Бахши аввали анҷуманро, ки аз конфронси илмӣ таҳти унвони «Нақши занон дар рушди ҳунарҳои миллӣ» иборат буд, Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, ифтитоҳ бахшида, аз ҳунарварону донишмандони риштаи бостоншиносӣ даъват ба амал овард, то атрофи шинохти чеҳраҳои асили ҳунар, моҳияти рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дигар масоили мубрами пешаварӣ суҳбати ошкоро намоянд. Бо эълон шудани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» фурсати муносибе фароҳам омадааст, то ба василаи ривоҷи бозори ҳунармандиҳо ҳазорҳо ҷойи корӣ таъсис доду занону духтарони аз таҳсил дар канор мондаро ба касбомӯзӣ фаро гирифт.
- Хатлони қадим, ки аз марзҳояш Роҳи бузурги абрешим мегузашт, сарзамини шаҳрҳои ободу саёҳатбоб буд ва мардумонаш санъату ҳунарҳои аҷдодиро аз насл ба насл беосебу бегазанд мерос мондаанд, - иброз дошт зимни суханронии хеш директори осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Ховалинг Амир Сайиди Мункӣ. – Ниёкони мо мақому манзалати ҳунармандиро ба дараҷае боло мегузоштанд, ки якдигарро бо тахаллуси касбиашон ном гирифта, деҳу рустоҳоро ба ифтихори ҳунарҳои маъруфи сокинони он номгузорӣ мекарданд. Тибқи маъхазҳои таърихӣ танҳо дар ҳудуди имрӯзаи ноҳияи Ховалинг беш аз 1000 деҳа ба ифтихори ҳунармандиҳои мардумони ин маконҳо номгузорӣ шуда буд.
Намоишномаи ҳунарҳои миллии занони ҳунарманд, ки маҳсулоти дастии зиёда аз 800 косибони вилоятро дар бар мегирифт, аз зуҳури даврони эҳёи ҳунару ҳунармандӣ дар ин сарзамин гувоҳӣ медод. Тарҳҳои хушсалиқаи занони ҳунарманд бар растаҳои садрангу гулбези намоишгоҳ ҳусну таровати беназиру шаҳомати бузург бахшида буданд.
Дунёбегим Ҷомадова, як тан аз ҳунарварони номдори ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 15 номгӯй дастовези ҳунарии худро ба маъраз гузошта буд.
- Гулу чакандӯзию попурзанӣ, кокулбофию тоқидӯзӣ, сабаду қуроқдӯзӣ ва даҳҳо ҳунарҳои аҷдодиро аз модару бибиҳоямон омӯхтаву ҳамакнун мекӯшем ин пешаву ҳунарҳои миллиро ба фарзандону наберагонамон мерос гузорем. Солҳои пеш дар дил алам ба сар мебурдем, ки чаро панҷ - панҷаи ҳунар дорему маҳсули дастранҷҳоямонро фаротар аз деҳи худ муаррифӣ карда наметавонем. Хушбахтона, аз бози таваҷҷуҳи давлат ба ҳунарҳои мардумӣ ва иштирок дар намоишу чорабиниҳои фарҳангии ноҳияву вилоятӣ маҳсули ҳунари мо харидор пайдо кард. Айни ҳол барои омӯзгорони гимназия ва кормандони театри ноҳия либоси расмӣ дӯхта истодаем,- ҳароратангез изҳор дошт Дунёбегим Ҷомадова. – Солҳои пеш мо, модарон, изҳори нигаронӣ доштем, ки ҳунарҳои мардумӣ аз байн рафта, насли ҷавон ба фарҳанги бегона руҷӯъ дорад. Маҳз ҳидояти Пешвои муаззами миллат баҳри рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ буд, ки солҳои охир наварӯсон аз «фата»-и урупоӣ ба сарандозу дигар ҷиҳози миллии арӯсӣ рӯ овардан доранд, - афзуд ба тақвияти фикраш ин бонуи ҳунар.
-Умедворам дар пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат соҳибкороне пайдо шаванд, то дар пешрафти саноати дастӣ моро аз лиҳози молӣ дастгирӣ намоянд, - бо дилпурӣ иқрор меояд гулбасти моҳир Қирғизмоҳ Самадоваи даштиҷумӣ.
Дар ин оила ба ҷуз дӯхту бофандагӣ ва дигар ҳунарҳои қадимӣ ба касби гулбаст таваҷҷуҳи хосса доранд. Дар баробари мушкили дастрасӣ ба риштаву ранг ва шуғли пурзаҳмати гулбандӣ мардумони диёри зебоманзари Даштиҷум ин санъати қадимаи аҷдодони худро дасти ба дасти бонувон то наслҳои имрӯз ба мерос гузоштаанд.
Дар ин рӯз растаҳои садранги намоишгоҳро тарроҳиҳои беназири ҳунармандон бо тобиши рамзу рангубори дилнишин, ки дар онҳо самимияти инсонӣ, муҳаббати бепоён, дилгармӣ ба зиндагӣ таҷассум ёфта буданд, ребу ранги ҷодувонае бахшиданд. Воқеан ин шаҳрошӯби ҳунармандони хатлонӣ падидор кард, ки солҳои охир ҳунарҳои заргарӣ дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб, адрасбофӣ дар Қубодиёну Шаҳритус, чакандӯзӣ дар ноҳияҳои Ш. Шоҳин, Фархору Восеъ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, қуроқдӯзӣ дар навоҳии Темурмалику Кушониён, Вахшу Ҷ. Балхӣ, зардӯзию попурзанӣ дар шаҳру навоҳии Нораку Левакант, Ёвону Ҷайҳун ва саноати қолинбофӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо суръат ривоҷу равнақ касб намудаанд.
Ҳамасола ҷиҳати баланд бардоштани рушди ҳунармандии занон 21 гранти раиси вилояти Хатлон пешниҳод мешавад. Танҳо дар ду соли охир 42 нафар соҳибкорзан бо истифода аз ин бурсҳо фаъолияти гуногуни истеҳсолиро ба роҳ монда, дар ин замина зиёда аз 300 нафар соҳиби ҷойи кор ва 176 зану духтар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуд. Дар доираи барномаҳои мусоидат ба рушди соҳибкорӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар ҳудуди вилоят 154 дастгоҳи адрасбофӣ, 30 таҷҳизоти атласбофӣ насб шуда, беш аз 1540 тан занону духтарон ба курсҳои омӯзишии коргоҳҳои мазкур фаро гирифта шудаанд.
Дар доираи анҷуман маросими ҷоизасупорӣ ва сарфарозӣ ба ғолибони озмуни «Соҳибкори муваффақи сол» баргузор гардид. Шоҳҷоизаи озмун насиби заргари номдори шаҳри Бохтар Ҳусния Шоимова шуд. Ҳунармандони моҳири шаҳру навоҳии вилоят Мавлуда Сафарова, Инобат Раҷабова, Саодат Сайдалиева, Зарҳал Азимова, Робиямоҳ Набиева дар бахшҳои гуногуни озмун ғолиб омада, бо сипосномаву туҳфаҳои хотирмон қадр гардиданд.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, зимни суханронии хеш дар маросими тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони озмун иброз дошт, ки ҳунару ҳунармандӣ дар ҳама давру замон мақоми махсус дошта, аз замонҳои қадим анъанаҳои пешавариро ба бузургону баргузидагон хос медонистанд.
- Бузурге фармудааст: «Гӯётарин узви инсон даст мебошад, ки тавассути он ақл, идрок, андеша, ҷаҳонбинӣ, тасаввурот ва накутарин хислатҳо ба воситаи ҳунар рӯи кор меоянд». Маҳз дастони муъҷизаофари ҳунармандон зиндагии инсонҳоро рангину фараҳбахш, ҳастии моро маънӣ ва камолоти одамиро замина мебахшанд.
Аз ин лиҳоз, эъҷози дасти ҳунарманд нишонаи зиндагӣ, шукуфоии кишвари биҳиштосо ва василаи ташаккули эҳсоси зебопарастию худшиносӣ барои наслҳои ояндаи мо ба шумор меравад.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
шаҳри Бохтар