Кӯдакон дар нӯги чӯбчаҳо гули сияҳгӯшро баста ба хонаҳо меоянд ва чунин садо мекунанд:
Табақ пур кун баргардон,
Бидеҳ дар дасти гулгардон.
Соҳибхонаҳо ба истиқболи гулгардонҳо баромада, сияҳгӯшро ба абрувон кашида, шукр мекунанд, ки боз ба баҳори нав расидем. Ба кӯдакон гандум, лӯбиё, мош ё биринҷ медиҳанд.
-Намудҳои донагиҳо, ки ҷамъ шуд, дар як хона занон омада, дар рӯзи Наврӯз «оши кӯча» мепазанд ва аҳли деҳаро ҷаҳд мекунанд. Ин анъана як хусусияти хоссаи худро дорад, мардум дар фасли зимистон доим даруни хона буданд, кунун бо баҳонаи «оши кӯча» ба дидорбинии ҳам меоянд ва ба якдигар оғози фасли баҳорро таҳният мегӯянд ва аз даргоҳи Худованд соли оромию фаровониро хостор мешаванд,-мегӯяд холаи Шамсия, ки сокини ноҳияи Ховалинг аст.
Дар водии Рашт кӯдакони 8–9 - сола ба гулгардонӣ машғул мешаванд. Онҳо аввал гулро назди модарони хеш мебаранд. Баъдан ба хонаи ҳамсояҳо рафта, «гулгардонем, ҷӯра, гулгардонем», гуфта садо медиҳанд. Дар ин водӣ ба кӯдакон ширинӣ тақдим мекунанд, ки сол лазизу гуворо оғоз гардад.
Дар ноҳияҳои Мастчоҳ ва Шаҳринав ин анъанаро дигаргуна кардаанд. Дар ҷашни Наврӯз ҷавонон базми гулгардонӣ доир мекунанд. Гул ба дасти нафаре расид, ҳатман гулгиранда дар бораи гул шеър қироат менамояд. Инро гулбазм низ ном мебаранд.
Таронаҳои «Баҳор омад» ва «Бойчечак» дар Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, «Гули баҳман», «Гули зард», «Кантукӣ», «Бойчечак» дар водии Зарафшон, «Гули баҳор», «Сияҳгӯш», «Бойчечак» дар водии Ҳисор, «Гули сияҳгӯш», «Гули баҳор» дар Хатлон, «Суруди наврӯзӣ» дар Бадахшон ва ғайра аз ҷумлаи таронаҳои гулгардонианд.
Фарзона Восеева