Қаҳрамони ман як сокини бумии пойтахт аст, шаҳре, ки дар гузораи зиндагии ӯ зиёд фарқ карда, ҳам зоҳири шаҳр ва ҳам сокинони он. Аммо фақат ӯ ҳаст, ки ҳеҷ фарқе накарда, ҳамоно худро духтари газета медонаду содиқона дар рӯзномаи дӯстдорами «Ҷавонони Тоҷикистон»-аш ба таври хастагинопазир заҳмат мекашад.
Дар тӯли фаъолияти ҳудуди нимасраи хеш сардабирони зиёдеро бо хулқу атвори гуногун озмудааст. Дар раванди замон тағйироти зиёде дар шаклу муҳтавои ин рӯзнома ворид шуд, вале он чӣ ин ҷо мондагор аст, мавзӯи ҷавонон асту лабханди зебои духтараке бо либоси миллӣ бо номи Гулчеҳра! Ӯ, агарчӣ шаҳрӣ буд, ки мебоист бо ин далел мутеи муд мешуд, мисли дигарон, аммо ҳеҷ гоҳе либоси миллиро ба либоси ғайр тарҷеъ надод. Ҳамчуноне ки пешниҳоди корро дар Шӯрои Олӣ ва чандин идораҳои пурнуфуз рад карду ифои вазифаро дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» афзал донист ва барои ҳамеша ҳамин ҷо монд.
Гулчеҳраи «Ҷавонон…» мегӯяд, ки, агар чархи замон ба ақиб баргардад, боз ҳам кор дар рӯзномаи дӯстдоштании «Ҷавонони Тоҷикистон»-ро интихоб хоҳад кард.
Ӯ дар зиндагӣ шикасту рехти зиёдеро таҳаммул кардааст, марги азизонро бо чашмони худ шоҳид шудаву ашки ятимонро бо дастонаш пок кардааст, шиками гуруснагонро бо нон сер кардаву дасти афтодагонро гирифтааст, аммо дар бадали ҳар некӣ аз касе арзане нахостааст. Аз ҳама чизу аз ҳама кас ризо ба назар меояд, аз тақдир ҳам шикояте надораду бо каму костиҳояш, бо афтодану бархостанаш дилгарми зиндагист. Агарчӣ дар айёми ҷавонӣ бо сабаби фарзанд наёфтан, аз ҳамсараш ҷудо шуд, зинҳор ёди ёри дигаре ба сар надошт ва бистари ҳамсариашро аз ҷойхобаш берун набурд. Аммо ба зиндагӣ идома дод, бо қалби шикаста, вале чеҳра бо лабханди зебо ороста ҳар субҳ ба рӯзнома ба кор меомад ва ҳамин гуна дил барои ҳамеша ба кор дод.
Апаи Гулчеҳра таърихи зиндаи як рӯзномаи Ватани мост, ӯ ба кормандони нав аз наслҳои пеш, аз кору камбуду комёбиҳои имрӯзу дирӯз қиссаҳо мекунад ва ниҳоли наслҳоро ба ҳам пайванд мезанад.
«Духтари газета» дар остонаи таҷлили Рӯзи Модару ҷашни матбуот зодрӯз дорад. Идҳои баҳор ба Гулчеҳраи ҳамеша ҷавон муборак бод!
Адолати МИРЗО,
махсус барои «Бонувони Тоҷикистон»