- Он солҳо, ки Нусрат ба тозагӣ аз хизмати ҳарбӣ баргашта буду ман дар синфи 10 таҳсил доштам, дар ҳайати ҳаваскорони ноҳия ҳар ду ба Озмуни эҷодиёти халқ - «Бӯстон» роҳ ёфта будем,- қисса оғоз кард Бегими дуторнавоз. – Бо ҳукми тақдир дар Омӯзишгоҳи санъат низ ҳамсабақам шуд. Дар муҳити санъату эҷодии омӯзишгоҳ мо ҳамдигарро беҳтару хубтар шинохтем ва робитаҳои ҳамсабақиву муносибатҳои дӯстонаи мо ба ишқи ҳақиқӣ табдил ёфт. Ҳамин тавр, баъди хатми омӯзишгоҳ тӯй барпо кардему ҳар ду бо роҳхати Вазорати фарҳанг ба ноҳияи имрӯза Ҷалолиддини Балхӣ ба кор омадем, - ёдовар мешавад холаи Бегим.
Аз соли 1968 инҷониб ду тан фидокорони ҷодаи ҳунар дар соҳаи фарҳанги ноҳияи мазкур фаъолият доранд. Акаи Нусрат корманди театри фарҳангии ноҳия буда, ҳамзамон ба сохтани асбобҳои мусиқӣ сару кор дорад. Дутортарошию доирасозӣ ва сохтани асбобҳои гуногуни мусиқиро аз падар мерос гирифтааст. Новобаста ба талаботи камшумори ҳаваскорон ба асбобҳои мусиқӣ солиёни зиёд ин ҷуфти санъатшинос ҳунарҳои дутору доирасозиро канор нагузоштанд. Ҳоло бо эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ талаботи ҷомеа ба асбобҳои мусиқӣ афзуда, маҳсули дастранҷҳои онҳо харидор пайдо кардааст.
- Мардум шавҳарамро дуторсозу маро ҳамчун дуторнавоз ва сарояндаи сурудҳои фалакӣ мешиносанд, аммо дар асл ҳар нафари мо аз ухдаи сохтани ин асбобҳо мебароему ва ҳам навозандаҳои хуб ҳам ҳастем. Тӯли беш аз 50 соли ҳунарнамоӣ дар саҳнаҳои гуногун обрӯ пайдо кардаему ҳам дӯстони бешумор. Шукргузорӣ аз он дорем, ки бо баракати ҳунару санъати аҷдодӣ рӯзгору оилаи худро пеш мебарем, - изҳор медорад Бегим Убайдуллоева.
Ҷашнвораи издивоҷ ва оғози ҳаёту фаъолияти Бегиму Нусрат дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба 50-умин солгарди ҳунарнамоии онҳо дар саҳнаи санъат рост меояд. Ин муддат сарвари хонавода дар театр фаъолият дошту бонуи Бегим бошад дар китобхонаи марказии ноҳия. Вақтҳои фориғ аз кор якҷоя дутору доира месозанду оҳангу таронаҳои дилнишин эҷод намуда, дар маҳфилу чорабиниҳои идонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ месароянд.
- Дуторсозӣ аз ҳунарҳои қадимии шаҷараи аҷдодии ҳамсарам арзёбӣ мегардад. То издивоҷамон бо Нусрат, ки нозукиҳои ҳунарро аз падари худ мерос гирифтааст, дар бораи сиру асрори доирасозию дутортарошӣ ягон тасаввурот надоштам. Солҳои зиндагии якҷоя бо ин марди соҳибистеъдод ба тарзи сохтани ин асбобҳои навозишӣ низ шавқу рағбат пайдо кардам, - иқрор мешавад хола.
Бо шарофати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ имсол бори нахуст дар намоиши ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон гӯшаи дастранҷҳои созандагони асбобҳои мусиқӣ ба намоиш гузошта шуда буд, ки намунаи беҳтарини онҳо маҳсули дастони пурэъҷози хонаводаи Убайдуллоевҳо ба шумор мерафт. Таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои мардумӣ ба хусус ба корҳои устоҳои чирадасти дутору доираву дигар асбоби мусиқӣ имкон медиҳад, то дар баробари заҳмати касбӣ фаъолияти даромаднокеро ба роҳ монда, ба ин васила рӯзгори хешро беҳтару хубтар намоянд.
- Соли рушду сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муҳаббати ману ҳамсарамро ба касбу кор ва пешаи аҷдодиамон дучанд афзуд. Зеро моро меҳру муҳаббат ба дутору дуторнавозӣ ба ҳам пайваставу то лаҳзае, ки умр боқист ошиқи дутору шайдову вафодори ҳамдигар кору зиндагӣ хоҳем кард, - бо табассум ва хушнудӣ мегӯяд Бегими дуторнавоз.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН