Аз сулолаи омӯзгорон
Светлана дар сулолаи омӯзгорон ба дунё омадааст, ҳам волидонаш, ҳам бобою бибиҳояш омӯзгор будаанд. Падару модарашро медиду эҳсос мекард, ки омӯзгорӣ пешаест масъулиятноку заҳматталаб. Ба андешаи ӯ, барои омӯзгор шудан асаби оҳанин лозим мебошад. Бародараш роҳи тибро интихоб кард ва ҳоло яке аз табибони машҳур, ҷарроҳи номдори Украина аст. Ӯ ба соҳаи илм рафт ва хоҳараш бошад, омӯзгор шуд.
Вақте Гагарин ба кайҳон парвоз кард…
- Дар кӯдакӣ хушбахту беғам будем. Бомаза хӯрданро дӯст медоштам. Бибиям пазандаи моҳир ба шумор мерафт. Дар иҳотаи ман одамони наздикам қарор доштанд. Танқисие намекашидем. То ҳоло бо дӯстони даврони кӯдакиям дар тамосам. Албатта, аз он даврон хотироти зиёду ширине дорам. Вақте ки Гагарин ба кайҳон парвоз намуд, мо дар дарси алгебра будем ва кори санҷишӣ менавиштем. Баъди иҷрои супориш ба саҳни ҳавлии мактаб баромадам. Вақте тавассути радио ин хабарро хонданд, ман тозону шодон аз нав ба синфхона даромадам ва бо овози баланд эълон кардам: «Одам ба кайҳон парвоз кард»! Модарам, ки омӯзгори фанни алгебра буд, бо қаҳр ба ман нигариста гуфт: «Ҳоло ист, ба хона равем, баъд мефаҳмем, ки ба кайҳон кӣ паридааст?» - ба ёд меорад он аҳду овонро Светлана Ивановна.
Мактабе, ки таҳсил кард, тадрисгоҳи хуб буд. Дар ин даргоҳи омӯзиш ба раванди таълиму тарбия эътибори ҷиддӣ медоданд. Онро бо медали тилло тамом кард. Бахши астрономияи Донишгоҳи давлатии Киев ва аспирантураи онро низ хатм намуд.
Шукрона аз тақдир кунам…
- Чӣ шуд, ки қисмати худро бо Тоҷикистон пайвастед?- мепурсам аз ӯ.
- Пас аз хатми аспирантура каме дар кафедра ифои вазифа доштам. Барои иштирок дар як озмун даъватнома гирифтам. Аллакай 45 сол шуд, ки қисмати ман бо Тоҷикистон решапайванд аст. Вақте бори аввал омадам, бароям ба зеҳнияту урфу одатҳои тоҷикон хӯ гирифтан андак мушкил буд. Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст ва аз дидани теғаҳою қуллаҳояш ба ҳайрат меафтодам. Вале бо мурури вақт ба табиату мардуми ин кишвар сахт одат кардам, то ҷое ки мабодо рӯ ба ҳиҷрат оварам, ҳар чи зудтар мехоҳам ба Тоҷикистон баргардам. Меҳру муҳаббати мардуми тоҷик низ самимона аст, - мегӯяд ӯ.
Вақте ба Тоҷикистон омад, ҳамчун мутахассиси ҷавон барояш тамоми шароитро фароҳам оварданд. Дар Ҳисор, дар назди расадхона, ки қароргоҳи кориаш буд, ба ӯ манзил доданд. Маҳз дар ҳамин ҷо бахти худро пайдо намуд. Бо ҳамсари шодравонаш Александр соҳиби се фарзанд гашт. Фарзандонаш хатмкардаи донишгоҳҳои Тоҷикистон буда, имрӯз дар Русия фаъолият мебаранд.
Ҷавонон ва ситорашиносӣ
Ба андешаи Светлана Ивановна ҷавонони муосир ба ин самт майли зиёд доранд. «Онҳоро бояд дастгирӣ кард. Зеро илми ситорашиносӣ дар Шарқ аз қадим маълуму машҳур буд ва олимони барҷаста маҳз аз Шарқ баромадаанд. Астрономи хуб бояд осмонро дӯст дорад, пайваста онро мушоҳида кунад ва тоқатпазир бошад»,- мегӯяд ӯ.
Н. ТӮЙЧИЗОДА