Наврӯз аз ҷашнҳои бисёр маҳбуби нафақат мардуми тоҷик, балки тамоми миллату халқияти маскуни ин кишвар ба ҳисоб меравад. Мардуми тоҷик дар Россия бо як рӯҳияи баланди ватандӯстӣ онро дар сатҳи олӣ қайд мекунанд. Бахусус тоҷикони Маскав, Новокузнетск, Челябинск, Красноярск, Абакан, Бирабиҷон, Благовешенск, Комсомоли соҳили Амур ва Хабаровск Наврӯзро бо мояи тамоми рукнҳояш гиромӣ медоранд. Дар ин рӯз бо дастони моҳири бонувони тоҷики ин шаҳрҳо беҳтарин дастархони наврӯзӣ ороста мешавад. Ҳамватанон маъракаҳои калони гӯштигириро ба ифтихори ин ид роҳандозӣ мекунанд.
Бонувони тозарӯзгор Олиямо Сангова, Хуршеда Нурматова ва Ҷумъагул Собирова суманак омода мекунанд ва дар зарфҳои махсус гирифта, дар Наврӯз ба мардум ҳадия менамоянд. Дар Россия зиндагӣ кунанд ҳам, доимо ин оинро ба ҷо меоранд. Ба иқрори бонуи тоҷик аз Красноярск Раъно Боқиҷонова, дар ин шаб дар гирди деги суманак ҷамъ мешаванд, то ҳар нияти некашон амалӣ гардад. Рӯзи маъракаи наврӯзӣ, ҳарчанд ҳавои Сибир сард аст, вале муҳаббат ба Ватан, ба оинҳову забони поки тоҷикӣ, ба идҳои миллии тоҷикона имкон медиҳад, ки миёни дигар халқият маҳз тавассути шабзиндадориву ҳунармандии кадбонуҳои тоҷик дастархони идонаи пурбаракаттару ғанитар ороста шавад. Гӯшаи намоишгоҳи тоҷикон диданиву мафтункунанда таҳия мегардад. Ҳафтсину ҳафтшин, хӯрокҳои миллии тоҷикона - оши бурида, санбӯсаҳои гуногун, орзуқ, ҳалво, чаппотиву гирдачаву қаламафатир, кулчаҳои ширмол, оши палову суманак, фатирмаска, қурутобу мошкичирӣ, тӯшпераву барак, палавгум, салла ва шириниҳо хони ҷашниро зеб медиҳанд. Аксар тоҷикон бо куртаву тоқиҳои чакан, сӯзаниҳои гулдӯзӣ, дуконҳои адрасбофию қолинбофӣ, шерозадӯзӣ, гаҳворасозӣ, табақтарошӣ, навозишҳои созҳои мусиқӣ таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ ҷалб мекунанд. Баъди тамошо аз ин дастранҷҳо ба хона армуғони идона мебаранду ба меҳмоннавозии мардуми тоҷик, ба асилзодагиву қалби бузурги онҳо арҷ мегузоранду эҳтиром.
Дар рӯзҳои хуши наврӯзӣ донишҷӯдухтарони тоҷике, ки дар макотиби олии Федератсияи Россия таҳсил мекунанд, баробари модарону хоҳарони мо бо завқу салиқаи хосси хеш анвоъҳои гуногуни хӯроки тоҷиконаро пухтаву бо рақсу дойранавозӣ, ки аз суннатҳои бунёдии идона аст, маъракаороӣ мекунанд. Дар шаҳрҳои Красноярск, Бирабиҷон, Новокузнетск ва дигар нуқтаҳои маъмурию ҷуғрофии сарзамини Сибир бо кӯшиши ҳамватанҳо Наврӯз ба омили муаррифии фарҳанги зубдаи миллати тоҷик табдил меёбад.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки Наврӯз ҳамчун ҷашнвораи байналмилалӣ, ҳамчун василаи беҳтарини таҳкиму тақвияти дӯстӣ миёни милали гуногуни дунё хидмат менамояд.
Садбарги БОҚӢ,
махсус барои «Бонувони Тоҷикистон»
аз минтақаи Сибир