Дар кӯдакӣ ба модари худ хостам барам,
Як ҳадя, лек ҷайби ман он лаҳза зар надошт.
Зар ёфтам ба гоҳи ҷавониву он замон,
Ҷуз ишқи ёр сина ҳавои дигар надошт,
Вақте ба ёди ҳадя фитодам, ки модарам,
Рӯи лабаш ба ғайри «видоъ эй писар» надошт…
Модар фаришта буд, пари худ кушода рафт,
Азбас илоҷ пеши қазову қадар надошт.
Модар фаришта буд, дақиқан фаришта буд,
Ҳатто ба дӯш болу паре ҳам агар надошт.
ОЗАР
Эй ҷону дилам, баҳор...
Эй ҷону дилам, баҳор, соат чанд аст,
Боз ову кушо канор, соат чанд аст.
Дер аст барои дӯстдориҳо, дер,
Эй ошиқи интизор, соат чанд аст.
Бигзашт зи бисту чор ҳам соати мо,
Пас аз пайи бисту чор, соат чанд аст.
Халқ аз ту ҳанӯз ҳам шарар металабад,
Эй дил, дили бешарор, соат чанд аст.
Эй аз ҳама сусткори олам, эй дил,
Эй аз ҳама девкор, соат чанд аст.
Як навбата аст омаданҳои ҳама,
Эй омаданат ду бор, соат чанд аст.
Хатти сафарат як аст аз аввали даҳр,
Эй қофилаи қатор, соат чанд аст.
Монандатарин гуле дар ин дунё нест,
Хонандатарин ҳазор, соат чанд аст.
Як фурсати ту фарох бошад, эй ишқ,
Они ҳама бошумор, соат чанд аст.
Бо соати офтоб барнома кашанд,
Аз мӯр бипурсу мор, соат чанд аст.
Як соати туст бар қафогарданда
Чун хотираҳои пор, соат чанд аст.
Як соати туст раҳрави оянда,
Эй қосиди Кирдигор, соат чанд аст?!
Фарзона
Илтиҷо аз баҳор
Ай баҳор, эй парии гулпайкар!
Ту мазан бар рухи ман бӯсаи тар.
Лаззати бӯсаи модар хоҳад,
Бӯсагоҳи рухи ман шому саҳар.
Ту макун беш ба ман арзи вафо,
Ба таҷаммул ту ба сӯям набиё.
Марги модар зи ман уммед бибурд,
Армуғони ту ба ман нест раво.
Ту маро, хоҳари гулнозу накӯ,
Вусмаи сабз мазан бар абрӯ.
қутии ранги ман аз каф рафта,
Ту маро ранг мазан бар лабу мӯ.
Ту зи хуршеди дилат лоф мазан,
Ки маро гарм кунад синаву тан.
Абри марг омаду балъид дареғ,
Рӯйи Хуршеди самои дили ман.
Ту нагӯ ҳарфи нав аз мазҳари гул,
Ту нагӯ рақс кунад пайкари гул
Рафт модар, ба кӣ гулҳо бибарам?
Ман дигар чун бинишинам бари гул?
Ай баҳорон, дилам афсурда макун,
Синаи ғамзада озурда макун.
Гарчи хуни тани ман гарм бувад,
Майл сӯи дилаки мурда макун.
Ту зи ман марсияи нола бипурс
Хунбаҳои дилам аз лола бипурс.
Сари худ мон ба сари шонаи ман,
қиссаи сӯзи дусадсола бипурс.
Рудобаи Мукаррам
М О Д А Р
Бо чеҳраи пажмурдаву бо дидаи чор,
Ту такя ба ҷои ман занӣ бар девор,
Бо пираҳани сафед монандаи ҳур
Оҳат ба Худо бариву армон ба мазор.
То Поктаоло шунавад рози туро,
Бо амн пазирад ду кафи бози туро
Шоҳонаи ту худаш нигаҳбон бошад
«Он сарвқади хушрӯву хушнози туро».
Дар пичаву докаи сафедат ҷонам,
Дар ларзиши ҷисми барги бедат ҷонам.
Гӯё, ки Худои ломакон дар дили туст,
Дар қалби накуи пурумедат ҷонам.
ШОҲОНА
Фарҳанги гул
Дар баҳорон чун гули хушранг мебояд шукуфт,
Бар сари ҳар сахра чун гулсанг мебояд шукуфт.
Во шудан дар соҳати гулшан надорад эътибор,
Рӯйи санги дарраҳои танг мебояд шукуфт.
Бар алайҳи булбулони хомуш андар базми зоғ,
Хушнаво, хушнағма, хушоҳанг мебояд шукуфт.
Кай далели пириву пажмурдагӣ ожанги рӯст?
Чун гули садбарг пурожанг мебояд шукуфт.
То бигардад тоза имон, нав шавад фарҳанги гул,
Дар Забуру Мусҳафу Аржанг мебояд шукуфт.
Чун дар ин марзи фаромӯшӣ шукуфтан саҳл нест,
Бо кашокаш, бо ҷадал, бо ҷанг мебояд шукуфт!
Бузургмеҳри ҲАКИМ
Рубоиёти наврӯзӣ
Бубин аз ишқ огоҳ аст Наврӯз,
Зулайхои сари роҳ аст Наврӯз.
Замин он ҷомаи пурхуни Юсуф,
Сияҳгӯш дар таги чоҳ аст Наврӯз.
***
Чу Лайло мерасад хандида Наврӯз,
Чу Маҷнун мерасад гул чида Наврӯз.
Дигар дар ҷоми пур аз шабнами гул,
Намонад ҷой ба оби дида Наврӯз.
***
Ҳама ишқ аст дар гуфтори Наврӯз,
Ҳама покист дар пиндори Наврӯз.
Аз он сардии дай дилгир гаштем,
Шукуфоист дар рафтори Наврӯз.
***
Бирезад гул зи сар то пои Наврӯз,
Ҳазорон хайма дар саҳрои Наврӯз.
Бихезад, сар кашад гулҳо зи хокаш,
Ҷаҳон пур аз сару савдои Наврӯз.
***
Бигиряд абр бо фармони Наврӯз,
Бихандад лола аз борони Наврӯз.
Диҳад аз осмон хуршед дастур,
Гули имзост дар дастони Наврӯз!
Адибаи АЗИЗ