«Дӯстии ношикастанӣ»
Муҳаббат Юсуфиро чун адиб мешинохтам ва аз касби рӯзноманигорияш низ андак огаҳӣ доштам, вале ҳангоми суҳбат ӯро як инсони заминию хоксор шинохтам. Ӯ нафарест, ки мехоҳад муҳаббати китобро дар дили кӯчаки ояндагони миллаташ бедор созад. Бо ин мақсад китоби тозанашрашро бо номи «Дӯстии ношикастанӣ» бо се забон: тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ интишор додааст, ки дар Фестивали ҷумҳуриявии «Китоби бачагона» ба дасти хонандагонаш мерасад. Муҳаббат Юсуфӣ аз соли 2007 бад-ин сӯ мудири шуъбаи илмӣ-методии китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакарро ба уҳда дорад. Дар таҳияи зиёда аз 30 дастурҳои методӣ саҳм дошта, инчунин дар рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум» фаъолият намудааст. Ва муаллифи зиёда аз 100 мақола дар матбуоти даврист, ки марбут ба соҳаи маориф ва фарҳанганд. Китобҳояш «Пайванди шикаста», «Зиндадаргӯр», «Дӯстии ношикастанӣ» рӯи чоп омадаанд. Заҳматҳои хастагинопазир ӯро ба дарёфти нишонҳои «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» раҳнамун сохтаанд.
Фестивали созанда
-Вақте ки ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар мекунем, мебинем, ки кӯдакон то кадом андоза моро самимона пешвоз мегиранд. Наврасони шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Хоруғ, Роғун, ноҳияи Файзобод дар ин фестивал бартарият доштанд, ки аз хотирам зудуда намешавад. Ҳар адиб дар назди ин дӯстрӯякон масъулияти баланд эҳсос мекунад. Бинобар ин кӯшиш ба харҷ медиҳад, то фестивали соли оянда бо як дастовези нав ба дидорашон биёяд. Вақте ки бо шоирон Гулназар Келдӣ, Ҷӯра Юсуфӣ, Алӣ Бобоҷон, Латофат Кенҷаева, Юсуфҷон Аҳмадзода ва дигарон рӯ ба рӯ мешуданд, наврасон бо якдигар мегуфтанд: «Шоирро зинда дидам». «Ҳафтаи китоби бачагона» муддати кӯтоҳе буд, ки мо аз дидори хонанда ва хонанда аз дидори мо сер намешуд.
Хушбахтона, имсол бо дастгирии вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода, ин фестивал аз 15 апрел оғоз шуда, то 15 май идома меёбад. Ҳадафи асосии ин чорабинӣ ҷалби таваҷҷуҳи наврасон ба китоб, пешниҳод намудани адабиёти тозанашр ва дарёфти чеҳраҳои созанда ба фардои меҳан мебошад. Мо аз ҳар гӯшае 10–15 нафар навраси соҳибистеъдодро пайдо менамоем, новобаста аз он ки ӯ журналист ё ҳунарманд шудан мехоҳад, муҳим асарҳои зиёде мутолиа намуданаш аст. Аз Шаҳринав як нафар наврас -Нусратуллои Насруллозода соҳибистеъдод буд ва ровигии фестивалро дар ноҳия ба зимма гирифт. Ҳоло дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон таҳсил менамояд, аллакай коргардонии фестивалро бар дӯш гирифтааст,- мегӯяд қаҳрамони мо.
Китобхонаи мазкур аз рӯи нақша дар ҳама ҷашнвораҳою зодрӯзи шоирони бачагона озмунҳои зиёдеро эълон менамояд. Ва ба хонандагони ғолиб, устодон, инчунин, волидони беҳтарин ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ тақдим мекунад. Бинобар ба қавли Савригул Соҳибназарова –корманди шуъбаи хизматрасонии китобхона, Анушаи Зайниддин, Аниса Саидова, хонандагони мактаб-интернати рақами № 1шаҳри Душанбе пайваста ба ин махзани донишу маърифат меоянд. Аз ноҳияи Рӯдакӣ 20 нафар волидоне ҳастанд, ки ҳамроҳи фарзандонашон дар рӯзҳои истироҳат ба китобхона меоянд. Дар китобхона бо 5 забон адабиёт гирдоварӣ шудааст.
Хатаре ба адабиёти кӯдакона
Дунёи кӯдакӣ пур аз орзуҳои рангину ғайриодиест, ки на ҳар адиб метавонад хостаҳои онҳоро бароварда созад.
-Ҷавонтарин адибони кӯдаконаи мо синнашон аз 60 болост. Ва ҳар гоҳ ки марги адиберо мешунавам, бароям фоҷиа аст, зеро хатари зиёде дорад ба адабиёти бачагонаи мо. Ин халоро аз ҳисоби адибони ҷавон бояд пур намуд. Адибоне бошанд, ки аз як нигоҳи кӯдак ҳис кунанд, ки ӯ чӣ мехоҳад? Ва дар ин сурат эҷодкор метавонад, ки ба дили наврасон роҳ ёбад. Аз шеъри «Ман калон мешавам»-и Мирсаид Миршакар солҳо гузаштаанд, вале аз пирони барно сар карда, то кӯдакон ҳама ин шеърро медонанд, чаро ки содаву фаҳмою равон офарида шудааст, - мегӯяд Муҳаббат Юсуфӣ.
Модарони сохта
-Аввалин маротиба кӯдак калимаеро чун дуруст талаффуз намуд, мо ҳатман ӯро бо китоби зебои кӯдакона бояд ошно созем. Расмҳои китобро такрор ба такрор нишонаш диҳем, то тарзи дурусти ифодаи калимаҳоро ёд гирад ва бо расмҳо ошноӣ пайдо намояд. Бисёр хуб мебуд, агар падару модар мудом китобҳои бадеиро мутолиа намоянд, то фарзандон ба эшон пайравӣ кунанд. На ки як бозича, балки китоберо ҳам ба кӯдак туҳфа намудан аз манфиат тиҳӣ нест, зеро китоб арзандатарин армуғон аст ва қимати онро волидон ба фарзандон бояд фаҳмонда тавонанд. Аксарият бар он ақидаанд, ки кӯдак ба мактаб рафт, китобхон мешавад, вале он лаҳза дер хоҳад шуд. Модарон бештар бояд ба фарзандон аҳамият диҳанд. Ҳастанд модароне, ки барои ҳалли вазифаи хонагии фарзандаш ӯро ба хонаи ҳамсоя мефиристад, ки хуб нест. Бонувоне, ки хонанишинанд, вақти зиёде доранд, ки ҳамроҳи фарзандон кор кунанд. Аз пешравии илму техника бохабар бошанд, дар сурати пайдо шудани мушкилӣ модар мушкилкушои ӯ бошад, зеро ягона идеали фарзанд ин волидонаш ҳастанд.
Шуъбаи бачагонаи Иттифоқи нависандагон дар соли 2018 озмуни беҳтарин шеър ва ҳикояи бачагонаро эълон намудааст. Соҳибқаламон муддати як сол нигоштаҳои хешро метавонанд ба нишонии мазкур ирсол намоянд. Мақсади асосии озмун кашфи беҳтарин адибони бачагонанавис мебошад ва навқаламон аз ҷониби Иттифоқи нависандагон ва Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ мебоист дастгирии пайваста ёбанд, - гуфт дар фарҷоми суҳбат Муҳаббат Юсуфӣ.
Фарзона ВОСЕЕВА