- Соли 1991 баъди хатми Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба мактаби № 15 дар деҳаам, Сариёзии Миёна ба омӯзгорӣ пардохтам. Машғулият бо кӯдакон бароям рӯҳу илҳом мебахшид ва кӯшиш ба харҷ медодам, то ҳар рӯз бо як навгонӣ ва шаклу шеваи ҷадиди таълими хонандагон ба синфхона дароям. Дар олами кӯдакон асрори зиёде нуҳуфтааст. Дар дунёи онҳо беғашию муҳаббати самимӣ ва ҳақиқату покӣ ҳукмфармост. Кинаю адоват ба ҳамдигар, носипосию хиёнат сокини ин олами пурасрор нест. Аз ин рӯ, бозгаштам ба олами кӯдакон, - бо ҳарорат мегӯяд муаллима.
Воқеан, Тозагул Раҳмонова худ дорои чунин хислатҳои неки инсонист ва дар ҳама одамон инро дидан мехоҳаду мепазирад. Ӯ ба шогирдонаш низ талқин менамояд, то ҳақҷӯ бошанду адолатпараст ва дар муносибат бо атрофиён бо муҳаббату самимияти поку беолоиш. Ва шояд ҳамин хулқи ба истилоҳ ба шир даромадааш буд, ки дар овони наврасӣ мавриди интихоби касб нияти ҳуқуқшинос шуданро ҳам дошт.
- Барои шомил шудан ба факултаи ҳуқуқшиносӣ ангезаҳои зиёде боис мешуданд, ки на ҳар кас метавонист дар ин ҷода муваффақ шавад ва мушарраф ба унвони донишҷӯи факултаи мазкур гардад. Сабаби дигари ба Душанбе барои идомаи таҳсил наомадани ман мушкили иқтисодии хонаводагӣ буд. Баъдан волидон ба пойтахт омаданамро розигӣ надоданд, зеро он замон дар рустоҳои дурдаст таҳсили духтаронро он қадар хуш надоштанд. Дар мактаби деҳаамон муаллимаи аввалини ман Идимоҳ Шоҳабдуллоева ягона зани омӯзгор буд ва ҳар духтар орзу дошт, то мисли ӯ муаллима шавад. Ин ормон дар дили ман ҳам чира шуд. Яъне, ба пиндори ман, муаллими аввалин метавонад идеали хонанда бошад, - иқрор меояд Тозагул Раҳмонова.
Бояд истеъдодҳо рӯ зананд…
Ӯ аз соли 1999 фаъолияти омӯзгориашро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 59 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе то имрӯз давом додан дорад. Заҳматҳояш соли 2003 ӯро ба унвони «Муаллимаи сол» ва «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сазовор гардонд ва ифтихорманд аз пеша аст.
Тозагул Раҳмонова аз таҷрибаи 28 – солаи андӯхтааш дар ин ҷода мегӯяд, ки ягона усуле, ки хонандаро бо мактаб ва муаллимро бо шогирд мепайвандад, ин ҳамкории бевоситаи волидон бо дабистон мебошад. Чаро ки бо тавсияи омӯзгор волидон он истеъдоде, ки ҳанӯз дар фарзандашон эҳсос накардаанд, метавонанд дарк созанд ва дастгирӣ намоянд.
- Агарчанде кор бо кӯдакон мушкил аст, боз ниҳоят шавқовару писанд ҳам мебошад. Зеро ҳар яке ба худ хислати хос дорад ва омӯзгорро водор месозад, то пажӯҳише дар кушодани ботини кӯдакон кунад. Агар омӯзгор чун равоншинос натавонад, ки дар ботини хонанда чизеро кашф созад, пас дар ҷодаи хеш муваффақ нахоҳад шуд. Чаро ки шояд дар ин асно истеъдоди фавқулодае дар ботини кӯдак нуҳуфта монад. Аслан, истеъдоди фавқулодаю модарзодӣ ҳамеша аён аст ва дар синфҳои 1- 4 дар кӯдакон ин ато қобили буруз мешавад, - меандешад ҳамсуҳбатам.
Ба гуфтаи муаллимаи соҳибтаҷриба аксари волидон мехоҳанд, то фарзандонашонро ба тамоили фанҳои дақиқ ё забономӯзӣ ҷалб созанд. Аммо на ҳар кӯдак завқу хоҳиши қабули ин ё он фанро дорад. Якеро шояд ҳавову ҳавас ва рағбат ба расмкашӣ бошад ва дар оянда чун суратнигори беҳтарин шинохта шавад. Ё дигаре ба шеъру шоирӣ майл дорад. Мутаассифона, на ҳар вақт истеъдоди кӯдакон аз ҷониби падару модарон дастгирӣ мегардад. Ва ҳамин аст, ки аксари ҷавонон бо хатми мактаби миёна худ касберо напазируфта, пешаи мақбули волидонро ба худ ихтисос медиҳанд.
- Ба воситаи усулҳои нави корӣ, махсусан бо шеваи таълими салоҳиятнок истеъдоду лаёқати хонанда ба кадом пеша ё ихтисос равона шудааст, маълум карда мешавад. Бо ин тарзи корбарӣ ман дар аксари талабаҳоям чунин истеъдодро эҳсос кардам, ки бештарашон завқ ба фанҳои дақиқ ва технологияи муосир доранд. Хонандаи аввалин ҳикоя ва шеърҳои навқаламонаи Олимова Шукрона, Ғашов Абдусамад, Балаев Некрӯз ҳам шудам. Ифтихормандам, ки дастпарваронам дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ бо шеърҳои кӯдаконаашон баромад мекунанд, - мегӯяд муаллимаи соҳибсабк.
Қонун волидонро бомасъулияттар намуд…
Ба иқрори Тозагул Раҳмонова ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таконе ба соҳаи маориф дод. Чаро ки замоне пеш аз интишори қонуни мазкур волидон солҳо аз хониш ва таълиму тарбияи фарзандон пурсон намешуданд ва бо мактабу муаллимон ҳамкорӣ надоштанд. Яъне, барои таълиму тарбияи фарзандон омӯзгоронро муваззаф медонистанд.
- Бале, омӯзгор тарбиятгари башарият аст ва ин рисолати касбии мост. Солҳои охир дар ҷараёни кор шоҳидем, ки чи қадар волидон нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон сермасъулияттару ҷиддӣ шудаанд. Ва як мушкилии соҳаи маориф ҳам ин буд, ки зодмандон бо баҳонаи муҳоҷирати меҳнатӣ ё вазъи пасти иқтисодӣ дар таълиму тарбияи фарзандон бепарво буданд ва ҷомеа ҳам бетарафӣ зоҳир менамуд, - мегӯяд муаллима.
Тозагул Раҳмонова мутаассиф аз он аст, ки аз ҳамдигарнофаҳмии зану шавҳар оилаҳо пош мехӯранд ва таъсири манфӣ ба рӯҳияи кӯдакон мерасад. Хусусан, кӯдаконе, ки дар тарбияи модарони танҳо қарор доранд, онҳо муносибати хоссаро дар таълиму донишандӯзӣ тақозо мекунанд, зеро зеҳни сусту хотири парешон дошта, дарку фаҳмишашон паст аст. Ӯ лаҳзае хаёлмандона ба гӯшае назар дӯхта мегӯяд:
- Шояд қонуне ҳам барои пос доштани анъанаҳои хонаводагӣ ба тасвиб мерасиду исми кӯдакони зиндаятим аз сафҳаи зиндагии инсоният гум мешуд…
Аноҳито Неъматуллоева