ кунад.
- Адрасбофӣ шуғли дӯстдоштаи ман аст. Дар вақти бофтан зиқ намешавам. Чун зиёдтар мебофам, завқам бештар мешавад. Аввал 30–35 сантиметр мебофтам, ҳоло бошад, то 1 метр адрасро таҳия мекунам. Ба хондану навиштан ҳам шавқу ҳавас дорам. Бо баҳои хубу аъло хонданам боиси таҳсин шунидан аз муаллимони мактабам аст, вале рағбатам бештар ба адрасбофист. Агар калон шавам, аз пайи рушди ҳамин ҳунар мешавам, - бо исрори кӯдакона иқрор меояд Бибимайрам.
Ӯ аввалин маҳсули дасташро соле пештар ба як бонуи хориҷӣ барои фурӯш пешниҳод намуд. Шояд таваҷҷуҳи зани фаронсавиро на он матоъ, балки ҳунари ин духтараки кӯчаку дӯстрӯяк ҷалб сохта буд, ки маҳз харидори дастранҷи Бибимайрам шуд. Бибимайрам хушҳол аз дастовардаш пулҳоро гирифта, сӯи модар пару бол кушоду давид. Бо хоҳиши Бибимайрам аз нахустин нақди ба дастовардааш Гулнора барояш қаламу китоб ва либосҳои мактабӣ харид.
- Модарам дар дасти ман пулро дида, ҳайрон шуд ва гуфт, ки чаро адраси бофтаамро фурӯхтам? Гиря кард, намедонам барои чӣ? – андешамандона мегӯяд Бибимайрам.
Модарро гумони аз таҳсил дур шудани Бибимайрам нигарон намуда буд. Баъдан Гулнора дид, ки духтараш як реҷаи муайяне барои худ тарҳ задаасту фурсати камеро барои ҳунармандиаш ихтисос додааст, дилаш қарор гирифт. Ҳамчунин, аз қаноатмандии омӯзгорони мактаб хушнуд шуд ва ба натиҷае расид, то барояш шароити идома додани ҳунарро фароҳам оварад. Ӯ хушҳол аз ақлу зиракии Бибимайрамаш маблағи ба дастовардаи духтарашро сарфи хариди ришта намуд.
Бибимайрам Муҳаммадиева аслан дар муҳити ҳунармандӣ ба воя расидааст ва меҳри ин пеша дар хунаш ҷӯш мезанад. Ба гуфтаи бибиаш Муяссара Ёдгорова «обу гили авлоди моро бо ҳунар сириштаанд». Ин аст, ки ин духтараки хурди резапайкар гоҳе назди бибӣ нишаста, пулакчабофӣ ва шерозтаниро меомӯзад. Бо нигоҳи гурезон ба ҳаракати дастони бибӣ назар меафканад, ки мабодо нагӯяндаш: «Бирав, аз пайи ҳамсоядухтаракон, лӯхтакбозӣ бикун…»
Қутбияи НЕЪМАТУЛЛО,
шаҳри Ҳисор