Дар Кӯҳистони Мастчоҳ низ ҷашнҳои миллии зиёде вуҷуд доранд, ки ҳарсола мардум ба таҷлили онҳо мепардозанд. Ба монанди ҷашни Шаби Ялдо ва ҷашни Меҳргон, ки аз ҷашнҳои миллии гузаштагон маҳсуб мешаванд. Аммо тамоми мардуми ин ноҳия, Наврӯзро ба унвони бузургтарин ва муҳимтарин ҷашни миллӣ мешиносанд ва ҳар сол бо беҳтарин наҳви мумкин Наврӯзро дар сартосарии кишвар авалин шуда аз 8-уми март дар деҳаи Палдорак оғоз мекунанду бо деҳаи зебоманзари Роғ ба поён мерасонанд. Ва то охири моҳи март дар ҳамаи деҳоти ноҳия бо риояи оину русуми хос ин ҷашнро чун суннати қадимаи ориёӣ ва бузургдошти мероси Ҷамшед, фарорасии соли нави аҷдодӣ ва эҳёи фасли баҳор, оғози мавсими киштукор ва пайванди ҷовидонаи инсону табиат азизу гиромӣ дошта, бо меҳру шафқат сӯи якдигар оғӯш мекушоянд, ба аёдати пирону барҷомондаҳо мераванд, дасти ятимону бепарасторонро мегиранд ва саховату ҷавонмардиро вазифаи муқаддасу қарзи инсонии хеш мешуморанд. Аз ин рӯ, ба поён расондани Наврӯз дар деҳаи Роғ бесабаб нест. Зеро Наврӯзи Роғ дар як рӯз бо Наврӯзи Бухоро баргузор мегардидааст, ки ба ин кор муҳассилине вобаста будаанд, ки дар мадрасаҳои Бухоро мехондаанд ва зимистонро дар деҳа сипарӣ менамудаанд. Ва дар ин деҳа Наврӯзро «Сари соли Роғ» ҳам ном мебаранд.
Ҳамин тавр солхӯрдагон, бар ин назаранд, ки умри ҳар фард дар тӯли як сол аз рӯи ҳолати рӯҳию равонӣ ва дилу нияташ дар айёми ҷашни Наврӯз дароз мегардад. Яъне, агар ҳар фарде, ки иди Наврӯзро бо дили шоду хотири ҷамъ, дар муҳити оилаву дӯстон, бо андешаҳои неку орзуҳои наҷиб ва майлу ниятҳои хайру ободгарона истиқбол гирифта бошад, умри яксолаи ӯ пур аз хушиву нишот, кораш пурфайзу бобарор мешавад. Аз ин рӯ, дар Кӯҳистони Мастчоҳ новобаста аз синну сол мардум дар арафаи ин ид дар баробари ташкили гуштиҳо ва майдондорӣ, ба хонабаророн, аёдати азизон, тоза кардани қабристонҳо, ҷӯю ҷӯйборон, тухмрангкунӣ, тухмҷанг, муборакбодии ҳамдигар, хонагаштак, сайругашт, оштӣ додани ногапҳо ва ғайра машғул гардида, бо шавқу завқи вижа ширкат меварзанд. Ҷавонон ва наврасон ба бозиҳои ресмонкашӣ, хурӯсҷанг, тухмҷанг, вазнбардориву дигар бозиҳои миллӣ машғул гашта, айёми Наврӯзро паси сар менамоянд.
Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ нисбат ба дигар навоҳии кишвар Наврӯзро табиатан ҷашн мегиранд ва аз солҳои 80–90-ум, ки ҷашнгирии Наврӯз дар кишвар маҳдуд буд, дар ин ноҳияи дурдаст баргузор мегардидааст ва то имрӯз ҳамон урфу одатро риоя мекунанд.
Масалан, бозиҳои аз қабили туфакбозӣ, чилакбозӣ (барои ҷавонони 12–16 - сола), барак (давидан) - аз решаи буридан, ғолиб омадан, пирӯз шудан, сангбардорӣ (қайроқи лайси сангоб), якман - думанбозӣ (ҷаҳидани ҷавонон аз болои онҳое, ки қат шуда меистоданд), панҷакбозӣ, ӯсмакашӣ, сурудхонӣ майдону макону замону доварони худро имрӯзам мегузаронанд, ки дар дигар ноҳияҳо қариб, ки ба фаромӯшӣ расидаанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар рӯзҳои наврӯзӣ аз ҳама серкор дар ин ноҳия чун дигар манотиқи кишвар кадбонуҳо мебошанд. Чӣ тавр гузаштани тантанаҳои наврӯзӣ ба завқ, маҳорат, ҳавсалаи онҳо вобастагӣ дорад. Дастархонҳои дар ёлаҳо, марғзорҳо, сари чашмаҳо густурда моломоли анвои хӯрока-кашки шабдегӣ, қурутоб, суманак, ширбиринҷ, угро, тӯпа, умоч, имдон, палов, кулча, фатир, холзада, тунукча, фатирмаска, чапотӣ, худуркӣ, буррак, қаймоқи болои ҷурғот, қаймоқи сари шир, ҳалво, маска, плогун (навъи нон, ки аз шираи суманаку равғани зард ва шир тайёр мешавад) буда, доварон дар охир беҳтарин кадбонуи наврӯзиро интихобу маҳораташро қадрдонӣ мекунанд, ки ин анъанаи нек имрӯз ҳам дар деҳоти Кӯҳистони Мастчоҳ роиҷ аст.
Аз гуфти пирони рӯзгор бармеояд, ки аз қадимулайём макону мақоми занон дар Наврӯз махсусияти худро доштааст то ба имрӯз. Бонувон иштирокчиёни хеле фаъоли тантанаҳои наврӯзӣ буда, дар оростани дастархони идона, омода намудани таомҳои лазиз, нонҳои болаззати оташдонию тагиаловӣ шуҳратманданд. Онҳо баробари анҷоми ин корҳо, инчунин, ҳотаҳо, ҳавлиҳо, кӯчаҳоро ба хотири ин рӯзи саид поккорӣ намуда, ҷиҳози хонаю ҳавлиро шамол медиҳанд, шифту деворҳоро ҳамчун рамзи осоишию осудагӣ, хотирҷамъию дилбастагии бештар ба зиндагӣ сафед меороянд, орд мезананд, мерақсанду сурудхонӣ мекунанд, ба ҳамдигар то рӯзи оянда сиҳату саломатӣ ва сарбаландӣ орзу менамоянд. Кокулбофию ородиҳии духтарбачаҳо ҳам аз амалҳои неки наврӯзӣ арзёбӣ мегарданд.
ШАХИ САФЕД ВА БИБИМАРЯМ
Яке аз мавзеъҳои наврӯзии мардуми ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз қадимулайём домани Шахи Сафед аст, ки дар даромадгоҳи деҳа бо шукӯҳу салобати хосса қомат афрохта, ранги ширро дорад. Шахи Сафед ба баландии наздик 1000 метр қад кашида, аз қисми сахту ҳамвор таркиб дорад ва аз ин рӯ, фатҳи вай ба инсон даст намедиҳад ва дар танааш растанӣ низ намерӯяд. Ба қавли куҳансолон дар Шахи Сафед акси Бибимарям (Марями Муқаддас, модари Исо) тасвир ёфта, сафедии шах аз шарофати ӯ будааст. Мардуми маҳаллӣ дар иду айём, аз ҷумла Наврӯз, зиёрати Шахи Сафедро фаромӯш намекунанд. Ва ин мисраъҳо гувоҳи инанд:
Эй Шахи Сафед, ту яккаву танҳоӣ,
Аз мулки ҷаҳон ту аз ҳама зебоӣ.
Гар қасри Кремл одамон сохтаанд,
Ту сохта шудӣ аз қудрати Аллоҳӣ.
Дар қуллаи ту дастам расад бар осмон,
Эй Шахи Сафед, ту давлати Мастчоҳӣ
Чашму дили ман арӯси дунё гӯяд,
Ҳайкал шудам, Марям Абумӯсоӣ.
Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки як гурӯҳ олимони Маскав танҳо ба хотири санҷидани ин далел қисми афзуни катибаю тасвирҳои болои санги водии Зарафшонро пажӯҳида, тасвири Бибимарямро дар Шахи Сафед собит, арзёбӣ намуданд.
Абдуҷалили АМОН,
Кӯҳистони Мастчоҳ