Субҳи бармаҳал шурӯъ аз соати 5.00 Муҳаррамхола осемасар аз хоб бархеста, барои бачагони мактабхонаш наҳорӣ тайёр мекард ва бо шавҳараш тараддуди корравӣ медид. Дар корхонаи нассоҷии тоҷик ба ҳайси ғалтакчин дар ду баст заҳмат мекашид. Аз субҳи бармаҳал то соати 24.00 машғули ғалтакрезӣ сари по меистод ва тамоми неруи ҷисмониашро сарфи ин пеша менамуд, то корро аз меъёр зиёд анҷом бидиҳаду некуаҳволии фарзандонро фароҳам орад. Хилъати дона-донаи худро, ки он солҳо занон дар корхона ба бар менамуданд, ба зистгоҳи хеш меовард, шабона онро бо ҳамроҳии либосҳои мактабии бачагонаш мешусту хушк мекарду дарзмол ва пагоҳӣ ҳамон хилъатро ба тан пӯшида, ба кор мерафт, то касе пай набарад, ки ӯ аз пӯшок танқисӣ мекашад. Меъдаро андаке фиреб медод, то аз ҳол нараваду қуввати кор кунад. Ба масал аз ишкам мезад, то ҷигарбандонаш серу пӯшида бошанд. Шавҳараш гарчанде ронандагӣ мекард, касалманд буду зуд-зуд бистарӣ мегардид. Марди хушхулқу оромтабиат буд. Муҳаррамхола ҳеҷ гоҳ бо ӯ баланд намегуфт, ҳалим рафтор мекард ва аз ӯ чизе наметалабид.
Ин зани матину қавиирода Муҳаррам Офоқова аст, ки 12 декабри соли 1947 дар деҳаи Далёни Поёни ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) ба дунё омада, соли 1966 оиладор шудааст. Соли 1970 ӯ бо ҳамроҳи шавҳару фарзандонаш ба Душанбе кӯч баст ва дар корхонаи нассоҷӣ ба кор пардохта, бад-ин минвол 9 соли ҳаёти оилавиашро бо ҳафт фарзанд дар хобгоҳ сипарӣ кард. Билохира, ба фикри ояндаи фарзандон ва ҷаҳду талошҳояш соли 1979 корхона ба ӯ хонаи панҷҳуҷрагӣ тақдим намуд.
– Гарчанде хона навбунёд буду аз даруни ошёнаи чорум таҳхона ва хонаҳои охири бино дида мешуду ғайри деворҳои бетонӣ чизи дигаре надошт, ҳамоно хушбахт будам, ки фарзандонам акнун сарпаноҳи худро доранд, - мегӯяд Муҳаррам Офоқова.
Аз он рӯзгор эътиборан 27 соли ҳаёти худро сарфи пешаи бофандагӣ карду нони ҳалол ёфту ном. Дар баробари ин ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон таваҷҷуҳ мекард.
Заҳмати Муҳаррамхола баръабас нарафт, балки рӯзе самар оварду хотирашро ҷамъу болида сохт. Фарзанди бузургаш Моҳира Бобоева хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон асту айни замон ба ҳайси ҳамоҳангсози лоиҳаҳои байналхалқии СММ дар нуқтаҳои даргири кишварҳои хориҷ, аз қабили Афғонистон, Покистон ва Африқо марбут ба масоили тандурустӣ ҷасурона ифои вазифа менамояд. Фарзанди дуюмӣ – Эшонҷон Бобоев айни ҳол дар сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Фарзанди сеюмӣ – Маҳбуба Темурова дар ҶСП «Имон-интернешнл» ҳамчун мушовири ҳуқуқӣ адои вазифа менамояд. Чорумӣ – Офоқ Бобоев муҳассили Донишгоҳи техникии Тоҷикистон асту кунун машғули соҳибкорист. Фарзанди панҷумӣ – Нусратой Бобоева хатмкардаи Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон буда, алҳол аз фанни лисони англисӣ ба мактаббачаҳо дарс мегӯяд. Шашумин фарзанд – Тоҷиддин Бобоев муҳассили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон асту айни замон ба фаъолияти соҳибкорӣ даст дорад. Фарзанди ҳафтум- Ҷаҳонгир Бобоев муддати тӯлонӣ дар фурудгоҳи Душанбе кор карда, дар бунёди терминали нави он саҳми босазо гузоштаасту тайи чанд сол он ҷо ба ҳайси мудир фаъолият намудааст. Фарзанди хурдӣ – Шоира Бобоева хатмкардаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аст.
- Модарам мардвор кор мекард ва дар баробари ин ба тарбияи мо ҷиддан таваҷҷуҳ менамуд. Мекӯшид, ки аз чаҳорчӯбаи ахлоқ берун наоему раҳ ба хато набарем. Гарчи сахтгир буд, боре ҳам аз забонаш дашном ва сухани қабеҳ нашунидаам, - мегӯяд Маҳбуба Бобоева. – Аз хурдсолӣ боре ҳам мушоҳида накардаам, ки падару модарам бо ҳам овоз баланд кунанду низоъ барангезанд, - меафзояд ӯ.
Дарвоқеъ, фарзандони ин хонавода дар фазои меҳру муҳаббат, якдилӣ ва меҳнатдӯстӣ ба воя расидаву толиби илм ва ҷӯёи фарҳангу маърифатанд. Муҳаррамхола, ки худ бармаҳал аз падар маҳрум монд, зери тарбияи тағояш – Саидмуҳаммад Аброров қарор гирифт, ки ӯ шахси фозилу бомаърифат ва директори мактаби деҳа буд. Ҳайкали ӯро дар осорхонаи Истаравшан гузоштаанду яке аз кӯчаҳои ин шаҳрро ба номаш ихтисос додаанд. Таъсири хуби фарҳанги ин марди донишвар ба Муҳаррами хурдсол рӯҳи қавӣ бахшид, то гоми устувор ба арсаи зиндагӣ ниҳад.
Имрӯзҳо Муҳаррамхола дар иҳотаи фарзандону наберагон худро хеле хушбахт меҳисобад ва аз таҷрибаи андӯхтаи хеш дигаронро меомӯзонад. Мабодо духтарон лаб ба шиква аз зиндагии носоз кушоянд, онҳоро ба сабру таҳаммул мехонад ва гӯшзад мекунад, ки зинҳор ба ғайбати шавҳару хонаводаи ӯ рӯ наоранд.
- Ман на ҳашт, балки 15 фарзанд дорам, арӯсони хонавода ва домодҳоямро бегона намедонам, чун фарзанд дӯсташон медораму бо онҳо одилона рафтор мекунам, - мегӯяд М.Офоқова. - Онҳо шабеҳи гиланду мо кулол. Ҳар чи хоҳем, метавонем ҳамонро созем, яъне арӯсони хонаводаро тарбият мебояд кард, роҳ мебояд нишон дод. Мо ба ҷавонон бояд роҳнамо бошем, - меафзояд ӯ. Зимнан, чор арӯси ин хонавода низ таҳсилоти олӣ доранду дар мақомоти марбута ифои вазифа менамоянд.
- Ҳамсари фарзандам Ҷаҳонгир, ки дар айёми таҳсилаш дар донишгоҳ онҳоро хонадор кардем, шахсан ман барои итмоми таҳсилаш ёрӣ расондам, фарзандашро нигоҳубин мекардам, ки худро бемуттако напиндорад, - мегӯяд Муҳаррамхола.
Айни ҳол Муҳаррам Офоқова дар ҳалқаи 18 набера худро бибии ба муродрасида медонад. Хишти аввалро, ки рост гузошта буд, гирдогирдаш деворҳои ҳамвору қавӣ қомат афрохтанд. Набераи бузургаш Нигина муҳассили донишгоҳи Лондон асту бо забонҳои англисӣ, русӣ, арабӣ, туркӣ ва ҳиндӣ озод сухан мегӯяд. Замоне, ки таҳсилро дар магистратураи донишгоҳи зайл оғоз мекард, баногаҳ бибиаш бемор шуду барои табобат ба Ҳиндустон рафт. Ин хабарро шунида, таҳсилро мавқуф гузошту ба нигоҳубини бибии мушфиқаш шитофт. Набераи дуюмӣ донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Уфа ва сеюмӣ донишҷӯи Донишкадаи муносибатҳои байналхалқии Маскав мебошад. Дар ин донишгоҳи номбурда, ки довталабон ба тариқи озмун шомил гардиданд, аз Тоҷикистон як нафар – Умед Темуров номнавис шуда буд ва хушбахтона, ин тоҷикписар тавонист аз озмун бо сари баланд гузарад. Ин ҳам самари заҳмати Муҳаррам Офоқова аст, ки имрӯзҳо ба наберагонаш андарз мегӯяду роҳи ростро талқин менамояд.
Муддати ду моҳе, ки Муҳаррамхола аз ёру диёраш дур табобат мегирифт, гулҳои зебои хонагиаш, ки шуморашон хеле зиёд аст, рӯ ба хазон оварданд, гарчанде фарзандон парваришашон мекарданд. Замоне ки баргашт, гулҳо дубора сабз шуданд, гӯё ки ғайри соҳиби худ дигаронро напазируфтанд. Ба монанди гулҳои ҳассосаш Муҳаррамхола низ вазъи пайвандонашро ғоибона эҳсос мекунад ва ба ёрии эшон мешитобад.
- Агар бемор шавам ва ё ба ягон мушкилоти ҷиддӣ дучор гардам, модарам инро ҳис мекунад ва ба ман занг мезанад. Кореро, агар бе маслиҳати модар кунам, он бо нокомӣ меанҷомад ва чун бо ройи ӯ амал намоям, ҳатман муваффақ мешавам, - мегӯяд фарзандаш Тоҷиддин.
- Файзу баракат ва сутуни хонаводаву авлодамон модарам аст. Гар ӯ набошад, зиндагӣ сокиту бенур менамояд ва ҳини даромаданаш хона чароғону мунаввар мегардад. Дар андешаҳоям модарам фариштаеро мемонад, ки бо нуру ҷилояш кошонаҳоямонро рӯшану гарм месозаду дилҳоро лабрези фараҳу шодӣ, - мегӯяд Маҳбуба Темурова.
С. АШӮРОВА