Хонатакконӣ
Наврӯзи Панҷакент қарнҳо боз аз ҳамин анъана оғоз мешавад. Як ҳафта қабл аз омадани Наврӯз дар яке аз рӯзҳои офтобӣ, занҳои хонадон аз субҳ тирезаҳоро боз намуда, ашёҳои хонаро мебароранд ва гилему кӯрпачаву болинҳоро афшонда, офтоб медиҳанд. Зарфҳоро шуста, ҳавлиҳоро рӯфта, хонаро тамиз месозанд. Ҳикмати ин анъанаро кампирони панҷакентӣ, ки аз аҷдодони худ шунидаанд, чунин шарҳ медиҳанд. Бо омад-омади баҳору зинда шудани табиат вуҷуди инсон низ нав мешавад. Ривоят аст, ки бо тоза кардани манзили зист ва халос шудан аз зарфҳои шикаставу куҳна файзу баракат ба хонадон ворид мегардад ва ғаму кулфат дур мешавад.
Суманак
Муҳимтарин ғизои наврӯзӣ суманак ё ба лаҳҷаи мардуми Панҷакент «сумалак» мебошад. Кадбонуҳои хона одатан чанд рӯз пеш аз Наврӯз гандумро сабз мекунанд ё ба қавли худашон сабза мехобонанд. Нуктаи ҷолиби дигар он аст, ки сабзаҳоро ба ҳамдигар нишон намедиҳанд, чун ҳар як кадбону асрори суманакпазии худро дорад, ки аз модар мерос бурдааст ва намехоҳад онро ошкор кунад. Пас аз омода шудани сабза як рӯз қабл занҳо ҷамъ шуда, дасту остин барзада, аз шом то субҳ ба каф задану пухтани он машғул мешаванд.
Чун суманакпазӣ машаққати зиёд ва вақти бешро талаб мекунад, дар атрофи дег маҳфили унсе меороянду дафзаниву шеърхонӣ ва рақс мекунанд. Ҳамчунин як нуктаи ҷолибро мехоҳам ишора кунам, ки агар зане каме коҳилӣ карда ба суманакпазӣ омодагӣ набинад, нисбат ба ӯ чунин байти танзомезе низ ҳаст:
Наврӯз гузашту майсаи гандуми ёр,
Дар рӯйи табақ надидааст рӯйи баҳор.
Ярма ё кашк
Мавриди ёдоварист, ки ҳамаи таомҳои наврӯзӣ серғизо ва барои бунияи инсон, ки дар фасли дай витаминҳои зиёдеро масраф мекунад, муфид аст. Махсусан ярма. Чун қисми зиёди аҳолии водии Зарафшон деҳнишину молдоранд, барои омад-омади ҷашни Наврӯз ҳанӯз аз миёнаи зимистон ҷавона ё гӯсфанд мебанданд. Ва чун баҳору Наврӯз фаро расид, гандуми сараро дар осиёб нимхӯрд кӯфта, думбаи тозаи гӯсфанди забҳшударо дар дег об мекунанд ва гӯшту гандумро ба он андохта ярма мепазанд.
Ин хӯрокро дар баъзе аз деҳаҳо кашк мегӯянд. Фақат тарзи пухтани кашк дар бархе аз деҳаҳо фарқ мекунад ва ба он нахӯду мош меафзоянд. Ярма ё кашкпазӣ барои мардуми водии Зарафшон аз қадим роиҷ будааст. Устод Рӯдакӣ мефармояд:
Кашкин нонат накунад орзуй.
Нони ҷавин хоҳӣ гирдай калон.
Ҷуфтбаророн
Ин анъанаи қадимро пирони кор ва мардони баори диёр доир мекунанд. Ҷуфтбаророн оғози мавсими кишту кори деҳқон аст. Ҷуфтбаророн пас аз ярмакашӣ ва хӯрдани ин таоми бомаза оғоз мешавад. Яке аз мӯйсафедон дар ҳузури ҳама ҳамдеҳагон дастаи юғу испорро мегираду дигаре дар бари ҷомааш ду-се коса гандумро гирифта ба замин мепошад. Мӯйсафедони дигар, ҷониби қибла гаштаву дуо мекунанд, то соли нав серу пур ояду ҳосил фаровон шавад.
Идӣ ва нав пӯшидан
Дигар муҳимоти Наврӯз туҳфаи идонаи мардони хонавода ба аҳлу аёлашон мебошад, ки онро идӣ мегӯянд. Дар ин замина байти машҳуре аст:
Эй падар, идӣ бидеҳ, ки ман ба устодам барам,
Донишу илму ҳунар аз нуқраву зар мешавад.
Идӣ на танҳо хоси мардони оиладор, балки ҷавонони дар фотеҳа буда ва маҳбубадор низ ҳаст. Агар ҷавон маҳбубае дорад, пинҳон аз ҳама ба ӯ туҳфа медиҳад ва дар иваз чун рамзи муҳаббат рӯймолча мегирад. Ҷавони дар фотеҳабударо бошад, модараш дастархоне баста ба хонаи арӯсшаванда «идӣ» мефиристад.
Дигар анъанаи муҳим либоси нав пӯшидан дар Наврӯз аст. Миёни мардуми Панҷакент сухане ҳаст, ки агар имконоти молӣ набошад, дар Наврӯз шерозаи ҷомаро лоақал бояд нав кард. Нав пӯшидан ҳикмати покиза шудан, таҷдид шудан ва ороста шуданро дорад.
Бойчечак
Бойчечак ё сияҳгӯш рамзи Наврӯз ва омадани баҳор аст. Як рӯз пеш аз Наврӯз кӯдакон села – села домани кӯҳ гирифта, бойчечакчинӣ мекунанд. Субҳи барвақти рӯзи Наврӯз онҳо аз хоби ноз бедор шудаву нахуст «бисмиллоҳ» гӯён бо панҷаи хурд, ки ятим номаш мебаранд, суманаки модарро чашида, либоси нав мепӯшанд ва бойчечакро гирифта шеърхонон ба хонаҳои ҳамдигар медароянд. Сурудҳои «Бойчечак» дар ҳар деҳа ҳар хел аст, аммо нақароти он яксон «Бойчечак, бойчечак» бувад.
Соҳибхонаҳо бойчечакро ба даст гирифта бӯй мекунанду ба дида мемоланду мегӯянд: - «Шукр ба баҳори нав расидем» ва ба кӯдакон ширинӣ ҳадия мекунанд.
Ошбаракон
«Ошбараку ошбиёрак» анъанаи махсуси дигарест, ки барои шодии кӯдакон аст. Шоми ҳамон рӯз косаҳои суманак, ярма ва ё табақи ошро тавассути кӯдакон ба хонаи ҳамдигар мефиристанд. Иваз намудани таоми идона ҳикмати бузурге дорад ва рамзи меҳрубониву дӯстист. Аз ҳама муҳим он аст, ки нафарони бо ҳам қаҳрӣ бо иваз кардани таом ҳамдигарро мебахшанд ва оштӣ мекунанд.
Чоршанбесурӣ
Ин анъана, ки ҳанӯз аз замони Зардушт мерос мондааст, то ба ҳол дар Панҷакент зинда аст. Чоршанбесурӣ ҷашнест, ки шабона (шаби чоршанбеи пеш аз Наврӯз) оташ меафрӯзанд. Мардону занони миёнсол атрофи оташ давр зада, шеър мехонанд. Мӯйсафедону кампирон ба оташ наздик шуда дастҳояшонро гарм карда ба дасту рӯяшон мемоланд. Ҷавонон аз болои оташ меҷаҳанд. Ва ҳама баробар ба оташ муроҷиат мекунанд:
Сурхии рӯятро бидеҳ, зардии рӯямро бигир,
Гармии рӯятро бидеҳ, сардии рӯямро бигир.
Дар баъзе аз деҳаҳои Панҷакент баргузории Чоршанбесурӣ аз байн рафта, аммо намуди дигарро касб кардааст. Ҳанӯз ҳам оташ афрӯхта мешавад (бештар шаби Наврӯз) ва мардон бо зарби «Оҳҳо якка» рақс мекунанду гирди оташ давр мегарданд.
Наврӯз муборак!
Одили Нозир
PS: Соли равон Наврӯзу баҳор бо муждаи нек омад. Бар асоси сиёсати дарҳои кушода ва рафоқатхоҳонаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев роҳи Панҷакент – Самарқанд боз гардида, сокинони ду тарафи марз ба ҳам наздику қарин шуданд. Дар ин замина Наврӯзи имсола дар Панҷакент бо шукӯҳу шаҳомати хосса, бо иштироки роҳбарияти олии кишвар таҷлил мегардад.