Яқин аст, ки Наврӯз то пайдоиши дини Зардуштӣ ба миён омадааст. Дар замони давлатдории Бобулиён ва Ашӯриён, аллакай тақвими дақиқ мавҷуд буд. 4 ҳазор сол пеш мардуми Шарқ медонистанд, ки сол 12 моҳ ва 365 рӯзро ба таркиб дорад, мафҳуми соат, дақиқаву сонияро медонистанд. Моҳи аввали бобулиён, ки мо меросбари онҳоем, «Нисан» ном дошт. Ҳоло Рӯзи Ҳурмуз ё Рӯзи Худовандаш мегӯем, ки рӯзи варақ задани дафтари аъмоли инсонҳост. Ҳанӯз соли 773 пеш аз милод мубадони Бобул пешгӯӣ карда буданд, ки моҳ гирифта мешавад. Ин як навъ ибтидо ва ташаккулёбии донишҳои ситорашиносӣ буд.
Дар замони Куруши Кабир Наврӯз бисёр муҳташам таҷлил мешуд. Лашкари ҷовидони Куруш дар ин рӯз аз ду тараф саф мекашид, дирафшҳо барафрошта, аспу аробаҳо ороста ва намунаи зебои ҳунари ҳарбию анъанаи лашкардориро ба намоиш мегузоштанд…
Агар нигоҳ андозем ба ҳикмати Наврӯз он силсилаи донишро дар бар мегирад. Мардуми мо хеле барвақт ба ҳикмату ҳамбастагии Ҷаҳони кабир ва Ҷаҳони сағир расида буданд. Ҷаҳони кабир ин коинот ва Ҷаҳони сағир ин мо. Дарк мекарданд, ки ҷашнвора на танҳо дар Ҷаҳони кабир, балки дар Ҷаҳони сағир низ бояд ҷойгоҳ дошта бошад.
- Дар баробари тоҷикон имрӯз Наврӯзро сокинони кишварҳое ба мисли Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қирғизистону Қазоқистон… шоиста пешвоз мегиранд. Бо қарори СММ он ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт. Ин эътироф чӣ ифтихоротро ба мо, соҳибҷашнҳо, метавонад бидиҳад?
- Ин ифтихороти воқеан хеле баланд аст, ки доираи ҷашнро фаротар мекунад ва Наврӯзи моро ҷаҳонӣ. Фирдавсӣ мегӯяд:
Ҳама шохи ӯ пандаш хирад,
Касе, ки з-он хӯрад кай мурад?
Аслан аввал ҳикмат пайдо мешавад, баъд касе онро сабт мекунад. Ҳикматҳои Наврӯз ҳам ҳамин тавранд. Аз насл ба насл гузаштаанду баъдан масдудаҳою маҳдудаҳои марзию мулкиро бишкастанд, чаро ки ягона ҷашнест, ки ба сиёсат, сохти давлатдорӣ коре надорад. Мехоҳед намехоҳед ҳамон рӯз меояд.
Дар кӯҳистон вақти густурдани хони наврӯзӣ муҳим набуд, ки он ҷо чӣ гузошта мешавад. На ҳафт син буду на ҳафт шин. Он ҷо 7 коса бо 7 намуди ғизо мегузоштанд. Барои мо рақами 7 хеле муқаддас аст. 7 хони Рустаму 7 табақи осмон, 7 ситора. Аслан, олам дар 6 рӯз офарида шудааст, рӯзи 7 рӯзи фароғати Худо ва ҷашнҳост. Шамъ рӯи хон ба хотири эҳтироми рӯшноӣ гузошта мешавад. Дар дунё мавҷудоте нест, ки рӯшаниву гармиро дӯст надорад.
Ҳатто ҳамин анъанаи омодагӣ ба ҷашн як ҷаҳон дониш аст, ки аввал ба об медароед, сару тан мешӯед, либосҳои оҳарӣ мепӯшед, сухани нек мегӯед. Талқин мешуд, ки субҳ ҳатман ширинӣ бихӯред, ки аз даҳонатон ширинӣ барояд. Ба дӯстон дар шаби Наврӯз, хушбӯӣ – фириснофа – мушк мефиристоданд, ки маънии надоштани душманӣ бо ҳам буд. Барои бонувон дастанбӯй, мушк, ки туҳфаи хонаводагӣ маҳсуб меёфт, ҳадия медоданд. Ҳама чиро аз хона берун оварда, ба қавле офтобро ба ин васила ба хона ошно месохтанд.
Омодагӣ ба Наврӯз аз чиллаи калон шурӯъ мешавад. Вақте чилла мегузарад, панҷоҳи нишон оғоз мешавад. Оғози Сада оғози ҳамин панҷоҳи нишон аст. Ҳамаи ҳолатҳое, ки дар дунёи кабир ҳаст, ба олами сағир бастагӣ дорад. Кафи пой, буҷулак, мушак, зону, рон, вобастагии ҳар рӯз то Наврӯз бо ин қисматҳои аъзои инсон муайян шудааст. Вақте офтоб ба болои сар меояд, онро офтобсар мегӯянд. Вақте ба чашм мерасад, айёми гулафшонист, вақте ба дил, гармӣ меояд.
- Устод, дар хусуси анъанаҳои наврӯзӣ гуфтед, каме дар хусуси расму оинҳои аҷиби арзиши таърихиву фарҳангидоштаи он мегуфтед, ки аз куҷо сарчашма гирифтаанд?
- Наврӯз ҷашни дарки зебоӣ аст. Вақте Худованд ба Шумо нишон медиҳад, ки ана инро зебоӣ мегӯянд. Вақте ҳамаро ба як чашм мебинад ва як дастур медиҳад, ин маънавиёт аст. Ҷашни рушду камолу ободонист. Мегӯянд, ки як ниҳоле бишинон, сабз кун. Ва мегӯянд, ки дар ин рӯз ақаллан нақшаи хонаро каш. Рӯзе дорад дар ин миён, ки рӯзи интихоби арӯсон аст. Кӯшиш бояд кард, аз ҷамолаки духтарон шурӯъ карда, то мӯйсар паст кардану нохун гирифтан ба ҳикматаш бирасем, на 5–6 намуди ғизоро омода созему онро Наврӯз хонем. Дар ягон намуди матоъ ягон намуд хӯрок кашида намешавад, аммо рӯи он гулдӯзие мерезанд, ки мисли шеър аз он як ҷаҳон дониш мешавад гирифт. Аз 7 ранге, ки ҳаст, мардуми мо 70 ранг офаридаанд.
Замони пеш духтарон куртаҳои гиребондори сафед доштанд. Гиребон гулуро пинҳон мекард. Занҳои шавҳардор ин гуна пироҳанро ба бар намекарданд. Ин пироҳани исмат буд, ки нишони хонадор нашудани ҳамон духтар аст. Чӣ қадар ҳикмат дар як чиз ғунҷонда шудааст. Инро дар илм архитип мегӯянд, ки дар як ишорааш таърих маҳфуз аст. Ба ҳамин маънӣ Наврӯз ҷашни зоиш, ҷашни оғоз, ҷашни маънавиёт, ҷашни ҳикмат аст.
Дар Наврӯз мардуми кӯҳистон хӯрдани хӯрокҳои гӯштиро мамнуъ меҳисобиданд ва таваҷҷуҳ мешуд ба донагиҳо. Дар мардуми мо вобаста ба афзоишу кам шудани моҳ кореро анҷом медоданд. Масалан, моҳ ба афзоиш бошад, мӯйсари кӯдакро метарошиданд, моҳ ба коҳиш бошад, не. Ин дарки ҳамбастагии олами сағир бо кабир аст.
Суманак аз «ҳомо» аст, як ниҳоле, ки аз он шарбати масткунанда омода мекунанд, чун Ислом онро нагузошт, мардумон тарзи омода карданашро аз гандум омӯхтанд. Сабзаи гандум - видграсс як навъи нӯшокие, ки занҳои сарватманду зебои дунё ба хотири нигоҳ доштани ҷавонӣ онро истифода мекунанд.
Бояд Наврӯз парчами худро дошта бошад, ки ҳамон рӯз дар Тоҷикистон барафрошта шавад. Ман онро чӣ тавр тасаввур мекунам? Як матое, ки 7 ранг дорад, камони Рустам ва дар як паҳлуяш ситораҳои зарҳалие, бо рамзи Наврӯз, шояд он суманак ё чизи дигар, ки дирафш зардӯзӣ бишавад. Дар ин иртибот фармудаи Саъдӣ метавонад ба гунаи далел хидмат кунад: «Алами давлати Наврӯз ба саҳро бархост»
- Дар хусуси расму оинҳои ғалатие, ки зикрашро овардеду мутаассифона, имрӯз камтар истифода мешаванд, барои эҳё карданашон чӣ бояд кард?
- Ман дар хона хони наврӯзӣ мекушоям аз ширинӣ, санҷид, шарбати настаран, дӯлона, тамашк, шамъ. Барои кӯдакон ҳадияву ширинӣ меорам, ки эҳсос бикунанд ин рӯз Наврӯз аст. Ба ҳамсару сунҳорам мушку хушбӯиҳо, атриёт ҳадия мекунам. Онро бо роҳи маъмурӣ бар сари мардум бор карда намешавад. Дар Наврӯз ҳар табақаи мардум коре ба худ дорад. Ҳофиз ҷое мегӯяд: «Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ». Дар Наврӯз шоҳу гадо баробар буд. Як нафаре, ки умуман ба ҳукумат сару коре надошт, ҳамонро Мири Наврӯз интихоб мекарданд, ки танҳо 5 рӯз ҳукмронӣ мекард. Барои ӯ ҳама баробар бояд бошад, коре, ки гуфт, ҳама анҷом медод.
Кӯдакон бозиҳои худро доранд. Писаракон шурӯъ аз тоқишапак то ҳуйдаваку пойгаву гӯштӣ ба бозиҳои гуногун машғул мешаванд. Духтарҳо дар боғистонҳо суруд мехонанд, арғунчак мераванд. Аспонро ончунон оро медиҳанд, ки мисли арӯс мешаванд. Зин, қаптал, рикобу ёлу лаҷомҳоро бо асбобҳои нуқракӯбу заррин оро медоданд.
Вақте Наврӯзро ба таври бояду шояд ҷашн бигирем, ин намунаҳо ҳатман эҳё мешаванд. Човандозон дар ин рӯз мӯзаҳое барои мусобиқаҳо омода мекарданд, ки фақат омода карданаш 40 рӯз давом мекард. Мӯзаҳои кафтаргузар мепӯшиданд.
- Посухи шоистаи Шумо ба хурофотпарастоне, ки ба Наврӯз тобиши зиддидиниву зиддимазҳабӣ доданӣ мешаванд?
- Наврӯз ҷашни табиат аст, ки ба сиёсат, дин, мазҳабу андеша кор надорад. Ин ҷашни ахлоқ, зебоӣ, ҳикмат аст. Диндорон ба хотири маҳз ҳикматҳои саҳеҳаш намехоҳанд Наврӯз ҷашнвора бошад. Дар таркиби ин ҷашн ҳама чиз ҳаст. Худованд ҳам дорад, паёмовараш низ. Паёмовараш бо тамоми атрибутҳои мавҷуда худи Наврӯз аст.
Ростӣ, ин ҷашн дар кӯҳистон бештару зиндатар аз шаҳристонҳост. Дар аҳди Шӯравӣ Наврӯз дар ноҳияҳои Муъминобод, Кӯлоб, Ховалинг ва Балҷувон бо номи Дарвешона ҷашн гирифта мешуд. Мардуми Панҷакенту Кӯҳистони Мастчоҳ, Фалғар ин ҷашнро ҳамеша таҷлил мекарданд. Ман надидам, аммо мӯйсафедони Дарвоз мегӯянд, ки дар ин минтақа шабу рӯзи Наврӯз ситораи махсус ҳам пайдо мешудааст, ки онро Ситораи Наврӯз мегуфтаанд. Инро ман аз устод Муъмин Қаноат фаҳмидам.
Гулноза Аҳмадзода