Норбибӣ Норматова 37 сол боз дар сехи чопи КВД «Маҷмааи табъу нашри «Шарқи Озод» ба бастабандии рӯзномаҳо машғул аст.
- Ин шуғл дар нигоҳи нахуст саҳлу сабук менамояд, вале хеле заҳматталаб аст. Рӯзи дароз ва ҳатто шабҳо ҳам менишинему рӯзнома қабул мекунем ва ё рост истода онро бастабандӣ менамоем. Мо низ баробари чопгар барои бо сифати баланд ба дасти муштарӣ расидани рӯзнома масъулем. Зеро ин ҷо нашри як дона рӯзнома не, балки аз чандсад метри тӯлонӣ қоғаз бо суръати баланд чопи ҳазорон нусха амалӣ мегардад. Лаҳзае фориғболӣ метавонад чандин лулапеч қоғаз сақат барояд. Қувваи баланди тезбинӣ, суръати сареи фикриву рангфарқкунӣ вижагиҳои на танҳо кори ношир, балки бастабандҳо низ маҳсуб меёбад, - мегӯяд Норбибӣ.
Ӯ аз деҳот соли 1980 ба Душанбе меояд. Он замон шавҳараш Ҷӯрабек Нормуродов дар Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе усто буд. Маҳз бо ташвиқи ӯ узви доимии чопхона мегардад.
- Соли 1981 корманди матбаа гардидам. Лариса ва Людмила ном занҳои рус тарзи қабул намудан ва бастабандӣ кардани рӯзномаҳоро ба ман ёд доданд.
Садои баланди дастгоҳҳои чоп намегузорад, то ноширон суханони якдигарро шунаванд. Вале онҳо бо имову ишора ва аз як нигоҳ ҳамдигарро мефаҳманд.
- Рӯзномаҳоро бисёр вақт бегоҳ ё шабҳангом чоп мекунем. Гурӯҳи хурди коргоҳи мо бо ҳам дӯст ва ёру ёвари ҳамдигаранд. Мо рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Народная газета», «Халқ овозӣ» ва инчунин нашрияҳои соҳавӣ ва ноҳиявию хусусиро чоп мекунем, - бо ифтихор аз пешааш иброз медорад Норбибӣ.
Ӯ устоди кори худ мебошаду шогирдони зиёдро ба камол расондааст. Зарнигор, Шароф, Музаффар, Қумрӣ ва бисёр ҷавонони дигар имрӯз дар сех ҳамроҳи ӯ кор мекунанду шогирдонаш ба шумор мераванд. Ҳамкорони Норбибӣ Мухтор, Искандар, Қаҳҳор, Нош, Мирзо, Баракат ва бахусус сардори коргоҳ Вафо Гулбердиев, ки 37 сол боз бо ӯ якҷо кор мекунад, нисбаташ эҳтироми зиёд доранд. Хислатҳои нек ва ахлоқи ҳамидаашро меситоянд. Норбибӣ ҳанӯз 28 сол дошт, ки шавҳараш ҳангоми убури роҳ зери чархи мошин монд. Вай барои ду духтар ва ду писараш ҳам падар ва ҳам модар шуд. Имрӯз фарзандҳош хонаву дари ободи худро соҳибанд. Ҳама таҳсилкардаву дар ҷодаҳои худ муваффақ. Писаронаш Шерзоду Беҳзод устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ дар риштаи «Кудо», «Таэквандо» ва «Кикбокс» мебошанду ғолиби чандинкаратаи мусобиқаҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ гардидаанд. Онҳо аз модари худ мефахранду модар аз онҳо.
Норбибӣ Нормуродова аз касби интихобнамудааш пушаймон нест. Шукронаи кори худ мекунад. – Аз ҳамин кор баракат ёфтам, нон хӯрдам, фарзандонамро ба воя расонда хонадор кардам. Соҳиби ин қадар обрӯву иззат шудам, - иқрор меояд ӯ.
Норбибӣ як коргари одии коргоҳи рӯзномаҳост. Вале як ҷузъи таркибии соҳаи матбуот, устоди воқеисту оинаи ибрати ҷавонон!
Д. САЙДАМИРЗОДА