Ин намудҳои варзиш ва ҳунар аз аҳди бостон дар ин шаҳр роиҷанд ва мухлисони сершумор доранд. Мо шоҳиди он будем, ки ҳунари бачагону наврасони хуҷандиро даҳҳо сайёҳони хориҷӣ тамошо мекарданду ба навор мегирифтанд, аз асрори бодбараку лаклаксозӣ ҷӯё мешуданд. Бодбарак аслан чоркунҷа буда, аз фанер (тахтаи нафис) ва шохаҳои най сохта мешавад. Парвози он хеле баланд буда, ҳатто дар нуқтаи авҷаш ба чашми одӣ ноаён мегардад ва таҳти таъсири бод як садои баланди дилнавозе дар медиҳад. Лаклак секунҷа аст ва дар сохтани он аз коғазу пластик истифода мебаранд. Дар ресмони лаклаки асосӣ боз чанд лаклаки дигарро ҳамроҳ мекунанд ва вақте ки онро ба ҳаво сар медиҳанд, гумон мекунӣ, ки селаи турнаҳо ба парвоз даромадаанду бо худ Наврӯзи ҷаҳонафрӯзро меоваранд. Мо ба он хотир бодбараку лаклакпаррониро ҳам ҳунару ҳам варзиш гуфтем, ки аввалан сохтани онҳо маҳорату малакаи хосро металабад, сониян, идоракунии онҳо дар амвоҷи бодҳои шадид неруи зиёди ҷисмонӣ металабад.
Дар асри 21, асри компютеру интернет, нигоҳ доштани ин ва дигар бозиҳои бостонии миллӣ ва ҳар чи бештар тарғибу ташвиқ ва роиҷ кардани онҳо дар маркази таваҷҷуҳи маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд қарор гирифтааст. Суҳбати мо бо мудири шуъбаи тарбияи эстетикии маркази мазкур Гавҳархон Юнусова асосан пиромуни эҳё ва рушди бозиҳои миллӣ сурат гирифт.
-Бо ҳадафи густариши бозиҳои миллӣ чӣ гуна тадбирҳоеро амалӣ мекунед?
-Чанд сол боз дар арафаи ҷашни бузурги Наврӯзи ҷаҳонӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва раёсати маорифи вилоят озмуни бозиҳои миллиро бо иштироки мактабиёни ҳамаи 18 шаҳру ноҳия баргузор мекунем. Сараввал мусобиқаҳо дар шаҳру ноҳияҳо мегузаранд ва ғолибон ба озмуни вилоятӣ роҳхат мегиранд. Озмун дар маҷмааи фарҳангию фароғатии Хуррамшаҳри Донишгоҳи давлатии Хуҷанд сурат мегирад ва натиҷаҳои хуб медиҳад. Ғолибон бо туҳфаҳои арзанда сарфароз гардонда мешаванд.
-Озмун аз рӯи кадом бозиҳои миллӣ сурат мегирад?
-Хушбахтона, намудҳои бозиҳои миллие, ки то ин дам дар байни сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳфуз мондаанд, хеле бисёранд. Мо барои озмун 8 намуди нисбатан дар вилоят маъруфу машҳурро интихоб кардаем: лаклакпарронӣ, бодбаракбозӣ, чиллакбозӣ, ланкабозӣ, арғамчинбозӣ, лакпар, ҳаппакбозӣ. Аз ин намудҳо арғамчинбозӣ, лакпар ва ҳаппакбозӣ хосси духтарон мебошанд.
-Натиҷаҳои озмун дар соли гузашта чӣ гуна буданд?
-Чун соли гузашта Соли ҷавонон эълон шуда буд, намояндагони ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба озмун омодагии хуб дида буданд. Дар маҷмааи Хуррамшаҳр озмун дар сатҳи олӣ баргузор гашт ва хонандагони мактабҳои шаҳру навоҳӣ Фирӯз Расулов, Мирборон Бурҳонов, Алишер Остонаев, Абдурасул Ҷалолов, Марвориди Амриддин, Манижа Ҳомидова, Фотима Субҳониддинзода, Маҳина Нуриддинова пирӯз гардида, соҳиби ҷоизаҳои арзишманд шуданд.
-Омодагиҳо ба озмуни имсола чӣ тавр аст?
-Алҳол дар ҳамаи мактабҳои вилоят мусобиқаи бозиҳои миллӣ дар авҷ аст. Аввали моҳи март баргузории озмунҳои шаҳриву ноҳиявӣ дар назар аст. Ғолибони он ба озмуни вилоятӣ роҳхат мегиранд. Рӯзи 18-уми март, дар арафаи Наврӯз дар маҷмааи Хуррамшаҳр озмуни вилоятӣ баргузор хоҳад гашт, ки мо ҳамаи сокинону меҳмонони маркази вилоятро ба тамошо даъват мекунем.
Ҷӯёи СУғдӢ,
шаҳри Хуҷанд