Дар рӯзи чаҳоршанбеи охири моҳи давл, ки муваккал ба фариштаи борон аст, маросими омодагӣ ба Наврӯз «Батайём» ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи ид соҳибхоназан аз ганҷур косаи орд гирифта, бо дуои «Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим, Шогун баҳор муборак!» ба хона медарояд ва ба ҳар панҷ сутуни хона чун рамзи тоза шудани манзили зист аз неруҳои аҳриманию фароҳам омадани хушбахтӣ ва фаровонӣ кафи орд, яъне «бун» мепошад. Вожаи «бун» ё «бунчак» ориёӣ буда, маънояш- бун, бунлод, бунёд ва ё сароғози корҳост.
Чун аҳли хонавода сари ғизо ҷамъ меоянд, одатан пеш аз тановули нони ширравған, бо «дуои биёмурзиш» аз солмандон ва ҷамъи арвоҳи гузаштагон ёд мекунанд.
Аз орд бо омехтаи ширу равған ва донаҳои чормағз нону кулча ва таомҳои гуногун мепазанд. Вожаи «Батайём» аз номи ғизои маросимии наврӯзии «бат» гирифта шуда, он аз орди гандуми навъи сурхак, шир, равған ва қанд ё талқон омода мегардад.
Кочӣ, ки аз орду равған ва шир пухта мешавад, таоми дигари ҳатмии ҷашнист. Хабаргирии хешу табор ва ашхоси ниёзманд низ дар ин рӯз ба ҷо оварда мешавад. Шоми аҳли деҳаро маҳфили фарҳангии шабафрӯз бо мадҳияхонӣ, дафзанӣ ва қиссахонӣ гарм месозад.
Рӯзи Наврӯз, пас аз анҷоми маросими хонатакконӣ падар ва фарзандон дар даст химчаҳои навшукуфтаи бед ва бо суханони «Шогун баҳор муборак!» вориди хона мешаванд, кадбону дар ҷавоби саломи наврӯзӣ бо суханони «Бо рӯйи Шумо муборак» ба китфи рости аҳли хонавода кафи орд - рамзи покӣ, фаровонӣ, бахти сафед ва зиндагии поку беолоиш мепошад. Дар деворҳо ва сутунҳои хона бо орд нақши офтоб, моҳтоб, ситораҳо, дарахти арча, гулҳо, кабк, кафтар, нахчир, чӯпон, рамаи гӯсфандон ва хӯшаи гандум, ки рамзи хайру баракат, саодат, фаровонҳосилӣ, сарват ва тандурустӣ ҳастанд, зада мешавад.
Тухмбарорӣ маросими дигари наврӯзии мардум аст. Он ба хотири баракату ҳосили фаровон дар соли нав гузаронда мешавад. Шахси калонсол дар табақ ду қумоч - нони идонае, ки болои лахчаҳои хокистари танӯр пухта мешавад ва ду дона нони чангмол - ноне, ки бо ангуштон рӯяшон нақшҳо гузошта шудаанд ва кулчае, ки аз рӯйи шакл ба забони барзагов монанд аст, косаи гандум ва зоғнул ё испори хурдакакро гирифта, ба сари замин мераванд. Дар замин ҷӯяк кашида, бо дуои «Ё Бобои Деҳқон, як донаи моро ҳазору аз ҳазор бешумор, каҳ андаку дона фаровон бикун. Ризқу рӯзии ҳалол насиб шавад. Омин», гӯён донаҳои гандумро ба замин мепошанд.
Маросими «Боғнахътайд» ва ё «Сайри Боғ» ҳам аз ҳамҷоя нон шикастан дар назди остон ва ё боғ шурӯъ мешавад. Аз сето нони махсуси ба ин муносибат пухташуда, кадхудои хона дутои онро болои табақ гузошта, ба рӯяш ширу равған мерезад ва ба назди боғ мебараду шахсони дучоромадаро ба тановул даъват менамояд. Пас аз ин остонро зиёрат намуда, ба боғ ба хотири шукрона аз ҳосили фаровони меваҳои биҳиштиаш салом мебарад ва боғро аз шохаҳои шикаста тоза мекунаду даричаи онро мебандад, то ҳайвонот ба дарахтон зарар нарасонанд. Ба гуфтаи солмандон «Сайри боғ» фалсафаи ҳамбастагии инсон ва табиатро дар худ инъикос кардааст. Зеро инсон пеш аз он ки хонаи худро тоза кунад, бояд табиатро, ки хонаи Худост, гиромӣ дорад ва тоза намояд. Аз ин рӯ, пеш аз маросими хонатакконӣ воҷиб аст, ки инсон боғро, ки ҷойи фариштагон аст, зиёрат кунаду покиза дорад.
Таомҳои анъанавиро асосан аз зироатҳои маҳаллӣ ва маҳсулоти боғдориву чорводорӣ тайёр мекунанд. Орди гандум ва боқило ба таври фаровон дар ғизои анъанавӣ истифода мешаванд. Оши бурида, ки аз орди боқило тайёр мешавад, яке аз таомҳои дӯстдошта боқӣ мемонад. Одатан фасли тобистон ҳангоми иҷрои корҳои вазнини ҷисмонӣ барои шикастани ташнагӣ ва неру гирифтани рагу пай мардон оши бурида мефармоянд.
Аммо дар сармои Бадахшон зуком, шамолхӯрӣ ва дигар бемориҳои узвҳои нафаскашӣ қариб ҳар фардро дунболагиранду агар дар нафаре аз аҳли хонавода нишонаҳои маризӣ ҳувайдо шаванд, ба манзури пешгирӣ ва рафъи иллат кадбонуҳо ҳатман омоч ва ё «ношхухпа» тайёр намуда, ба каси касал медиҳанд. Омоч аз хамири орди боқило, ки онро дар оби ҷӯш бо намак омехта мекунанд, омода мешавад. Аз ғӯлинги дар об ҷӯшонда, бо омехтаи орд ва қанд атолаи зардолу ё «ношхухпа» мепазанд. Дар ҳар хонавода намудҳои дигари таом, назири даля, боҷ тайёр мешаванд. Пас аз чашидани омоч ва ё атолаи зардолу ба шахс тавсия дода мешавад, ки муддате худро гарм нигоҳ дорад ва аз таъсири атола дар рагу пай қувват ва гармӣ давида, бадани шахси шамолхӯрда арақ мекунад ва беморӣ рафъ мегардад.
Таоми маросимиро фасли баҳор ҳангоми ҷуфтбаророн ҳатман тайёр намуда, луқмае аз онро ба пешонаи барзаговҳо мемолиданд, то баракат зиёд ва ҳосил фаровон шавад. Боҷро аз гандуми майдашуда ва равған тайёр намуда, ба он каллапочаи гӯсфанд ва ё гӯшт меандозанд. Ин таоми болаззат дар маросимҳои мардумӣ ба таври фаровон пухта мешавад ва бештари вақт ба ҷойи шӯрбо боҷ медиҳанд.
Бино ба қавли муҳаққиқи Институти илмҳои гуманитарии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинбахт Азорабекова, ба ғайр аз хӯришҳои гуногун зиёда аз 70 намуди таомҳои миллиро муайян кардаанд, ки дастони моҳири кадбонуҳо дар маҳалҳои гуногуни вилоят омода ва рӯйи дастархон мегузоранд. Ин анво хони наврӯзиро зебу фар мебахшанд.
Солҳои охир ҷойи танӯрро дар хонаҳои урфии бадахшонӣ тафдонҳои барқӣ гирифтаанд. Вале нони танӯрӣ мазаи дигар дорад ва ниёз ба он боз меафзояд.
Пажӯҳишгарон бар ин назаранд, ки таомҳои миллии анъанавии мардуми Бадахшон мутобиқ ба шароити сокинони минтақа аз маҳсулоти ҷойдории тару тоза ва серғизову барои саломатӣ фоидаовар таҳия шуда, шахси дар баданаш равғани зиёд дошта, дар ин ҷо дучор намеомад. Аммо ҳоло афроди зиёдеро дидан мумкин аст, ки аз бемории фарбеҳшавӣ ва равғани зиёд дар таркиби баданашон ранҷ мебаранду мутахассисон сабаби асосиашро кам шудани истеъмоли таомҳои миллӣ, ки «давои тану роҳати ҷон» ном гирифтаанд, арзёбӣ мекунанд.
Чун дар оғози матлаб аз «бун» ва ё «бунёду бундаҳишт» ёд кардем, бояд гуфт, ба бовари мардум парвариши меваи қувватрасону дармонбахше, ки аз биҳишт омадаст, яъне гандум сароғози ҳама корҳои неки инсон - бувишу рӯиш дар рӯйи замин аст. Яъне Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни деҳқонест, ки «хуррамии дастархони аҳли ҷаҳон» маҳсули обилаи дастони ӯст.
М. Шоҳҷамол,
ВМКБ